Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ветнам, Чин ва Эрон дар чорякфинали Ҷоми Осиё-2019


Дастаҳои мунтахаби футболи Ветнам, Чин ва Эрон ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2019 роҳ ёфтанд.

Рӯзи якшанбеи 20-уми январ дар Имороти Муттаҳидаи Араб се бозии аввали даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2019 баргузор шуд. Нахуст Урдун бо Ветнам дар шаҳри Дубай, дар варзишгоҳи Ал-Махтум, рақобат кард.

Баҳа Абдулраҳмон, бозигари мунтахаби Урдун, дар дақиқаи 39-ум ҳисобро боз намуд. Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 51-ум, Нгуйен Кёнг Пҳуонг ҳисобро баробар кард. Дар замони изофӣ ҳисоб тағйир наёфт. Аз рӯи силсилаи пеналтӣ ветнамиҳо бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуданд. Ҳамин тариқ, мунтахаби Ветнам, ки бо ҳисоби умумии 5:3 ғолиб гардид, аввалин шуда ба чорякфинал баромад.

Баъдан дар бозии дувуми ҳаштякфиналӣ, ки дар шаҳри Ал-Айн, дар варзишгоҳи Ҳазза Бин Зайд, барпо гардид, Тайланд ва Чин вориди майдон шуданд. Бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба нафъи мунтахаби Чин хотима ёфт. Ба голи дар дақиқаи 31-ум задаи бозигари Тайланд Супачай Ҷайдед, чиноиҳо Чжи Сяо дар дақиқаи 67-ум ва Лин Гао дар дақиқаи 70-ум (аз пеналтӣ) бо ду гол посух доданд.

Дар бозии севуми ҳаштякниҳоӣ, ки дар шаҳри Дубай, дар варзишгоҳи Муҳаммад бин Зайд, доир гардид, Эрон бар Умон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Голҳоро Алиризо Ҷаҳонбахш (дақиқаи 32-юм) ва Ашкон Дижогоҳ (дақиқаи 41-ум, аз пеналтӣ) ба самар расониданд.

Ба ин тартиб, дастаҳои мунтахаби Ветнам, Чин ва Эрон, ки ба чорякфинал баромаданд, муборизаро барои дарёфти Ҷоми Осиё идома медиҳанд. Вале тимҳои миллии Урдун, Тайланд ва Умон аз ҳаққи ширкат дар даври чорякниҳоӣ маҳрум шуданд.

Ҳамакнун дар чорякфинал 24-уми январ Ветнам бо ғолиби ҷуфти ҳаштякниҳоӣ - Ҷопон/Арабистони Саудӣ ва Чин бо Эрон рақобат мекунанд.

Имрӯз, 21-уми январ, се бозии дигари ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2019 миёни тимҳои миллии Ҷопон – Арабистони Саудӣ, Австралия – Узбекистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб – Қирғизистон баргузор мешавад. Ду бозии охирини ҳаштякниҳоӣ рӯзи сешанбеи 22-юми январ байни дастаҳои мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ – Баҳрайн ва Қатар – Ироқ доир мегардад.

Ҷоми Осиё-2019

1/8 финал. 20-уми январ (якшанбе)

Урдун – Ветнам – 1:1 (силсилаи пеналтӣ - 2:4)

Тайланд – Чин – 1:2

Эрон – Умон – 2:0

1/8 финал. 21-уми январ (душанбе)

16:00 Ҷопон – Арабистони Саудӣ

19:00 Австралия - Узбекистон

22:00 Иморот - Қирғизистон

1/8 финал. 22-юми январ (сешанбе)

18:00 Кореяи Ҷанубӣ - Баҳрайн

21:00 Қатар - Ироқ

1/4 финал. 24-уми январ (панҷшанбе)

18:00 Ветнам - Ҷопон/Арабистони Саудӣ

21:00 Чин – Эрон

1/4 финал. 25-уми январ (ҷумъа)

18:00 Кореяи Ҷанубӣ/Баҳрайн – Қатар/Ироқ

21:00 Иморот/Қирғизистон – Австралия/ Узбекистон

Нимфинал. 28-уми январ (душанбе)

19:00 Ғолиби чорякфинали 1 – Ғолиби чорякфинали 2

Нимфинал. 29-уми январ (сешанбе)

19:00 Ғолиби чорякфинали 3 – Ғолиби чорякфинали 4

Финал. 1-уми феврал умъа)

19:00 Ғолиби нимфинали 1 – Ғолиби нимфинали 2

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG