Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

16 дастаи мунтахаб дар плей-оффи Ҷоми Осиё-2019


Дар Ҷоми Осиё-2019, ки дар Имороти Муттаҳидаи Араб ҷараён дорад, ҳамаи 16 дастаи ширкаткунандаи даври ҳаштякниҳоӣ ё плей-офф муайян шуд.

Чор бозии охирини марҳилаи гурӯҳӣ 17-уми январ доир гардид. Нахуст ду бозии даври севум дар гурӯҳи «F” дар як вақт сурат гирифт. Мунтахаби Умон дастаи Туркманистонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Ин нахустин пирӯзии умониҳо ва севумин бохти туркманҳо ба шумор меравад.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ тими Ҷопон бар мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ин ғалабаи севуми ҷопониҳо ва аввалин бохти узбекҳо дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот мебошад.

Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи “F” Ҷопон бо 9 имтиёз мақоми аввал ва Узбекистон бо 6 имтиёз мақоми дувумро касб намуданд. Ҳарду даста дар плей-офф ширкат меварзад. Инчунин дастаи Умон, ки бо 3 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 4-4) севум шуд, ба плей-офф баромад.

Баъдан шаби панҷшанбе ду бозии даври охирин дар як вақт дар гурӯҳи “E” барпо гардид. Мунтахаби Лубнон тими Кореяи Шимолиро бо ҳисоби 4:1 мағлуб кард. Лубнониҳо нахустин бор шаҳди ғалабаро чашиданд, вале кореягиҳо севумин бор ноком шуданд.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ мунтахаби Қатар бар тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:0 ғолиб шуд. Ин севумин пирӯзии қатариҳо ва аввалин бохти саудиҳо дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот мебошад.

Ба ин тартиб, дар гурӯҳи “Е” Қатар бо 9 имтиёз дар ҷойгоҳи аввал қарор гирифт. Арабистони Саудӣ бо 6 имтиёз мақоми дувумро касб намуд. Ҳарду даста ба плей-офф баромад. Мунтахаби Лубнон, ки бо 3 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 4-5) севум шуд, шонси дар плей-офф бозӣ карданро аз даст дод.

16 дастаи мунтахаб - Имороти Муттаҳидаи Араб, Тайланд ва Баҳрайн аз гурӯҳи “А”, Урдун ва Австралия аз гурӯҳи “В”, Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Қирғизистон аз гурӯҳи “С”, Эрон, Ироқ ва Ветнам аз гурӯҳи “D”, Қатар ва Арабистони Саудӣ аз гурӯҳи “Е”, Ҷопон, Узбекистон ва Умон аз гурӯҳи “F” - ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дар 1/8 финал рӯзи якшанбеи 20-уми январ Урдун – Ветнам, Тайланд – Чин, Эрон – Умон, рӯзи душанбеи 21-уми январ Ҷопон – Арабистони Саудӣ, Австралия – Узбекистон, Имороти Муттаҳидаи Араб – Қирғизистон, рӯзи сешанбеи 22-юми январ Кореяи Ҷанубӣ – Баҳрайн ва Қатар – Ироқ бо ҳам рақобат мекунанд.

Вале ҳашт дастаи мунтахаб - Ҳиндустон (гурӯҳи “А”), Фаластину Сурия (гуруҳи “В”), Филиппин (гурӯҳи “С”), Яман (гурӯҳи “D”), Лубнону Кореяи Шимолӣ (гурӯҳи “Е”) ва Туркманистон (гурӯҳи “F”) - аз ҳаққи ширкат дар даври ҳаштякниҳоӣ маҳрум шуданд.

Ҷоми Осиё-2019

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019, ки аз 5-ум то 17-уми январ дар чаҳор шаҳри Имороти Муттаҳидаи Араб – Абу-Даби, Ал-Айн, Дубай ва Шарҷа – баргузор шуд, 24 даста ба шаш гурӯҳ тақсим шуда буд:

Гурӯҳи А: Имороти Муттаҳидаи Араб, Тайланд, Ҳиндустон, Баҳрайн;

Гурӯҳи В: Австралия, Сурия, Фаластин, Урдун;

Гурӯҳи С: Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Қирғизистон, Филиппин;

Гурӯҳи D: Эрон, Ироқ, Ветнам, Яман;

Гурӯҳи E: Арабистони Саудӣ, Қатар, Лубнон, Кореяи Шимолӣ;

Гурӯҳи F: Ҷопон, Узбекистон, Умон, Туркманистон.

