Пайвандҳои дастрасӣ

Мунтахаби Қирғизистон ба плей-оффи Ҷоми Осиё баромад


Мунтахаби футболи Қирғизистон чордаҳумин дастаест, ки ба ҳаққи ширкат дар плей-офф ё даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2019, ки дар Имороти Муттаҳидаи Араб ҷараён дорад, мушарраф шуд.

Тими миллии Қирғизистон дар бозии даври охирини гурӯҳи “C”, ки 16-уми январ доир гардид, бар тими Филиппин бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Се голи қирғизҳоро Виталий Люкс (24, 51 ва 77) ва як голи филиппиниҳоро Стефан Шрёк (80) ба самар расониданд.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ тими Чинро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Голҳоро Ҳванг Юи-Ҷо (дақиқаи 14-ум, пеналтӣ) ва Ким Мин Ҷае (дақиқаи 51-ум) заданд.

Ба ин тартиб, дар гурӯҳи “С” мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо 9 имтиёз мақоми аввал ва Чин бо 6 имтиёз мақоми дувумро касб намуданд. Ҳарду даста дар плей-офф ширкат меварзанд. Инчунин дастаи Қирғизистон, ки бо 3 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 4-4) севум шуд, ба плей-офф баромад.

Шаби чоршанбе ҳамчунин ду бозии даври севуми мусобиқот дар гурӯҳи “D” баргузор шуд. Тими миллии Эрон бозиро бо мунтахаби Ироқ бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол анҷом дод. Дар бозии дигари ин гурӯҳ мунтахаби Ветнам бар тими Яман бо ҳисоби 2:0 пирӯзӣ ба даст овард. Голҳоро Нгуен Қуанг Ҳаи (дақиқаи 38-ум) ва Қуе Нгок Ҳаи (дақиқаи 64-ум) ба ҳадаф расонданд.

Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи “D” тимҳои мунтахаби Эрон ва Ироқ бо ҳафтимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои якуму дувумро касб карданд. Ҳарду даста дар плей-офф ширкат меварзад. Мунтахаби Ветнам, ки бо 3 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 4-5) севум шуд, шонси дар плей-офф бозӣ карданро пайдо намуд.

Ба ин тартиб то имрӯз 14 дастаи мунтахаб - Имороти Муттаҳидаи Араб, Тайланд ва Баҳрайн аз гурӯҳи “А”, Урдун ва Австралия аз гурӯҳи “В”, Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Қирғизистон аз гурӯҳи “С”, Эрон ва Ироқ аз гурӯҳи “D”, Қатар ва Арабистони Саудӣ аз гурӯҳи “Е”, Узбекистон ва Ҷопон аз гурӯҳи “F” - ба ҳаққи ширкат дар даври ҳаштякниҳоӣ мушарраф шудаанд.

Вале дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (гурӯҳи “А”), Сурия (гуруҳи “В”), Филиппин (гурӯҳи “С”) ва Яман (гурӯҳи “D”) натавонистанд ба ҳаштякфинал бароянд.

Гурӯҳи “А”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Иморот

3

1

2

0

4-2

5

2

Тайланд

3

1

1

1

3-5

4

3

Баҳрайн

3

1

1

1

2-2

4

4

Ҳиндустон

3

1

0

2

4-4

3

Гурӯҳи “В”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Урдун

3

2

1

0

3-0

7

2

Австралия

3

2

0

1

6-3

6

3

Фаластин

3

0

2

1

0-3

2

4

Сурия

3

0

1

2

2-5

1

Гурӯҳи “С”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Кореяи Ҷанубӣ

3

3

0

0

4-0

9

2

Чин

3

2

0

1

5-3

6

3

Қирғизистон

3

1

0

2

4-4

3

4

Филиппин

3

0

0

3

1-7

0

Гурӯҳи “D

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Эрон

3

2

1

0

7-0

7

2

Ироқ

3

2

1

0

6-2

7

3

Ветнам

3

1

0

2

4-5

3

4

Яман

3

0

0

3

0-10

0

Гурӯҳи “E

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Қатар

2

2

0

0

8-0

6

2

Арабистони Саудӣ

2

2

0

0

6-0

6

3

Лубнон

2

0

0

2

0-4

0

4

Кореяи Шимолӣ

2

0

0

2

0-10

0

Гурӯҳи “F

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Узбекистон

2

2

0

0

6-1

6

2

Ҷопон

2

2

0

0

4-2

6

3

Умон

2

0

0

2

1-3

0

4

Туркманистон

2

0

0

2

2-7

0

Дар дувоздаҳ рӯзи Ҷоми Осиё-2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб 32 бозӣ доир гардид, ки 27-тоаш бо пирӯзии яке аз дастаҳои мунтахаб хотима ёфт ва панҷ бозӣ мусовӣ шуд. Чор бозии боқимондаи сабқати гурӯҳӣ боз ду дастаеро, ки ба плей-офф мебароянд, аз миёни тимҳои ҷойҳои сеюм муайян хоҳад кард.

