Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба қаҳрамонии ҷаҳон


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон, ки аз бозигарони зери 17-сола таркиб ёфтааст, омодагиро ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2019, ки аз 5-ум то 27-уми октябр дар Перу доир мегардад, шуруъ намуд.

Футболбозони навраси тоҷик дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ рӯзи 16-уми январ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе муқобили қаҳрамони Тоҷикистон – «Истиқлол», ки моҳи феврали имсол барои бори аввал дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2019 ширкат меварзад, бозии санҷишӣ анҷом доданд.

Бозии санҷишӣ бо пирӯзии «Истиқлол» бо ҳисоби 5:1 хотима ёфт. Дар ҳайати дастаи ғолиб Комрон Турсунов ду гол, легионери сербиягӣ Урош Томович ва Аҳтам Назаров якголӣ заданд. Як голи дигарро Ҳамадонӣ Камолов, бозигари мунтахаби наврасон, ба дарвозаи дастааш ворид кард. Голи ягонаи мунтахаби наврасонро Рустам Соиров аз ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонд.

Бозии санҷишӣ

«Истиқлол» – Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) – 5:1

Голҳо: Ҳамадонӣ Камолов, 8 – ба дарвозаи худ (1:0). Урош Томович, 14 (2:0). Рустам Соиров, 25 – аз пеналтӣ (2:1). Аҳтам Назаров, 53 – аз пеналтӣ (3:1). Комрон Турсунов, 60 (4:1). Комрон Турсунов, 87 (5:1).

«Истиқлол» (Душанбе): Беҳрӯз Хайриев, Амирбек Ҷӯрабоев (Шаҳром Раҷабов, 75), Искандар Ҷалилов (Сорбон Ғиёсов, 75), Аҳтам Назаров, Ҷалил Кимсанов (Фирӯз Қараев, 57), Владимир Коробка (Шаҳром Сулаймонов, 57), Фатҳулло Фатҳуллоев (Нозим Бобоҷонов, 57), Алишер Ҷалилов, Михайло Сакич (Грант Карапетян, 46), Комрон Турсунов, Урош Томович (Шаҳром Самиев, 46).

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17): Муҳриддин Ҳасанов, Шаҳром Назаров, Исроил Холов, Ҷонибек Шарипов, Шоҳрух Сангов, Шарифбек Раҳматов, Шуҳрат Элмуродов, Ҳамадонӣ Камолов, Эмомалии Аҳмадхон, Ислом Зоиров, Рустам Соиров.

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

16-уми январ. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби наврасони кишвар рӯзи шанбеи 19-уми январ барои ширкат дар мусобиқаи 15-уми байналмилалии «Ҷоми рушд-2019» ба шаҳри Минск сафар мекунад. Ин мусобиқа дар пойтахти Беларус аз 20-ум то 28-уми январ баргузор мешавад.

Дар «Ҷоми рушд-2019» 12 дастаи мунтахаби наврасони зери 17-солаи Беларус, Белгия, Булғористон, Гурҷистон, Исландия, Исроил, Литва, Молдова, Словакия, Тоҷикистон, Украина ва Финляндия иштирок мекунанд.

Бар асоси қуръакашӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Беларус, Белгия ва Финляндия вориди рақобат мешавад. Ба гурӯҳи «В» дастаҳои мунтахаби Исландия, Исроил, Молдова ва Гурҷистон, ба гурӯҳи «С» тимҳои Украина, Словакия, Булғористон ва Литва дохиланд.

Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футбол ва толори Созмони футболи Беларус дар Минск доир мегардад. Дар ин мусобиқа, ки аз соли 2005 баргузор мешавад, мунтахаби Русия аз ҳама бештар – панҷ бор (2008, 2010, 2014, 2015, 2017) – ғолиб шудааст. Чор бор (2009, 2012, 2016 и 2018) мунтахаби Украина, дуборӣ мунтахаби Беларус (2006, 2007) ва Белгия (2011, 2013), инчунин соли 2005 тими Сербия ва Черногория муваффақ гаштаанд.

«Ширкат дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2019» дар Минск барои дастаи мо яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2019 маҳсуб мешавад, ки аз 5-ум то 27-уми октябри имсол дар Перу доир мегардад», - гуфт ба Радиои Озодӣ Зайниддин Раҳимов, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17).

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон тирамоҳи соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2018 дар Малайзия барандаи медалҳои нуқра гардид. Наврасони тоҷик, ки ба финали мусобиқоти қитъавӣ баромаданд, дар бозии пуршиддат аз мунтахаби Ҷопон бо ҳисоби 0:1 мағлуб гаштанд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2019 ҳамагӣ 24 даста ширкат меварзад. Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон рӯзи 14-уми май тавассути қуръакашӣ, ки дар Театри миллии Перу доир мегардад, маълум мешаванд.

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2019» дар Минск

Гурӯҳи «А»: Беларус, Финляндия, Тоҷикистон, Белгия.

Гурӯҳи «В»: Исландия, Исроил, Молдова, Гурҷистон.

Гурӯҳи «С»: Украина, Словакия, Булғористон, Литва.

Тақвими бозиҳои мусобиқа

Даври 1-ум

20-уми январ (якшанбе)

9:40 – Словакия – Литва

11:45 – Булғористон – Украина

13:50 – Исроил – Молдова

15:55 – Белгия – Финляндия

17:40 – Маросими ифтитоҳи мусобиқа

18:20 – Беларус – ТОҶИКИСТОН

20:25 – Исландия – Гурҷистон

Даври 2-юм

22-юми январ (сешанбе)

10:00 – Булғористон – Литва

12:05 – Украина – Словакия

14:10 – Исландия – Молдова

16:15 – Белгия – ТОҶИКИСТОН

18:20 – Финляндия – Беларус

20:25 – Гурҷистон – Исроил

Даври 3-юм

24-уми январ (панҷшанбе)

10:00 – Литва – Украина

12:05 – Словакия – Булғористон

14:10 – Молдова – Гурҷистон

16:15 – ТОҶИКИСТОН – Финляндия

18:20 – Беларус – Белгия

20:25 – Исроил – Исландия

Бозиҳои плей-офф

26-уми январ (шанбе)

10:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум

12:05 – Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум

14:10 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум

16:15 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум

18:20 – Нимфинал

20:25 – Нимфинал

Бозиҳои ҳалкунанда

28-уми январ (душанбе)

10:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 11-12-ум

12:10 – Бозӣ барои ҷойҳои 9-10-ум

10:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум

12:10 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум

14:20 – Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум

16:40 – Финал

18:30 – Маросими пӯшидашавии мусобиқа

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Минск

XS
SM
MD
LG