Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо Белгия дар Минск


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон, ки аз бозигарони зери 17-сола таркиб ёфтааст, дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2019» дар Минск бозиро бо тими Белгия бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод.

Дар ин бозии даври дувуми мусобиқа дар гурӯҳи “А” Ислом Зоиров, бозигари мунтахаби Тоҷикистон, дар дақиқаи 13-ум ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро Михез дар дақиқаи 51-ум зад.

Бояд гуфт, ки дар ин дидор бозигари мунтахаби Тоҷикистон Ҳамадонӣ Камолов, ки дар дақиқаи 45-ум корти дувуми зард гирифт, аз майдон хориҷ шуд. Ҳамакнун ӯ дар бозии оянда муқобили дастаи мунтахаби Финляндия, ки 24-уми январ доир мегардад, ширкат намеварзад.

Ёдовар мешавем, футболбозони навраси тоҷик дар даври аввал аз тими мизбон –Беларус – бо ҳисоби бузурги 0:5 шикаст хӯрда буд.

Дар «Ҷоми рушд-2019» 12 дастаи мунтахаби наврасони зери 17-солаи Беларус, Белгия, Булғористон, Гурҷистон, Исландия, Исроил, Литва, Молдова, Словакия, Тоҷикистон, Украина ва Финляндия иштирок доранд.

Бар асоси қуръакашӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Беларус, Белгия ва Финляндия ба гурӯҳи «А» ворид шудааст. Ба гурӯҳи «В» дастаҳои мунтахаби Исландия, Исроил, Молдова ва Гурҷистон, ба гурӯҳи «С» тимҳои Украина, Словакия, Булғористон ва Литва дохиланд.

Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футбол ва толори Созмони футболи Беларус дар Минск доир шудааст. Дар ин мусобиқа, ки аз соли 2005 баргузор мешавад, мунтахаби Русия аз ҳама бештар – панҷ бор (2008, 2010, 2014, 2015, 2017) – ғолиб гаштааст. Чор бор (2009, 2012, 2016 и 2018) мунтахаби Украина, дуборӣ мунтахаби Беларус (2006, 2007) ва Белгия (2011, 2013), инчунин соли 2005 тими Сербия ва Черногория муваффақ шудаанд.

«Ширкат дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2019» дар Минск барои дастаи мо яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2019 маҳсуб мешавад, ки аз 5-ум то 27-уми октябри имсол дар Перу доир мегардад», - гуфт ба Радиои Озодӣ Зайниддин Раҳимов, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17).

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни наврасон ҳамагӣ 24 даста ширкат меварзад. Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон рӯзи 14-уми май тавассути қуръакашӣ, ки дар Театри миллии Перу доир мегардад, маълум мешаванд.

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2019» дар Минск

Гурӯҳи «А»: Беларус, Финляндия, Тоҷикистон, Белгия.

Гурӯҳи «В»: Исландия, Исроил, Молдова, Гурҷистон.

Гурӯҳи «С»: Украина, Словакия, Булғористон, Литва.

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

Беларус Тоҷикистон – 5:0

Голҳо: Шаҳром Назаров, 11 – ба дарвозаи худ (1:0). Адамчик, 29 (2:0). Плют, 35 (3:0). Шестюк, 56 (4:0). Шестюк, 73 (5:0).

Беларус: Сидорин, Макаренко, Шалашников (Якушевич, 73), Сичёв (Киркитский, 65), Ломако (Никипоренок, 41), Ковалевич (Ровдо, 51), Плют (Шестюк, 41), Адамчик, Лисакович (Литскевич, 65), Забелин (Ложкин, 51), Жук.

Тоҷикистон: Муҳриддин Ҳасанов, Шаҳром Назаров, Шоҳрух Сангов, Ҷонибек Шарипов (Авазбек Зиёзода, 73), Исроил Холов, Озодбек Панҷиев (Меҳробҷон Азимов, 63), Азизбек Ҳасанов (Ҳамадонӣ Камолов, 41), Шуҳрат Элмуродов (Ислом Зоиров, 41), Шарифбек Раҳматов, Эмомалӣ Аҳмадхон (Парвиз Ҳоҷиев, 75), Суннатулло Исмоилов (Рустам Соиров, 41).

Огоҳӣ: Сидорин (Беларус), Шарифбек Раҳматов, Шоҳрух Сангов, Ҷонибек Шарипов, Эмомалӣ Аҳмадхон, Рустам Соиров (Тоҷикистон).

Белгия – Финляндия – 1:0

Даври 2-юм

Белгия – Тоҷикистон – 1:1

Голҳо: Ислом Зоиров, 13 (0:1). Михез, 51 (1:1).

Белгия: Ван Ри, Бора Дейонг (Сонгуи, 67), Де Грав (Афкир, 41), Дюмон, Гирардинс (Дэвис, 41), Юст, Итамба Мбойо (Ф.Феррара, 41), Маус (Равич, 41), Мене (Ван ден Эйден, 41), Михез, Сике.

Тоҷикистон: Муҳриддин Ҳасанов, Шаҳром Назаров, Ҷонибек Шарипов (Асадбек Зиёзода, 80+1), Исроил Холов, Озодбек Панҷиев, Ҳамадонӣ Камолов, Шарифбек Раҳматов (Шуҳрат Элмуродов, 75), Эмомалӣ Аҳмадхон, Ислом Зоиров (Азизбек Ҳасанов, 64), Рустам Соиров (Парвиз Ҳоҷиев, 75), Шоҳрух Сангов (Меҳробҷон Азимов, 80+1).

Аз майдон хориҷ шуд: Ҳамадонӣ Камолов (Тоҷикистон), 45 – корти 2-юми зард

Финляндия – Беларус – 1:0

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Белгия

2

1

1

0

2-1

4

2

Финляндия

2

1

0

1

1-1

3

3

Беларус

2

1

0

1

5-1

3

4

Тоҷикистон

2

0

1

1

1-6

1

Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

Исроил – Молдова – 1:2

Исландия – Гурҷистон – 0:3

Даври 2-юм

Исландия – Молдова – 1:0

Гурҷистон – Исроил – 0:2

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Исроил

2

1

0

1

3-2

3

2

Гурҷистон

2

1

0

1

3-2

3

3

Молдова

2

1

0

1

2-2

3

4

Исландия

2

1

0

1

1-3

3

Гурӯҳи «С»

Даври 1-ум

Словакия – Литва – 2:0

Булғористон – Украина – 1:0

Даври 2-юм

Булғористон – Литва – 1:1

Украина – Словакия – 0:2

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Словакия

2

2

0

0

4-0

6

2

Булғористон

2

1

1

0

2-1

4

3

Литва

2

0

1

1

1-3

1

4

Украина

2

0

0

2

0-3

0

Тақвими бозиҳои боқимондаи мусобиқа

Даври 3-юм

24-уми январ (панҷшанбе)

10:00 – Литва – Украина

12:05 – Словакия – Булғористон

14:10 – Молдова – Гурҷистон

16:15 – ТОҶИКИСТОН – Финляндия

18:20 – Беларус – Белгия

20:25 – Исроил – Исландия

Бозиҳои плей-офф

26-уми январ (шанбе)

10:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум

12:05 – Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум

14:10 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум

16:15 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум

18:20 – Нимфинал

20:25 – Нимфинал

Бозиҳои ҳалкунанда

28-уми январ (душанбе)

10:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 11-12-ум

12:10 – Бозӣ барои ҷойҳои 9-10-ум

10:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум

12:10 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум

14:20 – Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум

16:40 – Финал

18:30 – Маросими пӯшидашавии мусобиқа

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Минск

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG