Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон, ки аз бозигарони зери 17-сола таркиб ёфтааст, дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2019» дар Минск аз тими мизбон – мунтахаби Беларус – бо ҳисоби бузурги 0:5 шикаст хӯрд.
Дар ин бозии даври аввали мусобиқа дар гурӯҳи “А” Шестюк ду гол, Адамчик ва Плют якголӣ заданд. Як голи дигарро Шаҳром Назаров ба дарвозаи дастааш ворид кард.
Дар «Ҷоми рушд-2019» 12 дастаи мунтахаби наврасони зери 17-солаи Беларус, Белгия, Булғористон, Гурҷистон, Исландия, Исроил, Литва, Молдова, Словакия, Тоҷикистон, Украина ва Финляндия иштирок доранд.
Бар асоси қуръакашӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Беларус, Белгия ва Финляндия ба гурӯҳи «А» ворид шудааст. Ба гурӯҳи «В» дастаҳои мунтахаби Исландия, Исроил, Молдова ва Гурҷистон, ба гурӯҳи «С» тимҳои Украина, Словакия, Булғористон ва Литва дохиланд.
Дар даври дувуми мусобиқа, ки рӯзи сешанбеи 22-юми январ доир мегардад, мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо тими Белгия рақобат мекунад. Белгиягиҳо дар даври аввал тими Финляндияро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карданд.
Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футбол ва толори Созмони футболи Беларус дар Минск доир шудааст. Дар ин мусобиқа, ки аз соли 2005 баргузор мешавад, мунтахаби Русия аз ҳама бештар – панҷ бор (2008, 2010, 2014, 2015, 2017) – ғолиб гаштааст. Чор бор (2009, 2012, 2016 и 2018) мунтахаби Украина, дуборӣ мунтахаби Беларус (2006, 2007) ва Белгия (2011, 2013), инчунин соли 2005 тими Сербия ва Черногория муваффақ шудаанд.
«Ширкат дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2019» дар Минск барои дастаи мо яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2019 маҳсуб мешавад, ки аз 5-ум то 27-уми октябри имсол дар Перу доир мегардад», - гуфт ба Радиои Озодӣ Зайниддин Раҳимов, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17).
Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни наврасон ҳамагӣ 24 даста ширкат меварзад. Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон рӯзи 14-уми май тавассути қуръакашӣ, ки дар Театри миллии Перу доир мегардад, маълум мешаванд.
Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2019» дар Минск
Гурӯҳи «А»: Беларус, Финляндия, Тоҷикистон, Белгия.
Гурӯҳи «В»: Исландия, Исроил, Молдова, Гурҷистон.
Гурӯҳи «С»: Украина, Словакия, Булғористон, Литва.
Гурӯҳи «А». Даври 1-ум
Беларус – Тоҷикистон – 5:0
Голҳо: Шаҳром Назаров, 11 – ба дарвозаи худ (1:0). Адамчик, 29 (2:0). Плют, 35 (3:0). Шестюк, 56 (4:0). Шестюк, 73 (5:0).
Беларус: Сидорин, Макаренко, Шалашников (Якушевич, 73), Сичёв (Киркитский, 65), Ломако (Никипоренок, 41), Ковалевич (Ровдо, 51), Плют (Шестюк, 41), Адамчик, Лисакович (Литскевич, 65), Забелин (Ложкин, 51), Жук.
Тоҷикистон: Муҳриддин Ҳасанов, Шаҳром Назаров, Шоҳрух Сангов, Ҷонибек Шарипов (Авазбек Зиёзода, 73), Исроил Холов, Озодбек Панҷиев (Меҳробҷон Азимов, 63), Азизбек Ҳасанов (Ҳамадонӣ Камолов, 41), Шуҳрат Элмуродов (Ислом Зоиров, 41), Шарифбек Раҳматов, Эмомалӣ Аҳмадхон (Парвиз Ҳоҷиев, 75), Суннатулло Исмоилов (Рустам Соиров, 41).
Огоҳӣ: Сидорин (Беларус), Шарифбек Раҳматов, Шоҳрух Сангов, Ҷонибек Шарипов, Эмомалӣ Аҳмадхон, Рустам Соиров (Тоҷикистон).
Белгия – Финляндия – 1:0
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Беларус |
1 |
1 |
0 |
0 |
5-0 |
3 |
2 |
Белгия |
1 |
1 |
0 |
0 |
1-0 |
3 |
3 |
Финляндия |
1 |
0 |
0 |
1 |
0-1 |
0 |
4 |
Тоҷикистон |
1 |
0 |
0 |
1 |
0-5 |
0 |
Гурӯҳи «В». Даври 1-ум
Исроил – Молдова – 1:2
Исландия – Гурҷистон – 0:3
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Гурҷистон |
1 |
1 |
0 |
0 |
3-0 |
3 |
2 |
Молдова |
1 |
1 |
0 |
0 |
2-1 |
3 |
3 |
Исроил |
1 |
0 |
0 |
1 |
1-2 |
0 |
4 |
Исландия |
1 |
0 |
0 |
1 |
0-3 |
0 |
Гурӯҳи «С». Даври 1-ум
Словакия – Литва – 2:0
Булғористон – Украина – 1:0
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Словакия |
1 |
1 |
0 |
0 |
2-0 |
3 |
2 |
Булғористон |
1 |
1 |
0 |
0 |
1-0 |
3 |
3 |
Украина |
1 |
0 |
0 |
1 |
0-1 |
0 |
4 |
Литва |
1 |
0 |
0 |
1 |
0-2 |
0 |
Тақвими бозиҳои боқимондаи мусобиқа
Даври 2-юм
22-юми январ (сешанбе)
10:00 – Булғористон – Литва
12:05 – Украина – Словакия
14:10 – Исландия – Молдова
16:15 – Белгия – ТОҶИКИСТОН
18:20 – Финляндия – Беларус
20:25 – Гурҷистон – Исроил
Даври 3-юм
24-уми январ (панҷшанбе)
10:00 – Литва – Украина
12:05 – Словакия – Булғористон
14:10 – Молдова – Гурҷистон
16:15 – ТОҶИКИСТОН – Финляндия
18:20 – Беларус – Белгия
20:25 – Исроил – Исландия
Бозиҳои плей-офф
26-уми январ (шанбе)
10:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум
12:05 – Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум
14:10 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум
16:15 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум
18:20 – Нимфинал
20:25 – Нимфинал
Бозиҳои ҳалкунанда
28-уми январ (душанбе)
10:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 11-12-ум
12:10 – Бозӣ барои ҷойҳои 9-10-ум
10:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум
12:10 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум
14:20 – Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум
16:40 – Финал
18:30 – Маросими пӯшидашавии мусобиқа
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Минск