Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатар бо шикасти Ҷопон бори аввал қаҳрамони Осиё шуд


Дастаи мунтахаби футболи Қатар, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми Осиё тими Ҷопонро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард, барои аввалин бор ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

Бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 миёни тимҳои миллии Ҷопон ва Қатар шаби ҷумъаи 1-уми феврал дар шаҳри Абу-Даби, дар варзишгоҳи «Zayed Sports City Stadium» доир гардид. Мунтахаби Ҷопон қаҳрамони чоркаратаи Осиё (солҳои 1992, 2000, 2004, 2011) маҳсуб мешавад, вале мунтахаби Қатар барои аввалин бор ба финали Ҷоми Осиё роҳ пайдо карда буд.

Нимаи аввали дидор бо бартарии мунтахаби Қатар сурат гирифт. Ҳамлагари қатариҳо Алмоез Алӣ, беҳтарин нишонзани Ҷоми Осиё-2019 (ҳамагӣ 9 гол задааст), дар дақиқаи 12-ум бо голи зебое ҳисобро боз кард. Баъди 15 дақиқа голи дувуми қатариҳоро Абдулазиз Ҳатим бо зарбаи сахт берун аз ҷаримагоҳ ба самар расонид.

Нимаи дувуми дидор бо ҳуҷумҳои паиҳами футболбозони ҷопонӣ шуруъ шуд. Онҳо хеле фаъол буданд ва ба рақиб фишор меоварданд. Дар дақиқаи 69-ум ба Такуми Минамино муяссар шуд, ки тӯбро ба дарвозаи қатариҳо ворид намояд. Вале дар охири бозӣ бозигари ҷопонӣ дар ҷаримагоҳи худ бо даст бозӣ кард ва сардовари ин дидор Равшан Ирматови узбекистонӣ ҷаримаи 11-метрӣ таъйин кард. Тӯбро Акрам Ҳасан Афиф дар дақиқаи 83-юм аз пеналтӣ ба ҳадаф расонд.

Ба ин тартиб, мунтахаби Қатар, ки рақиби серунвонтаринашро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод, барои аввалин бор Ҷоми Осиёро ба даст овард. Зимнан, Қатар мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 мебошад.

Ҷоми Осиё-2019

Финал

1-уми феврал (ҷумъа)

Ҷопон – Қатар - 1:3 (0:2)

Голҳо: 0:1 – 12 Алӣ, 0:2 – 27 Ҳатим, 1:2 – 69 Минамино, 1:3 – 83, пеналтӣ Афиф.

Ҷопон: Гонда, Нагатомо, Сибасаки, Ҳарагучи (Муто, 62), Минамино (Инуи, 89), Осако, Томиясу, Сиотани (Ито, 84), Сакаи, Доан, Йосида.

Қатар: Саъд Ал-Шеб, Педру Корея, Абдулкарим Ҳасан, Тариқ Салмон, Абдулазиз Ҳатим, Ҳасан Ал-Ҳайдос (Карим Будиаф, 74), Акрам Ҳасан Афиф, Вассам Ал-Ровӣ, Буалем Хухӣ (Салим Ал-Ҳаҷрӣ, 61), Алмоез Алӣ (Аҳмад Ал-Аалдин, 90+6), Осим Умар Мадибо.

Огоҳӣ: Сибасаки (20), Йосида (82), Афиф (84), Сакаи (86), Педру Корея (90+3).

Сардовар: Равшан Ишматов (Узбекистон).

Абу-Даби, 1-уми феврал, варзишгоҳи «Zayed Sports City Stadium».

Ҷоми Осиё-2019 оид ба футбол аз 5-уми январ то 1-уми феврал дар чаҳор шаҳри Имороти Муттаҳидаи Араб – Абу-Даби, Ал-Айн, Дубай ва Шарҷа - доир гардид. Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқот 14,8 миллион долларро ташкил медод, ки ба таври зайл тақсим шуд:

5 миллион доллар - барои ғолиби мусобиқот - Қатар;

3 миллион доллар - барои финалист - Ҷопон;

1 миллион долларӣ - барои дастаҳое, ки дар нимфинал мағлуб шуданд: Эрон, Имороти Муттаҳидаи Араб.

Инчунин ба ҳамаи 24 дастаи мунтахаб, ки дар Ҷоми Осиё-2019 ширкат варзид, 240 000 долларӣ тақдим гардид.

Тимҳои миллии Кореяи Ҷанубӣ ва Эрон аз ҳама бештар -14-борӣ – дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё, ки барои бори 17-ум доир шуд, иштирок карданд. Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон, Филиппин ва Яман барои аввалин бор дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат варзиданд.

Вале аз минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо мунтахаби Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 роҳ пайдо накард. Зимнан, мунтахаби Тоҷикистон дар таърихи худ ягон бор дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат наварзидааст.

Мунтахаби Узбекистон бори ҳафтум, мунтахаби Туркманистон бори дувум ва мунтахаби Қирғизистон бори аввал дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё иштирок карданд.

Дар Ҷоми Осиё ҳамагӣ нӯҳ тими миллӣ ғолиб шудааст. Аз ҳама бештар – чор бор – Ҷопон барандаи Ҷоми Осиё гардидааст. Эрон ва Арабистони Саудӣ себорӣ, Кореяи Ҷанубӣ ду бор, Исроил, Кувайт, Ироқ, Австралия ва Қатар якборӣ ба унвони қаҳрамони Осиё мушарраф шудаанд.

Ҳамаи ғолибони Ҷоми Осиё:

1956 – Кореяи Ҷанубӣ

1960 – Кореяи Ҷанубӣ

1964 - Исроил

1968 – Эрон

1972 – Эрон

1976 - Эрон

1980 – Кувайт

1984 – Арабистони Саудӣ

1988 – Арабистони Саудӣ

1992 - Ҷопон

1996 – Арабистони Саудӣ

2000 - Ҷопон

2004 - Ҷопон

2007 - Ироқ

2011 - Ҷопон

2015 - Австралия

2019 - Қатар

Нишонзанҳои беҳтарини Ҷоми Осиё:

14 тӯб – Алӣ Даеӣ (Эрон)

10 тӯб – Ли Дон Гук (Кореяи Ҷанубӣ)

9 тӯб Наохиро Такахара (Ҷопон)

Алмоез Алӣ (Қатар)

8 тӯб – Ҷасим Ал-Ҳувайдӣ (Кувайт)

Юнус Маҳмуд (Ироқ)

XS
SM
MD
LG