Имрӯз, 17-уми январ, ду бозии даври севуми мусобиқот дар гурӯҳи “F” миёни дастаҳои мунтахаби Умон - Туркманистон ва Ҷопон - Узбекистон, инчунин ду бозии даври охирин дар гурӯҳи “E” миёни тимҳои миллии Лубнон – Кореяи Шимолӣ ва Арабистони Саудӣ - Қатар баргузор мешаванд.

Дар Ҷоми Осиё-2019, ки дар чаҳор шаҳри Имороти Муттаҳидаи Араб – Абу-Даби, Ал-Айн, Дубай ва Шарҷа - то рӯзи 1-уми феврал идома хоҳад кард, 24 дастаи ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоии мусобиқот ба шаш гурӯҳи чордастаӣ тақсим шудааст:

Гурӯҳи А: Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА), Тайланд, Ҳиндустон, Баҳрайн;

Гурӯҳи В: Австралия, Сурия, Фаластин, Урдун;

Гурӯҳи С: Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Қирғизистон, Филиппин;

Гурӯҳи D: Эрон, Ироқ, Ветнам, Яман;

Гурӯҳи E: Арабистони Саудӣ, Қатар, Лубнон, Кореяи Шимолӣ;

Гурӯҳи F: Ҷопон, Узбекистон, Умон, Туркманистон.

Бар асоси дастури мусобиқот дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои 1-2-юмро мегиранд, инчунин чор тими нишондодҳояш беҳтари ҷойҳои севум ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ пайдо мекунанд.

Тақвими бозиҳои Ҷоми Осиё-2019

5-уми январ (шанбе)

ИМА – Баҳрайн – 1:1

6-уми январ (якшанбе)

Австралия – Урдун – 0:1

Тайланд – Ҳиндустон – 1:4

Сурия – Фаластин – 0:0

7-уми январ (душанбе)

Чин – Қирғизистон – 2:1

Кореяи Ҷанубӣ – Филиппин – 1:0

Эрон – Яман – 5:0

8-уми январ (сешанбе)

Ироқ – Ветнам – 3:2

Арабистони Саудӣ – Кореяи Шимолӣ – 4:0

9-уми январ (чоршанбе)

Ҷопон – Туркманистон – 3:2

Узбекистон – Умон – 2:1

Қатар – Лубнон - 2:0

10-уми январ (панҷшанбе)

Баҳрайн – Тайланд – 0:1

Урдун – Сурия – 2:0

Ҳиндустон – ИМА – 0:2

11-уми январ умъа)

Фаластин – Австралия – 0:3

Филиппин – Чин – 0:3

Қирғизистон – Кореяи Ҷанубӣ – 0:1

12-уми январ (шанбе)

Ветнам – Эрон – 0:2

Яман – Ироқ – 0:3

Лубнон – Арабистони Саудӣ - 0:2

13-уми январ (якшанбе)

Кореяи Шимолӣ – Қатар – 0:6

Умон – Ҷопон – 0:1

Туркманистон – Узбекистон – 0:4

14-уми январ (душанбе)

ИМА – Тайланд – 1:1

Ҳиндустон – Баҳрайн – 0:1

15-уми январ (сешанбе)

Австралия – Сурия – 3:2

Фаластин – Урдун – 0:0

16-уми январ (чоршанбе)

Кореяи Ҷанубӣ – Чин – 2:0

Қирғизистон – Филиппин – 3:1

Эрон – Ироқ – 0:0

Ветнам – Яман – 2:0

17-уми январ (панҷшанбе)

18:30 Умон - Туркманистон

18:30 Ҷопон - Узбекистон

21:00 Лубнон – Кореяи Шимолӣ

21:00 Арабистони Саудӣ - Қатар

1/8 финал. 20-уми январ (якшанбе)

16:00 Урдун - 3ACD

19:00 Тайланд - Чин

22:00 Эрон - 3BEF

1/8 финал. 21-уми январ (душанбе)

16:00 1F - 2E

19:00 Австралия - 2F

22:00 Иморот - 3CDE

1/8 финал. 22-юми январ (сешанбе)

18:00 Кореяи Ҷанубӣ - 3ABF

21:00 1E - Ироқ

1/4 финал. 24-уми январ (панҷшанбе)

18:00 Ғолиби 1B/3ACD - Ғолиби 1F/2E

21:00 Ғолиби 2A/2C - Ғолиби 1D/3BEF

1/4 финал. 25-уми январ (ҷумъа)

18:00 Ғолиби 1C/3ABF - Ғолиби 1E/2D

21:00 Ғолиби 1A/3CDE - Ғолиби 2B/2F

Нимфинал. 28-уми январ (душанбе)

19:00 Ғолиби чорякфинали 2 – Ғолиби чорякфинали 1

Нимфинал. 29-уми январ (сешанбе)

19:00 Ғолиби чорякфинали 3 – Ғолиби чорякфинали 4

Финал. 1-уми феврал умъа)

19:00 Ғолиби нимфинали 1 - Ғолиби нимфинали 2

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG