Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Тоҷикистон ба Эрон дар мусобиқаи "Чор миллат"


Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар нахустин бозиаш дар мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат” дар шаҳри Доҳаи Қатар бар тими мунтахаби Эрон бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

  • Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин бозӣ 15-уми январ дар майдони футболи Академияи «Aspire» баргузор шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 4-ум ҳамлагари эрониҳо Воҳид Намдорӣ боз кард.
Футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (22-юми март), Покистон (24-уми март) ва Узбекистон (26-уми март) рақобат мекунанд.

Дар охири нимаи аввали дидор Эҳсони Панҷшанбе, бозигари беҳтарини Тоҷикистон дар мавсими соли гузашта, ҳисобро баробар намуд. Голи дувуми мунтахаби олимпии Тоҷикистонро ҳамлагар Шериддин Бобоев дар дақиқаи 50-ум ба самар расонид.

Дар бозии дигар мизбони мусобиқа – мунтахаби олимпии Қатар – тими Кувайтро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.

Бозиҳои даври дувуми мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат” дар Доҳа рӯзи ҷумъа, 18-уми январ, барпо мегардад. Дар ин рӯз мунтахаби Тоҷикистон бо тими Қатар рақобат мекунад. Бозӣ соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (21:30 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад. Бозии дигари даври дувум миёни тимҳои Эрон ва Кувайт соати 17:30 ба вақти маҳаллӣ оғоз меёбад. Ҳамаи бозиҳо дар майдонҳои футболи Академияи «Aspire» баргузор мешаванд.

Ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қатар барои мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти раҳбарии мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев яке аз давраҳои омодагии даста ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 22-юм то 26-уми март дар Тошканд барпо мегардад. Футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (22-юми март), Покистон (24-уми март) ва Узбекистон (26-уми март) рақобат мекунанд.

Мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат” дар Доҳаи Қатар

Даври 1-ум

Эрон – Тоҷикистон – 1:2

Голҳо: Воҳид Намдорӣ, 4 (1:0). Эҳсони Панҷшанбе, 39 (1:1). Шериддин Бобоев, 50 (1:2).

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Алишер Баротов, Табрези Давлатмир, Манучеҳр Сафаров, Зоир Ҷӯрабоев, Кароматулло Саидов, Шарафҷон Солеҳов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Далер Ёдгоров, Эҳсони Панҷшанбе (Амирҷон Сафаров, 87), Шериддин Бобоев.

Сардовар: Абду Ал-Ҳодӣ Ал-Роял (Қатар).

15-уми январ. Доҳа. Майдони Академияи «Aspire». 100 тамошобин.

Қатар – Кувайт – 3:1

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Қатар

1

1

0

0

3-1

3

2

Тоҷикистон

1

1

0

0

2-1

3

3

Эрон

1

0

0

1

1-2

0

4

Кувайт

1

0

0

1

1-3

0

Тақвими бозиҳои боқимонда

Даври 2-юм

18-уми январ (ҷумъа)

19:30 – Эрон – Кувайт

21:30 – Қатар – Тоҷикистон

Даври 3-юм

21-уми январ (душанбе)

19:30 – Тоҷикистон – Кувайт

21:30 – Қатар – Эрон

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG