Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус - ғолиби “Ҷоми рушд”, Тоҷикистон - шашум


Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2019», ки аз 20–ум то 28-уми январ дар шаҳри Минск доир гардид, бо пирӯзии дастаи мизбон Беларус – ба поён расид.

Дар «Ҷоми рушд-2019» 12 дастаи мунтахаби наврасони зери 17-сола - Беларус, Белгия, Булғористон, Гурҷистон, Исландия, Исроил, Литва, Молдова, Словакия, Тоҷикистон, Украина ва Финляндия - иштирок карданд. Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футбол ва толори Созмони футболи Беларус дар Минск доир шуд.

Дар бозии ниҳоӣ, ки шаби душанбеи 28-уми январ барпо гардид, мунтахаби наврасони Беларус тими Исроилро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаро Литскевич дар дақиқаи 58-ум ба самар расонид. Мунтахаби наврасони Беларус бо “Ҷоми рушд” ва медалҳои тилло, тими Исроил бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.

Дастаи мунтахаби наврасони Словакия, ки барои ҷойи севум тими Гурҷистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гашт.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои ҷойи панҷум бо тими Исландия мубориза бурд. Ин бозӣ, ки 28-уми январ дар шаҳри Минск барпо гардид, бо ғалабаи исландиҳо бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт. Ба ду голи исландиҳо дар дақиқаҳои 51-ум ва 61-ум, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон Рустам Соиров дар дақиқаи 74-ум бо як гол посух дод. Ҳамин тариқ, тими Исландия ҷойи панҷум ва мунтахаби Тоҷикистон ҷойи шашумро соҳиб шуданд.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар «Ҷоми рушд-2019» ҳамагӣ панҷ бозӣ анҷом дод. Футболбозони навраси тоҷик дар марҳилаи гурӯҳӣ нахуст аз мунтахаби Беларус бо ҳисоби 0:5 мағлуб гардида, баъдан бозиро бо тими Белгия бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом доданд. Дар бозии севум бар ҳамсолони худ аз Финляндия бо ҳисоби 2:0 ғолиб омаданд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар плей-офф барои ҷойҳои 5-8-ум дастаи Булғористонро аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:3 мағлуб кард (замони асосӣ – 1:1). Футболбозони навраси тоҷик барои ҷойҳои 5-6-ум аз тими Исландия бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрданд.

Дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд”, ки аз соли 2005 баргузор мешавад, мунтахаби Русия аз ҳама бештар – панҷ бор (2008, 2010, 2014, 2015, 2017) – ғолиб гаштааст. Чор бор (2009, 2012, 2016, 2018) мунтахаби Украина, се бор (2006, 2007, 2019) мунтахаби Беларус, ду бор мунтахаби Белгия (2011, 2013), як бор (2005) тими Сербия ва Черногория “Ҷоми рушд”-ро ба даст овардаанд.

Ширкат дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2019» дар Минск барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қаҳрамонии ҷаҳон-2019 маҳсуб мешуд, ки аз 5-ум то 27-уми октябри имсол дар Перу доир мегардад.

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2019» дар Минск

Бозиҳои плей-офф

28-уми январ (душанбе)

Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум

Исландия – Тоҷикистон2:1

Бозӣ барои ҷойҳои 11-12-ум

Литва – Украина – 0:0 (силсилаи пеналтӣ – 1:3)

Бозӣ барои ҷойҳои 9-10-ум

Молдова – Финляндия – 0:2

Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум

Белгия – Булғористон – 10:0

Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум

Исландия – Тоҷикистон - 2:1

Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум

Гурҷистон – Словакия – 0:2

Финал

Беларус – Исроил – 1:0

Мавқеи дастаҳо дар “Ҷоми рушд-2019”:

  1. Беларус
  2. Исроил
  3. Словакия
  4. Гурҷистон
  5. Исландия
  6. Тоҷикистон
  7. Белгия
  8. Булғористон
  9. Финляндия
  10. Молдова
  11. Украина
  12. Литва

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG