Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон(U-23) дар мусобиқаи байналмилалии "Чор миллат" дар шаҳри Доҳаи Қатар ғолиб шуд. Дар ин мусобиқа, ки аз 15-ум то 21-уми январ дар Доҳа барпо гардид, дастаҳои мунтахаби олимпии чор кишвар – Қатар, Кувайт, Тоҷикистон ва Эрон – ширкат доштанд.
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар даври севуми мусобиқа аз тими Кувайт бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Дар ин бозӣ, ки 21-уми январ дар варзишгоҳи «Гранд Ҳамад» доир гардид, голи ягонаро ҳамлагар Абдул Муҳсин Ал-Аҷмӣ дар дақиқаи 25-ум ба самар расонид. Дар бозии дигари даври севум мунтахаби Эрон тими Қатарро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.
Ёдовар мешавем, мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар даври аввали мусобиқа бар тими Эрон бо ҳисоби 2:1 ва бар мунтахаби Қатар бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада буд.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии се даври мусобиқа тимҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Эрон шашимтиёзӣ ба даст оварданд. Бо дарназардошти натиҷаи бозӣ миёни ҳарду мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойгоҳи аввал қарор гирифт. Эрон дувум шуд. Дастаҳои Қатар ва Кувайт бо сеимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои севуму чорумро касб намуданд.
Мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев, сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон, аз бозии даста дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Доҳа изҳори қаноатмандӣ карда, гуфтааст, "дастаи мо дар ин мусобиқа таҷоруби хуби байналмилалӣ касб намуд. Мо аз ҷиҳати тактикӣ баъзе чизҳоро омӯхтем, вале ҳанӯз камбудиҳо ҳастанд ва бачаҳо кӯшиш мекунанд, ки онҳоро бартараф намоянд. Ман фикр мекунам, ки дар даста ҳама корҳо хуб мешавад".
Ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қатар барои мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) яке аз давраҳои омодагии даста ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 22-юм то 26-уми март дар Тошканд барпо мегардад. Футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (22-юми март), Покистон (24-уми март) ва Узбекистон (26-уми март) рақобат мекунанд.
Мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат” дар Доҳаи Қатар
Даври 1-ум
Эрон – Тоҷикистон – 1:2
Голҳо: Воҳид Номдорӣ, 4 (1:0). Эҳсони Панҷшанбе, 39 (1:1). Шериддин Бобоев, 50 (1:2).
Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Алишер Баротов, Табрези Давлатмир, Манучеҳр Сафаров, Зоир Ҷӯрабоев, Кароматулло Саидов, Шарафҷон Солеҳов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Далер Ёдгоров, Эҳсони Панҷшанбе (Амирҷон Сафаров, 87), Шериддин Бобоев.
Сардовар: Абду Ал-Ҳодӣ Ал-Роял (Қатар).
15-уми январ. Доҳа. Майдони Академияи «Aspire». 100 тамошобин.
Қатар – Кувайт – 3:1
Даври 2-юм
Қатар – Тоҷикистон – 0:1
Гол: Шарафҷон Солеҳов, 37.
Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Алишер Баротов, Табрези Давлатмир, Манучеҳр Сафаров, Зоир Ҷӯрабоев, Кароматулло Саидов, Муҳаммадҷон Раҳимов (Шервонӣ Мабатшоев, 86), Шарафҷон Солеҳов, Далер Ёдгоров, Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев.
Аз майдони хориҷ шуданд: Эҳсони Панҷшанбе (Тоҷикистон), 61 – ахлоқи ғайриварзишӣ, Илёс Аҳмад Алӣ (Қатар), 80 – барои истифодаи нерӯи беандоза муқобили рақиб.
Сардовар: Найиф Ал-Қодирӣ (Қатар).
18-уми январ. Доҳа. Майдони Академияи «Aspire». 100 тамошобин.
Эрон – Кувайт – 5:0
Даври 3-юм
Тоҷикистон – Кувайт – 0:1
Гол: Абдул Муҳсин Ал-Аҷмӣ, 25.
Тоҷикистон: Рустам Ятимов (Шоҳрух Қирғизбоев, 46), Алишер Баротов (Доробҷон Эргашев, 77), Табрези Давлатмир, Манучеҳр Сафаров (Ваҳдат Ҳанонов, 77), Зоир Ҷӯрабоев (Ҳусейн Нурматов, 46), Кароматулло Саидов, Муҳаммадҷон Раҳимов (Шервонӣ Мабатшоев, 60), Далер Ёдгоров, Шарафҷон Солеҳов, Амирҷон Сафаров (Саидмухтор Азимов, 68), Шериддин Бобоев.
Сардовар: Муҳаммад Ал-Шамарӣ (Қатар).
21-уми январ. Доҳа. Варзишгоҳи «Гранд Ҳамад». 50 тамошобин.
Қатар – Эрон – 1:2
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Тоҷикистон |
3 |
2 |
0 |
1 |
3-2 |
6 |
2 |
Эрон |
3 |
2 |
0 |
1 |
8-3 |
6 |
3 |
Қатар |
3 |
1 |
0 |
2 |
4-4 |
3 |
4 |
Кувайт |
3 |
1 |
0 |
2 |
2-8 |
3 |