Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғалабаи Тоҷикистон бар Финляндия дар "Ҷоми рушд"


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон, ки аз бозигарони зери 17-сола таркиб ёфтааст, дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2019» тими Финляндияро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Дар ин бозии даври севуми мусобиқа дар гурӯҳи “А”, ки шоми панҷшанбеи 24-уми январ дар шаҳри Мински Беларус доир гардид, голҳои Ислом Зоиров дар дақиқаи 2-юм ва Рустам Соиров дар дақиқаи 48-ум ба мунтахаби наврасони Тоҷикистон пирӯзӣ овард.

Рӯзи 24-уми январ дар бозии дигари гурӯҳи «А» дастаи мизбон – Беларус – мунтахаби Белгияро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард.

Аз ин пеш футболбозони навраси тоҷик аз тими Беларус бо ҳисоби 0:5 мағлуб гардида, бозиро бо мунтахаби Белгия бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дода буданд.

Ба ин тартиб, дар гурӯҳи «А» мунтахаби Беларус бо шаш имтиёз ғолиб шуд. Дастаҳои Белгия ва Тоҷикистон бо чоримтиёзӣ мутаносибан дар ҷойгоҳҳои дувуму севум қарор гирифтанд. Мунтахаби Финляндия бо се имтиёз дар зинаи охирин – чорум – ҷойгир шуд.

Ҳамакнун мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов барои ҷойҳои 5-8-ум мубориза мебарад. Рӯзи шанбеи 26-уми январ мунтахаби Тоҷикистон бо тими Булғористон рақобат мекунад. Дар мавриди пирӯзӣ дар ин дидор, футболбозони навраси тоҷик рӯзи душанбеи 28-уми январ барои ҷойҳои 5-6-ум бо ғолиби ҷуфти Белгия – Исландия бозӣ хоҳад кард.

«Ширкат дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2019» дар Минск барои дастаи мо яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2019 маҳсуб мешавад, ки аз 5-ум то 27-уми октябри имсол дар Перу доир мегардад», - гуфт ба Радиои Озодӣ Зайниддин Раҳимов.

Дар «Ҷоми рушд-2019» 12 дастаи мунтахаби наврасони зери 17-солаи Беларус, Белгия, Булғористон, Гурҷистон, Исландия, Исроил, Литва, Молдова, Словакия, Тоҷикистон, Украина ва Финляндия иштирок доранд.

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2019» дар Минск

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

Беларус – Тоҷикистон – 5:0

Голҳо: Шаҳром Назаров, 11 – ба дарвозаи худ (1:0). Адамчик, 29 (2:0). Плют, 35 (3:0). Шестюк, 56 (4:0). Шестюк, 73 (5:0).

Тоҷикистон: Муҳриддин Ҳасанов, Шаҳром Назаров, Шоҳрух Сангов, Ҷонибек Шарипов (Авазбек Зиёзода, 73), Исроил Холов, Озодбек Панҷиев (Меҳробҷон Азимов, 63), Азизбек Ҳасанов (Ҳамадонӣ Камолов, 41), Шуҳрат Элмуродов (Ислом Зоиров, 41), Шарифбек Раҳматов, Эмомалӣ Аҳмадхон (Парвиз Ҳоҷиев, 75), Суннатулло Исмоилов (Рустам Соиров, 41).

Огоҳӣ: Сидорин (Беларус), Шарифбек Раҳматов, Шоҳрух Сангов, Ҷонибек Шарипов, Эмомалӣ Аҳмадхон, Рустам Соиров (Тоҷикистон).

Белгия – Финляндия – 1:0

Даври 2-юм

Белгия – Тоҷикистон – 1:1

Голҳо: Ислом Зоиров, 13 (0:1). Михез, 51 (1:1).

Тоҷикистон: Муҳриддин Ҳасанов, Шаҳром Назаров, Ҷонибек Шарипов (Асадбек Зиёзода, 80+1), Исроил Холов, Озодбек Панҷиев, Ҳамадонӣ Камолов, Шарифбек Раҳматов (Шуҳрат Элмуродов, 75), Эмомалӣ Аҳмадхон, Ислом Зоиров (Азизбек Ҳасанов, 64), Рустам Соиров (Парвиз Ҳоҷиев, 75), Шоҳрух Сангов (Меҳробҷон Азимов, 80+1).

Аз майдон хориҷ шуд: Ҳамадонӣ Камолов (Тоҷикистон), 45 – корти 2-юми зард

Финляндия – Беларус – 1:0

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Финляндия – 2:0

Голҳо: Ислом Зоиров, 2 (1:0). Рустам Соиров, 48 (2:0).

Тоҷикистон: Муҳриддин Ҳасанов, Шаҳром Назаров, Шоҳрух Сангов, Ҷонибек Шарипов (Парвиз Ҳоҷиев, 72), Исроил Холов (Асадбек Зиёзода, 77), Озодбек Панҷиев (Суннатулло Исмоилов, 80+1), Азизбек Ҳасанов (Меҳробҷон Азимов, 72), Шарифбек Раҳматов, Эмомалӣ Аҳмадхон, Ислом Зоиров, Рустам Соиров.

Беларус – Белгия – 3:1

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Беларус

3

2

0

1

8-2

6

2

Белгия

3

1

1

1

3-4

4

3

Тоҷикистон

3

1

1

1

3-6

4

4

Финляндия

3

1

0

2

1-3

3

Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

Исроил – Молдова – 1:2

Исландия – Гурҷистон – 0:3

Даври 2-юм

Исландия – Молдова – 1:0

Гурҷистон – Исроил – 0:2

Даври 3-юм

Молдова – Гурҷистон – 0:2

Исроил – Исландия – 1:1

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Гурҷистон

3

2

0

1

5-2

6

2

Исроил

3

1

1

1

4-3

4

3

Исландия

3

1

1

1

2-4

4

4

Молдова

3

1

0

2

2-4

3

Гурӯҳи «С»

Даври 1-ум

Словакия – Литва – 2:0

Булғористон – Украина – 1:0

Даври 2-юм

Булғористон – Литва – 1:1

Украина – Словакия – 0:2

Даври 3-юм

Литва – Украина – 1:1

Словакия – Булғористон – 4:0

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Словакия

3

3

0

0

8-0

9

2

Булғористон

3

1

1

1

2-5

4

3

Литва

3

0

2

1

2-4

2

4

Украина

3

0

1

2

1-4

1

Бозиҳои плей-офф

26-уми январ (шанбе)

Бозиҳо барои ҷойҳои 9-12-ум

12:00 – Литва – Молдова

14:05 – Финляндия – Украина

Бозиҳо барои ҷойҳои 5-8-ум

16:10 – Белгия – Исландия

18:15 – Булғористон – Тоҷикистон

Нимфинал

20:20 – Беларус – Гурҷистон

22:25 – Словакия – Исроил

28-уми январ (душанбе)

12:00 – Бозиҳо барои ҷойҳои 11-12-ум

14:10 – Бозиҳо барои ҷойҳои 9-10-ум

12:00 – Бозиҳо барои ҷойҳои 7-8-ум

14:10 – Бозиҳо барои ҷойҳои 5-6-ум

16:20 – Бозиҳо барои ҷойҳои 3-4-ум

18:40 – Финал

20:30 – Маросими пӯшидашавии мусобиқа

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG