Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони тоҷик, дар Ҷоми бози Аврупо оид ба ҷудо, ки рӯзҳои 2-3-юми феврал дар шаҳри Одивелаши Португалия баргузор шуд, ноком гардид. Ба иттилои вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар Ҷоми бози Аврупо дар Одивелаш 222 варзишгари мард аз 34 кишвар ширкат дошт.
Сомон Маҳмадбеков танҳо варзишгаре буд, ки Тоҷикистонро дар Ҷоми бози Аврупо намояндагӣ кард. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кило дар даври аввал озод буд. Дар даври дувум қувваозмоиро, ки 5 дақиқаю 14 сония идома кард, аз рӯи имтиёз ба Феликс Галуаеви русиягӣ бохт.
Дар вазни зери 73 кило аз ҳама бештар – 45 гуштигир – рақобат кард. Нилс Стумп (Швейтсария), ки дар финал бар Пйер Дупрат (Фаронса) ғолиб омад, мақоми аввалро касб намуд. Феликс Галуаев (Русия) ва Ҳаято Кога (Ҷопон) дар ҷойгоҳҳои севум қарор гирифтанд.
Ба ҷуз Нилс Стумп, дар шаш вазни дигар инҳо ғолиб шуданд: Катсума Йонемура (-60 кг, Ҷопон), Китиан Ле Блуч (-66 кг, Фаронса), Ҳикару Томокиё (-81 кг, Ҷопон), Лоик Пйетри (-90 кг, Фаронса), Кедрик Оливар (-100 кг, Фаронса), Казуя Сато (+100 кг, Ҷопон).
Дар ҳисоби дастаӣ мунтахаби Фаронса ба касби се медали тиило, се нуқра ва чор биринҷӣ мақоми аввалро соҳиб шуд. Ҷопон бо касби се медали тиило ва се биринҷӣ ҷойгоҳи дувум ва Швейтсария бо касби як медали тилло ҷойгоҳи севумро ишғол карданд.
Сомон Маҳмадбекови 20-сола, варзишгари тоҷики муқими Русия, ки дар шаҳри Иркутск зиндагӣ ва таҳсил мекунад, таҳти раҳбарии мураббиёнаш Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо тамрин менамояд. Ӯ ҳамеша дар мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад.
Ба иттилои Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо, Сомон Маҳмадбеков ҳамроҳи паҳлавонони дигари тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода, Хайёмиддин Ҷабборов (ҳарду дар вазни -73 кг), Акмал Муродов, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду дар вазни -81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг), Шакармамад Мирмамадов ва Темур Раҳимов (ҳарду дар вазни +100 кг) барои ба даст овардани роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 мубориза мебарад.
Ҳамакнун Сомон Маҳмадбеков ҳамроҳи Беҳрӯзи Хоҷазода, Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов ва Темур Раҳимов дар мусобиқаи пурнуфузи байналмилалии Paris Grand Slam 2019, ки рӯзҳои 9-10-уми феврал дар шаҳри Парижи Фаронса доир мегардад, ширкат хоҳад кард.
Сомон Маҳмадбеков алъон дар раддабандии ҷаҳонии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) дар вазни зери 73 кило дар миёни 502 варзишгари бузургсол бо 452 имтиёз дар мақоми 87-ум қарор дорад. Ӯ дар раддабандии олимпии инфиродии IJF дар вазни зери 73 кило дар миёни 267 варзишгар бо 226 имтиёз мақоми 43-юмро ишғол менамояд.