Сомон Маҳмадбеков танҳо варзишгарест Тоҷикистонро дар Ҷоми бози Аврупо оид ба ҷудо, ки рӯзҳои 2-3-юми феврал дар шаҳри Одивеласи Португалия баргузор мешавад, намояндагӣ мекунад.
Ба иттилои вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар Ҷоми бози Аврупо дар Одивелас ширкати беш аз 230 варзишгар (мардону занон) аз 35 кишвар дар назар аст. Сомон Маҳмадбеков дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кило ширкат меварзад.
Ин варзишгари тоҷики муқими Русия, ки дар шаҳри Иркутск ба сар мебарад, таҳти раҳбарии мураббиёнаш Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо тамрин мекунад. Ӯ ҳамеша дар мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд.
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо ба Радиои Озодӣ гуфт, варзишгари ҷавону моҳир Сомон Маҳмадбеков ҳамроҳи паҳлавонони дигари тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода, Хайёмиддин Ҷабборов (ҳарду дар вазни -73 кг), Акмал Муродов, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду дар вазни -81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг), Шакармамад Мирмамадов ва Темур Раҳимов (ҳарду дар вазни +100 кг) барои ба даст овардани роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 мубориза мебарад.
Ӯ афзуд, Сомон Маҳмадбеков баъди ширкат дар Ҷоми бози Аврупо дар шаҳри Одивеласи Португалия, ҳамроҳи Беҳрӯзи Хоҷазода, Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов ва Темур Раҳимов дар мусобиқаи пурнуфузи байналмилалии Paris Grand Slam 2019, ки рӯзҳои 9-10-уми феврал дар шаҳри Парижи Фаронса доир мегардад, ширкат хоҳад кард.
Сомон Маҳмадбеков алъон дар раддабандии ҷаҳонии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) дар вазни зери 73 кило дар миёни 502 варзишгари бузургсол бо 452 имтиёз дар мақоми 87-ум қарор дорад. Ӯ дар раддабандии олимпии инфиродии IJF дар вазни зери 73 кило дар миёни 267 варзишгар бо 226 имтиёз мақоми 43-юмро ишғол менамояд.
Охирин мусобиқоти байналмилалӣ, ки Сомон Маҳмадбеков ширкат намудааст, Ҷоми Осиё оид ба ҷудо буд, ки ибтидои моҳи декабри соли гузашта дар Ҳонгконг баргузор шуд. Сомон дар вазни зери 73 кило, ки ҳамагӣ 27 гуштигир ширкат дошт, ба рақобат аз даври дуюм шуруъ карда, нахуст бар Эрчаогету Аму аз Чин пирӯз шуд.
Баъдан дар чорякфинал бар Кеисеи Накано аз Филиппин ғолиб омада, ба нимфинал баромад. Ӯ дар даври ниманиҳоӣ Чоиҷилсурен Ганболди муғулро мағлуб намуда, ба финал роҳ пайдо кард. Сомон дар қувваозмоии ниҳоӣ Даичи Танакаи ҷопониро шикаст дод ва барои ҷойи аввал бо медали тилло сарфароз гашт.
Тухфа ба Нури бахшида ба 25 солагии истикрори сулх.
Радиои Озоди, хамин мавзухои кухна чи лозим? Мардум Сталин кист намедонанд, шумо репрессияхои сталиниро мекобед. Шахсан барои ман хокимияти совети на бад аст на хуб. Ягон бадбини надорам ман. Ба гузашта салавот. Гузаштагои нохак катл шуда чояшон чаннату рузашон шод бод. Мо танхо дуо мекунем халос. Дигар хеч чиз аз дастамон намеояд. Падари бобоям ва падари бибиям хардуяшонро шабона аз хона бурда, беному нишон гум шудаанд. Лекин худоразматии бобоям як чевон дошт, даруни чевон як ситора ва сурати сталин буд. Хурд будам, пурсида будам: бобо ин портрет барои чи дар чевон аст, магар сталин падаратонро катл накардааст??? Русхо душмани мо не??? Бобоям гуфта буданд: падарамро русхо не, точикони бахилу бесаводу бехунар, бо тухмату дуруг зери панчара кардаанд. Агар рус душман мебуд, ин хамаи фарзандони манро як кадам ба донишгохои совети рох намедод. Ба гузашта салавод, чони бобо. Аз паи оянда шаву, аз буззу бехунару бесаводони кутохакл дуртар гард гуфта бадаанд.
Хукумат эьтимоди худро дар байни мардум тамоман аз даст додааст ва мехоханд барои нигох доштанти хукумати оилави аз тарсу шиканча истифода кунад. Офтобро костюми президент пушонидан гайриимкон хам
Ахсан ба Икболи Лохури! Бисёр мехохам дар мавзухои дигар хам шарххо бо истифода эчодиёти Мухаммадикболи Лохури бинависи ва дигарон аз он бахра баранд. Аз ОЗОДИ хам хохиш дорам дар бораи Мухаммадикболи Лохури барномаеро пешкаш намояд.
Коммунистони Кремл халқи тоҷикро 70-сол мағзшӯӣ карданд, ки дин бад аст, дин афюни халқ аст, дин фалон асту фалон аст, нурӣ дар як шаб хост ин халқи 70-соларо ба низоми исломӣ мутобиқ кунад, он ҳам бо зӯри силоҳ хок бар. Сангаку ғайри сангак, ки ба гуфтаи худашон “нону намаки коммунизм”-ро хӯрда буданд, ба хашм омаданд, онҳо ҳам бо силоҳ муқобилият карданд. Елтсину Каримов ба оташ равған рехтанд, КГБ-и коммунистӣ ҷангро мудирият кард, 300-ҳазор нафар, аз ҷумла занону кӯдакон кушта шуданд, садҳо ҳазор гуреза, шаҳру деҳот хунолӯд, 100-миллиард сомонӣ зарари моддӣ, иқтисод касоду мақомот фалаҷ, мотам андар мотам. Имрӯз ҳам кабирӣ мехоҳад низоми “исломӣ”-ро, ки решааш аз теҳрон об мехӯрад, ба сари халқи тоҷик таҳмил диҳад. Ин шабу рӯз бубинед, ки халқи эрон (низоми “исломӣ”) чӣ ҳолу аҳвол доранд?!