Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Ҷанубӣ ва Қатар дар чорякфинали Ҷоми Осиё-2019


Рӯзи 22-юми январ ду бозии охирини даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2019 оид ба футбол, ки дар Имороти Муттаҳидаи Араб ҷараён дорад, баргузор шуд.

Аввал дастаҳои мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ ва Баҳрайн дар шаҳри Дубай, дар варзишгоҳи “Rashid Stadium”, рақобат карданд. Бозии ҳаштякниҳоӣ бо пирӯзии кореягиҳо бо ҳисоби 2:1 ба анҷом расид. Ҳисобро бозигари мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ Ҳванг Ҳи-Чанг дар дақиқаи 43-юм боз кард.

Голи ҷавобиро Муҳаммад Ал-Ромайҳӣ дар дақиқаи 77-ум зад. Замони асосӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Голи дувум ва ҳалкунандаи кореягиҳоро Ким Ҷин-Су дар замони изофа, дар дақиқаи 107-ум, ба самар расонид. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ ба чорякфинал баромад.

Баъдан бозии охирини ҳаштякниҳоӣ миёни тимҳои миллии Қатар ва Ироқ дар шаҳри Абу-Даби, дар варзишгоҳи “Al Nahyan Stadium” барпо гардид. Голи дар дақиқаи 62-ум задаи Бассам Ал-Ровӣ тақдири бозиро ба нафъи қатариҳо бо ҳисоби 1:0 ҳал кард. Мунтахаби Қатар ба ҳаққи ширкат дар даври чорякниҳоӣ мушарраф шуд.

Ба ин тартиб, ҳамаи ҳашт дастаи ширкаткунандаи даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2019 маълум шуданд. Дастаҳои мунтахаби Ветнам, Чин, Эрон, Ҷопон, Австралия, Имороти Муттаҳидаи Араб, Кореяи Ҷанубӣ ва Қатар ба даври чорякниҳоӣ роҳ пайдо карданд.

Вале тимҳои миллии Урдун, Тайланд, Умон, Арабистони Саудӣ, Узбекистон, Қирғизистон, Баҳрайн ва Ироқ, ки дар чорякфинал шикаст хӯрданд, аз ҳаққи идомаи мубориза барои дарёфти Ҷоми Осиё маҳрум шуданд.

Ҳамакнун дар чорякфинал 24-уми январ Ветнам бо Ҷопон, Чин бо Эрон, 25-уми январ Кореяи Ҷанубӣ бо Қатар ва Имороти Муттаҳидаи Араб бо Австралия рақобат мекунанд. Ҷоми Осиё-2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб то рӯзи 1-уми феврал идома хоҳад кард.

Ҷоми Осиё-2019

1/8 финал. 20-уми январ (якшанбе)

Урдун – Ветнам – 1:1 (2:4, силсилаи пеналтӣ)

Тайланд – Чин – 1:2

Эрон – Умон – 2:0

1/8 финал. 21-уми январ (душанбе)

Ҷопон – Арабистони Саудӣ – 1:0

Австралия – Узбекистон – 0:0 (4:2, силсилаи пеналтӣ)

Иморот – Қирғизистон - 3:2 (дар замони изофа)

1/8 финал. 22-юми январ (сешанбе)

Кореяи Ҷанубӣ – Баҳрайн – 2:1

Қатар – Ироқ – 1:0

1/4 финал. 24-уми январ (панҷшанбе)

18:00 Ветнам - Ҷопон

21:00 Чин – Эрон

1/4 финал. 25-уми январ (ҷумъа)

18:00 Кореяи Ҷанубӣ – Қатар

21:00 Иморот – Австралия

Нимфинал. 28-уми январ (душанбе)

19:00 Ғолиби чорякфинали 1 – Ғолиби чорякфинали 2

Нимфинал. 29-уми январ (сешанбе)

19:00 Ғолиби чорякфинали 3 – Ғолиби чорякфинали 4

Финал. 1-уми феврал (ҷумъа)

19:00 Ғолиби нимфинали 1 – Ғолиби нимфинали 2

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе

XS
SM
MD
LG