Натиҷаҳои бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ

5-уми январ (шанбе)

ИМА – Баҳрайн – 1:1

6-уми январ (якшанбе)

Австралия – Урдун – 0:1

Тайланд – Ҳиндустон – 1:4

Сурия – Фаластин – 0:0

7-уми январ (душанбе)

Чин – Қирғизистон – 2:1

Кореяи Ҷанубӣ – Филиппин – 1:0

Эрон – Яман – 5:0

8-уми январ (сешанбе)

Ироқ – Ветнам – 3:2

Арабистони Саудӣ – Кореяи Шимолӣ – 4:0

9-уми январ (чоршанбе)

Ҷопон – Туркманистон – 3:2

Узбекистон – Умон – 2:1

Қатар – Лубнон - 2:0

10-уми январ (панҷшанбе)

Баҳрайн – Тайланд – 0:1

Урдун – Сурия – 2:0

Ҳиндустон – ИМА – 0:2

11-уми январ умъа)

Фаластин – Австралия – 0:3

Филиппин – Чин – 0:3

Қирғизистон – Кореяи Ҷанубӣ – 0:1

12-уми январ (шанбе)

Ветнам – Эрон – 0:2

Яман – Ироқ – 0:3

Лубнон – Арабистони Саудӣ - 0:2

13-уми январ (якшанбе)

Кореяи Шимолӣ – Қатар – 0:6

Умон – Ҷопон – 0:1

Туркманистон – Узбекистон – 0:4

14-уми январ (душанбе)

ИМА – Тайланд – 1:1

Ҳиндустон – Баҳрайн – 0:1

15-уми январ (сешанбе)

Австралия – Сурия – 3:2

Фаластин – Урдун – 0:0

16-уми январ (чоршанбе)

Кореяи Ҷанубӣ – Чин – 2:0

Қирғизистон – Филиппин – 3:1

Эрон – Ироқ – 0:0

Ветнам – Яман – 2:0

17-уми январ (панҷшанбе)

Умон – Туркманистон – 3:1

Ҷопон – Узбекистон – 2:1

Лубнон – Кореяи Шимолӣ - 4:1

Арабистони Саудӣ - Қатар - 0:2

Бар асоси дастури мусобиқот дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои 1-2-юмро гирифтанд, инчунин чор тими нишондодҳояш беҳтари ҷойҳои севум ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2019 роҳ пайдо карданд.

Гурӯҳи “А”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Иморот

3

1

2

0

4-2

5

2

Тайланд

3

1

1

1

3-5

4

3

Баҳрайн

3

1

1

1

2-2

4

4

Ҳиндустон

3

1

0

2

4-4

3

Гурӯҳи “В”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Урдун

3

2

1

0

3-0

7

2

Австралия

3

2

0

1

6-3

6

3

Фаластин

3

0

2

1

0-3

2

4

Сурия

3

0

1

2

2-5

1

Гурӯҳи “С”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Кореяи Ҷанубӣ

3

3

0

0

4-0

9

2

Чин

3

2

0

1

5-3

6

3

Қирғизистон

3

1

0

2

4-4

3

4

Филиппин

3

0

0

3

1-7

0

Гурӯҳи “D

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Эрон

3

2

1

0

7-0

7

2

Ироқ

3

2

1

0

6-2

7

3

Ветнам

3

1

0

2

4-5

3

4

Яман

3

0

0

3

0-10

0

Гурӯҳи “E

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Қатар

3

3

0

0

10-0

9

2

Арабистони Саудӣ

3

2

0

1

6-2

6

3

Лубнон

3

1

0

2

4-5

3

4

Кореяи Шимолӣ

3

0

0

3

1-14

0

Гурӯҳи “F

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Ҷопон

3

3

0

0

6-3

9

2

Узбекистон

3

2

0

1

7-3

6

3

Умон

3

1

0

2

4-4

3

4

Туркманистон

3

0

0

3

3-10

0

1/8 финал. 20-уми январ (якшанбе)

16:00 Урдун - Ветнам

19:00 Тайланд - Чин

22:00 Эрон - Умон

1/8 финал. 21-уми январ (душанбе)

16:00 Ҷопон – Арабистони Саудӣ

19:00 Австралия - Узбекистон

22:00 Иморот - Қирғизистон

1/8 финал. 22-юми январ (сешанбе)

18:00 Кореяи Ҷанубӣ - Баҳрайн

21:00 Қатар - Ироқ

1/4 финал. 24-уми январ (панҷшанбе)

18:00 Ғолиби ҳаштякфинали 1 – Ғолиби ҳаштякфинали 2

21:00 Ғолиби ҳаштякфинали 3 – Ғолиби ҳаштякфинали 4

1/4 финал. 25-уми январ умъа)

18:00 Ғолиби ҳаштякфинали 5 – Ғолиби ҳаштякфинали 6

21:00 Ғолиби ҳаштякфинали 7 – Ғолиби ҳаштякфинали 8

Нимфинал. 28-уми январ (душанбе)

19:00 Ғолиби чорякфинали 1 – Ғолиби чорякфинали 2

Нимфинал. 29-уми январ (сешанбе)

19:00 Ғолиби чорякфинали 3 – Ғолиби чорякфинали 4

Финал. 1-уми феврал умъа)

19:00 Ғолиби нимфинали 1 – Ғолиби нимфинали 2

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG