Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатар, Узбекистон ва Ҷопон ба ҳаштякфинали Ҷоми Осиё баромаданд


Дастаҳои мунтахаби футболи Қатар, Узбекистон ва Ҷопон, ки дар бозиҳои даври дувуми сабқати гурӯҳӣ ғолиб шуданд, пешакӣ ба плей-офф ё даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2019 роҳ ёфтанд.

Дар бозии даври дувуми мусобиқот дар гурӯҳи “Е”, ки 13-уми январ дар Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА) доир гардид, мунтахаби Қатар тими Кореяи Шимолиро бо ҳисоби 6:0 шикаст дод. Зимнан, ин ҳисоби бузургтарин дар Ҷоми Осиё-2019 то имрӯз ба шумор меравад. Ҷаҳор голи қатариҳоро Абдулло Алмоез (дақиқаҳои 9, 11, 55, 60) ба ҳадаф расонд. Буалем Хухӣ (43) ва Ҳасан Абдукарим (68) якголӣ заданд.

Инчунин шаби якшанбе ду бозии даври дувум дар гурӯҳи “F” баргузор шуд. Нахуст тими миллии Ҷопон бар мунтахаби Умон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ Генки Ҳарагучи дар дақиқаи 28-ум ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ мунтахаби Узбекистон тими Туркманистонро бо ҳисоби 4:0 мағлуб сохт. Ҳарчор гол дар нимаи аввали дидор зада шуд. Ҳисобро Ҷавоҳир Сиддиқов дар дақиқаи 17-ум боз кард. Баъди ҳафт дақиқа Элдор Шомуродов голи дувумро ба самар расонид. Ҷалолиддин Машарипов дар дақиқаи 40-ум ҳисобро афзун намуд. Голи чоруми мунтахаби Узбекистонро Элдор Шомуродов дар дақиқаи 42-юм ба дарвозаи туркманҳо ворид кард.

Ба ин тартиб, мунтахаби Қатар, ки дар ду бозӣ шаш имтиёз гирифтааст, сарфи назар аз натиҷаҳои бозиҳои даври севум дар гурӯҳи “Е” пешакӣ ба ҳаштякфинал баромад. Инчунин тимҳои миллии Узбекистон ва Ҷопон, ки дар гурӯҳи “F” бо шашимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойгоҳҳои якуму дувум қарор доранд, пешакӣ ба плей-офф роҳ пайдо карданд.

Аз ин пеш Урдун аз гурӯҳи “В”, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ аз гурӯҳи “С”, Эрон ва Ироқ аз гурӯҳи “D”, Арабистони Саудӣ аз гурӯҳи “Е” ба ҳаққи ширкат дар даври ҳаштякниҳоӣ мушарраф шуда буданд.

Ҳамин тариқ, дар нӯҳ рӯзи Ҷоми Осиё-2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб нӯҳ дастаи ширкаткунандаи даври ҳаштякниҳоӣ пешакӣ маълум гардид. Дувоздаҳ бозии боқимондаи сабқати гурӯҳӣ боз ҳафт дастаеро, ки ба плей-офф мебароянд, муайян хоҳад кард.

Дар 24 бозии то имрӯз доиргардида 22-тоаш бо пирӯзии яке аз дастаҳои мунтахаб хотима ёфт ва ду бозӣ мусовӣ шуд. Дар ҳамин ҳол дар гурӯҳи “А” Иморот бо 4 имтиёз, дар гурӯҳи «В» Урдун, дар гурӯҳи “С” Чин ва Кореяи Ҷанубӣ, дар гурӯҳи “D” Эрон ва Ироқ, дар гурӯҳи “Е” Қатар ва Арабистони Саудӣ, дар гурӯҳи “F” Узбекистон ва Ҷопон бо шашимтиёзӣ пешсафанд.

Бар асоси дастури мусобиқот дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои 1-2-юмро мегиранд, инчунин чор тими нишондодҳояш беҳтари ҷойҳои севум ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ пайдо мекунанд.

Имрӯз, 14-уми январ, бозиҳои даври охирини сабқати гурӯҳӣ оғоз меёбанд. Ду бозии даври севуми мусобиқот дар гурӯҳи “А” миёни дастаҳои мунтахаби Иморот - Тайланд ва Ҳиндустон - Баҳрайн баргузор мешаванд. Ҳарду бозӣ дар як вақт – соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 21:00 – ба вақти Душанбе) - шуруъ мешавад.

Дар Ҷоми Осиё-2019, ки дар чаҳор шаҳри Имороти Муттаҳидаи Араб – Абу-Даби, Ал-Айн, Дубай ва Шарҷа - то рӯзи 1-уми феврал идома меёбад, 24 дастаи ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоии мусобиқот ба шаш гурӯҳи чордастаӣ тақсим шудааст:

Гурӯҳи А: Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА), Тайланд, Ҳиндустон, Баҳрайн;

Гурӯҳи В: Австралия, Сурия, Фаластин, Урдун;

Гурӯҳи С: Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Қирғизистон, Филиппин;

Гурӯҳи D: Эрон, Ироқ, Ветнам, Яман;

Гурӯҳи E: Арабистони Саудӣ, Қатар, Лубнон, Кореяи Шимолӣ;

Гурӯҳи F: Ҷопон, Узбекистон, Умон, Туркманистон.

Тақвими бозиҳои Ҷоми Осиё-2019

5-уми январ (шанбе)

ИМА – Баҳрайн – 1:1

6-уми январ (якшанбе)

Австралия – Урдун – 0:1

Тайланд – Ҳиндустон – 1:4

Сурия – Фаластин – 0:0

7-уми январ (душанбе)

Чин – Қирғизистон – 2:1

Кореяи Ҷанубӣ – Филиппин – 1:0

Эрон – Яман – 5:0

8-уми январ (сешанбе)

Ироқ – Ветнам – 3:2

Арабистони Саудӣ – Кореяи Шимолӣ – 4:0

9-уми январ (чоршанбе)

Ҷопон – Туркманистон – 3:2

Узбекистон – Умон – 2:1

Қатар – Лубнон - 2:0

10-уми январ (панҷшанбе)

Баҳрайн – Тайланд – 0:1

Урдун – Сурия – 2:0

Ҳиндустон – ИМА – 0:2

11-уми январ умъа)

Фаластин – Австралия – 0:3

Филиппин – Чин – 0:3

Қирғизистон – Кореяи Ҷанубӣ – 0:1

12-уми январ (шанбе)

Ветнам – Эрон – 0:2

Яман – Ироқ – 0:3

Лубнон – Арабистони Саудӣ - 0:2

13-уми январ (якшанбе)

Кореяи Шимолӣ – Қатар – 0:6

Умон – Ҷопон – 0:1

Туркманистон – Узбекистон – 0:4

14-уми январ (душанбе)

21:00 ИМА - Тайланд

21:00 Ҳиндустон - Баҳрайн

15-уми январ (сешанбе)

18:30 Австралия - Сурия

18:30 Фаластин - Урдун

16-уми январ (чоршанбе)

18:30 Кореяи Ҷанубӣ - Чин

18:30 Қирғизистон - Филиппин

21:00 Эрон - Ироқ

21:00 Ветнам - Яман

17-уми январ (панҷшанбе)

18:30 Умон - Туркманистон

18:30 Ҷопон - Узбекистон

21:00 Лубнон – Кореяи Шимолӣ

21:00 Арабистони Саудӣ - Қатар

1/8 финал. 20-уми январ (якшанбе)

16:00 1B - 3ACD

19:00 2A - 2C

22:00 1D - 3BEF

1/8 финал. 21-уми январ (душанбе)

16:00 1F - 2E

19:00 2B - 2F

22:00 1A - 3CDE

1/8 финал. 22-юми январ (сешанбе)

18:00 1C - 3ABF

21:00 1E - 2D

1/4 финал. 24-уми январ (панҷшанбе)

18:00 Ғолиби 1B/3ACD - Ғолиби 1F/2E

21:00 Ғолиби 2A/2C - Ғолиби 1D/3BEF

1/4 финал. 25-уми январ (ҷумъа)

18:00 Ғолиби 1C/3ABF - Ғолиби 1E/2D

21:00 Ғолиби 1A/3CDE - Ғолиби 2B/2F

Нимфинал. 28-уми январ (душанбе)

19:00 Ғолиби чорякфинали 2 – Ғолиби чорякфинали 1

Нимфинал. 29-уми январ (сешанбе)

19:00 Ғолиби чорякфинали 3 – Ғолиби чорякфинали 4

Финал. 1-уми феврал умъа)

19:00 Ғолиби нимфинали 1 - Ғолиби нимфинали 2

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG