Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кремл: музокироти ҷазираҳои Курил бо Ҷопон ба мушкил рӯ ба рӯ шуд


Юрий Ушаков

Кремл мегӯяд, ки музокироти ҷазираҳои Курил бо Ҷопон ба мушкил рӯ ба рӯ шуд. Ба гуфтаи ёвари президенти Русия Юрий Ушаков, изҳороти сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ ба раванди музокирот таъсир гузошт. Дар ин бора хабаргузории "РИА Новости" бо истинод ба телевизиони "Россия" иттилоъ дод.

Абэ ибтидои моҳи январ гуфт, ки Ҷопон Курилро мехоҳад ва розӣ аст, ки сокинони руси ҷазира баъди пайвастани он ба ҳудуди Ҷопон низ дар онҷо зиндагӣ кунанд.

Ҷопон эътироф намекунад, ки ҷазираҳои Итируп, Шикотан, Кунашир ва Хабомай ба Русия тааллуқ доранд.

Ин ҷазираҳоро СССР дар давраи Ҷанги ҷаҳонии дувум ишғол карда буд. Русия ва Ҷопон ба далели баҳсбарангез будани мақоми онҳо то ҳол созишномаи сулҳ имзо накардаанд. Пас аз мулоқоти Абэ бо президенти Русия Владимир Путин дар моҳи ноябри соли гузашта маълум шуд, ки Ҷопон омодааст, ба эъломияи соли 1956 дар бораи ҷазираҳо баргардад.

Дар он эъломия СССР розӣ шуда буд, ки пас аз имзои созишномаи сулҳ ҷазираҳои Хабомай ва Шикотанро ба Ҷопон баргардонад. Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, имзои созишномаи сулҳ маънои додани ҷазираҳо ба Ҷопонро надорад.

Гуфтугӯҳои эҳтимолӣ дар бораи мақоми ҷазираҳо боиси интиқоди шадиди Путин аз ҷониби ҷабҳаҳои гуногуни сиёсӣ шуд.

Дар Москва ва шаҳрҳои дигари Русия рӯзи 20 январ сокинон зидди додани ҷазираҳо ба Ҷопон тазоҳурот карданд. Дар эътирозҳо фаъолони ҳаракатҳои чапгарову ростгаро иштирок доштанд. Иштирокдорон ҳукумати Русия ва Путинро танқид карданд.

XS
SM
MD
LG