Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иморот ва Тайланд дар ҳаштякфинали Ҷоми Осиё-2019


Бозиҳои Ҷоми Осиё-2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб.
Бозиҳои Ҷоми Осиё-2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб.

Дастаҳои мунтахаби футболи Имороти Муттаҳидаи Араб ва Тайланд, ки дар гурӯҳи “А” мутаносибан дар ҷойгоҳҳои якуму дувум қарор гирифтанд, ба ҳаққи ширкат дар плей-офф ё даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2019 мушарраф шуданд.

Шаби душанбеи 14-уми январ дар Имороти Муттаҳидаи Араб даври охирини сабқати гурӯҳӣ шуруъ шуда, ду бозӣ дар гурӯҳи “А” доир гардид. Дастаи мизбони мусобиқот - Имороти Муттаҳидаи Араб – бозиро бо тими Тайланд бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод. Алӣ Мабҳут, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 7-ум ҳисобро боз кард. Титипан Пуангчан дар дақиқаи 41-ум ҳисобро баробар намуд.

Дар бозии дигари даври севуми мусобиқот дар гурӯҳи “А” мунтахаби Баҳрайн тими Ҳиндустонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Тӯбро Рашид дар дақиқаи 90-ум аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи “А”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Имороти Муттаҳидаи Араб

3

1

2

0

4-2

5

2

Тайланд

3

1

1

1

3-5

4

3

Баҳрайн

3

1

1

1

2-2

4

4

Ҳиндустон

3

1

0

2

4-4

3

Ба ин тартиб, мунтахаби Иморот бо 5 имтиёз дар гурӯҳи “А” мақоми аввал ва Тайланд бо 4 имтиёз мақоми дувумро касб намуда, ба ҳаштякфинал баромаданд.

Аз ин пеш Урдун аз гурӯҳи “В”, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ аз гурӯҳи “С”, Эрон ва Ироқ аз гурӯҳи “D”, Қатар ва Арабистони Саудӣ аз гурӯҳи “Е”, Узбекистон ва Ҷопон аз гурӯҳи “F” ба ҳаққи ширкат дар даври ҳаштякниҳоӣ мушарраф шуда буданд.

Ҳамин тариқ, дар даҳ рӯзи Ҷоми Осиё-2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб 11 дастаи ширкаткунандаи даври ҳаштякниҳоӣ маълум гардид. Даҳ бозии боқимондаи сабқати гурӯҳӣ боз 5 дастаеро, ки ба плей-офф мебароянд, муайян хоҳад кард.

Дар 26 бозии то имрӯз доиргардида 23-тоаш бо пирӯзии яке аз дастаҳои мунтахаб хотима ёфт ва се бозӣ мусовӣ шуд. Дар ҳамин ҳол дар гурӯҳи «В» Урдун, дар гурӯҳи “С” Чин ва Кореяи Ҷанубӣ, дар гурӯҳи “D” Эрон ва Ироқ, дар гурӯҳи “Е” Қатар ва Арабистони Саудӣ, дар гурӯҳи “F” Узбекистон ва Ҷопон бо шашимтиёзӣ пешсафанд.

Бар асоси дастури мусобиқот дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои 1-2-юмро мегиранд, инчунин чор тими нишондодҳояш беҳтари ҷойҳои севум ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ пайдо мекунанд.

Имрӯз, 15-уми январ, ду бозии даври севуми мусобиқот дар гурӯҳи “В” миёни дастаҳои мунтахаби Австралия - Сурия ва Фаластин - Урдун баргузор мешаванд. Ҳарду бозӣ дар як вақт – соати 18:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:30 – ба вақти Душанбе) – оғоз меёбад.

