Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии охирини мунтахаби Тоҷикистон дар "Ҷоми рушд" бо Исландия


Дастаи мунтахаби наврасони зери 17-солаи футболи Тоҷикистон, ки дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2019» бар тими Булғористон аз рӯи силсилаи пеналтӣ пирӯз шуд, ҳамакнун бо тими Исландия барои ҷойи панҷум талош мекунад.

Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Булғористону Тоҷикистон шоми шанбеи 26-уми январ дар шаҳри Мински Беларус доир гардид.

Замони асосии дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид. Ҳисобро Рустам Соиров, ҳамлагари мунтахаби наврасони Тоҷикистон, дар дақиқаи 64-ум боз кард. Баъди шаш дақиқа голи ҷавобиро бозигари мунтахаби Булғористон Крастев ба самар расонид.

Дастаи ғолибро силсилаи пеналтӣ маълум кард. Дарвозабон Муҳриддин Ҳасанов, ки ду тӯби аз пеналтӣ задаи бозигарони булғорро баргардонд, ба мунтахаби Тоҷикистон пирӯзӣ овард. Футболбозони навраси тоҷик аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:3 ғолиб омаданд.

Ҳамакнун мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар «Ҷоми рушд-2019» барои ҷойи панҷум бо тими Исландия мубориза мебарад. Ин бозӣ дар шаҳри Минск имрӯз, 28-уми январ, соати 12:00 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дастаи мизбон - Беларус – имрӯз дар бозии ниҳоӣ бо мунтахаби Исроил рақобат мекунад. Пеш аз финал бозӣ барои дарёфти медалҳои биринҷӣ миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Гурҷистон ва Словакия баргузор мешавад.

«Ширкат дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2019» дар Минск барои дастаи мо яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2019 маҳсуб мешавад, ки аз 5-ум то 27-уми октябри имсол дар Перу доир мегардад», - гуфт ба Радиои Озодӣ Зайниддин Раҳимов.

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2019» дар Минск

Бозиҳои плей-офф

26-уми январ (шанбе)

Бозиҳо барои ҷойҳои 5-8-ум

Булғористон – Тоҷикистон – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:4

Голҳо: Рустам Соиров, 64 (0:1). Крастев, 70 (1:1).

Булғористон: Георгиев, Пемперски, Статев (Боянов, 76), Сораков (Папазов, 58), Крастев, Сончев (Мавродиев, 67), Николов, Калинов (Пенелов, 76), Бучков, Бакалов, Христов.

Тоҷикистон: Муҳриддин Ҳасанов, Шаҳром Назаров, Шоҳрух Сангов, Ҷонибек Шарипов, Исроил Холов, Озодбек Панҷиев (Шуҳрат Элмуродов, 56), Ҳамадонӣ Камолов, Шарифбек Раҳматов, Эмомалӣ Аҳмадхон, Ислом Зоиров, Рустам Соиров.

26-уми январ. Минск. Манеж.

Белгия – Исландия – 2:4

Бозиҳо барои ҷойҳои 9-12-ум

Литва – Молдова – 0:3

Финляндия – Украина – 2:1

Нимфинал

Беларус – Гурҷистон – 3:0

Словакия – Исроил – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 4:5

28-уми январ (душанбе)

Бозӣ барои ҷойҳои 11-12-ум

Литва – Украина

Бозӣ барои ҷойҳои 9-10-ум

Молдова – Финляндия

Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум

Белгия – Булғористон

Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум

Исландия – Тоҷикистон

Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум

Гурҷистон – Словакия

Финал

Беларус – Исроил

XS
SM
MD
LG