Дар Ҷоми Осиё-2019, ки дар чаҳор шаҳри Имороти Муттаҳидаи Араб – Абу-Даби, Ал-Айн, Дубай ва Шарҷа - то рӯзи 1-уми феврал идома хоҳад кард, 24 дастаи ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоии мусобиқот ба шаш гурӯҳи чордастаӣ тақсим шудааст:

Гурӯҳи А: Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА), Тайланд, Ҳиндустон, Баҳрайн;

Гурӯҳи В: Австралия, Сурия, Фаластин, Урдун;

Гурӯҳи С: Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Қирғизистон, Филиппин;

Гурӯҳи D: Эрон, Ироқ, Ветнам, Яман;

Гурӯҳи E: Арабистони Саудӣ, Қатар, Лубнон, Кореяи Шимолӣ;

Гурӯҳи F: Ҷопон, Узбекистон, Умон, Туркманистон.

Тақвими бозиҳои Ҷоми Осиё-2019

5-уми январ (шанбе)

ИМА – Баҳрайн – 1:1

6-уми январ (якшанбе)

Австралия – Урдун – 0:1

Тайланд – Ҳиндустон – 1:4

Сурия – Фаластин – 0:0

7-уми январ (душанбе)

Чин – Қирғизистон – 2:1

Кореяи Ҷанубӣ – Филиппин – 1:0

Эрон – Яман – 5:0

8-уми январ (сешанбе)

Ироқ – Ветнам – 3:2

Арабистони Саудӣ – Кореяи Шимолӣ – 4:0

9-уми январ (чоршанбе)

Ҷопон – Туркманистон – 3:2

Узбекистон – Умон – 2:1

Қатар – Лубнон - 2:0

10-уми январ (панҷшанбе)

Баҳрайн – Тайланд – 0:1

Урдун – Сурия – 2:0

Ҳиндустон – ИМА – 0:2

11-уми январ умъа)

Фаластин – Австралия – 0:3

Филиппин – Чин – 0:3

Қирғизистон – Кореяи Ҷанубӣ – 0:1

12-уми январ (шанбе)

Ветнам – Эрон – 0:2

Яман – Ироқ – 0:3

Лубнон – Арабистони Саудӣ - 0:2

13-уми январ (якшанбе)

Кореяи Шимолӣ – Қатар – 0:6

Умон – Ҷопон – 0:1

Туркманистон – Узбекистон – 0:4

14-уми январ (душанбе)

ИМА – Тайланд – 1:1

Ҳиндустон – Баҳрайн – 0:1

15-уми январ (сешанбе)

18:30 Австралия - Сурия

18:30 Фаластин - Урдун

16-уми январ (чоршанбе)

18:30 Кореяи Ҷанубӣ - Чин

18:30 Қирғизистон - Филиппин

21:00 Эрон - Ироқ

21:00 Ветнам - Яман

17-уми январ (панҷшанбе)

18:30 Умон - Туркманистон

18:30 Ҷопон - Узбекистон

21:00 Лубнон – Кореяи Шимолӣ

21:00 Арабистони Саудӣ - Қатар

1/8 финал. 20-уми январ (якшанбе)

16:00 1B - 3ACD

19:00 Тайланд - 2C

22:00 1D - 3BEF

1/8 финал. 21-уми январ (душанбе)

16:00 1F - 2E

19:00 2B - 2F

22:00 Иморот - 3CDE

1/8 финал. 22-юми январ (сешанбе)

18:00 1C - 3ABF

21:00 1E - 2D

1/4 финал. 24-уми январ (панҷшанбе)

18:00 Ғолиби 1B/3ACD - Ғолиби 1F/2E

21:00 Ғолиби 2A/2C - Ғолиби 1D/3BEF

1/4 финал. 25-уми январ (ҷумъа)

18:00 Ғолиби 1C/3ABF - Ғолиби 1E/2D

21:00 Ғолиби 1A/3CDE - Ғолиби 2B/2F

Нимфинал. 28-уми январ (душанбе)

19:00 Ғолиби чорякфинали 2 – Ғолиби чорякфинали 1

Нимфинал. 29-уми январ (сешанбе)

19:00 Ғолиби чорякфинали 3 – Ғолиби чорякфинали 4

Финал. 1-уми феврал умъа)

19:00 Ғолиби нимфинали 1 - Ғолиби нимфинали 2

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG