Пайвандҳои дастрасӣ

Нокомии мунтахаби Тоҷикистон дар ду бозии дӯстона дар Туркия


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дувуми дӯстонаро ба тими миллии Туркия бо ҳисоби 5:6 бохт.

Дар ин бозӣ, ки 10-уми январ дар шаҳри Эрзинҷони Туркия баргузор шуд, голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Шавкат Ҳалимов (2 гол), Рустам Ҳамидов, Умедҷон Қузиев ва Собирҷон Гулаков ба самар расониданд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввали дӯстона, ки 9-уми январ дар Эрзинҷон доир гардид, аз тими миллии Туркия бо ҳисоби 1:6 шикаст хӯрда буд.

Бозиҳои дӯстона

Туркия – Тоҷикистон – 6:1

Голҳо: Бурак Угурлу, 2 (1:0). Парвиз Раҳматов, 7 (1:1). Комилҷон Оқпарлар, 10 (2:1). Мустафо Акар, 29 (3:1). Фурқон Ожан, 34 (4:1). Бурак Угурлу, 38 (5:1). Бурак Оздемир, 39 (6:1).

Тоҷикистон (панҷгонаи ибтидоӣ): Муродулло Алиқулов – Дилшод Саломов (капитан), Раҳмоналӣ Шарипов, Собирҷон Гулаков, Умедҷон Қузиев.

9-уми январ. Эрзинҷон. Маҷмааи варзишии «Эрзинҷон». 1200 тамошобин.

Туркия – Тоҷикистон – 6:5

Голҳои Тоҷикистон: Шавкат Ҳалимов (2), Рустам Ҳамидов, Умедҷон Қузиев, Собирҷон Гулаков.

Тоҷикистон (панҷгонаи ибтидоӣ): Муродулло Алиқулов – Дилшод Саломов (капитан), Раҳмоналӣ Шарипов, Собирҷон Гулаков, Умедҷон Қузиев.

10-уми январ. Эрзинҷон. Маҷмааи варзишии «Эрзинҷон». 1200 тамошобин.

Ҳусейн Шодиев, сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон, дар бозиҳои дӯстона муқобили тими миллии Туркия ба ҳайати даста 14 бозигарро дохил карда буд, ки ду нафарашон дарвозабон буданд.

Вале ба иллати латхӯрӣ дар ин бозиҳои дӯстона Некрӯз Алимаҳмадов, бозигари тими «Соро компания»-и Душанбе, инчунин легионерҳо – Фирӯз Бекмуродов ва Файзалӣ Сардоров, ки дар тими «Олға»-и Қирғизистон бозӣ мекунанд, ширкат наварзиданд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона муқобили тими миллии Туркия:

Дарвозабонҳо: Муродулло Алиқулов («Соро компания»), Муродҷон Муродов («Карон»);

Бозигарони майдонӣ: Раҳмоналӣ Шарипов, Муҳаммадҷон Шарипов (ҳарду – «Соро компания»), Дилшод Саломов, Умедҷон Қузиев, Собирҷон Гулаков, Парвиз Раҳматов, Иқбол Воситзода (ҳама – «Сипар»), Қадам Абилов («Равшан»), Рустам Ҳамидов, Шавкат Ҳалимов (ҳарду – «Сан Сити», Қирғизистон), Баҳодур Хоҷаев («Садовая»), Идрис Ёров (бозигари озод).

«Бозиҳои дӯстона бо тими миллии Туркия яке аз марҳилаҳои омодагии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футзали Осиё-2020 мебошад, ки аз 16-ум то 26-уми октябри имсол доир мегардад», - гуфт ба Радиои Озодӣ Ҳусейн Шодиев.

Аз ин пеш дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Туркия чор бозии дӯстона анҷом дода буданд. Моҳи феврали соли 2017 ҳарду бозии дӯстона дар шаҳри Яловаи Туркия бо пирӯзии мизбонон бо натиҷаҳои 5:4 ва 3:2 хотима ёфт.

Баъдан моҳи декабри ҳамон сол тимҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Туркия дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», боз ду бозии дӯстона доир карданд. Бозии аввал бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт. Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дувуми дӯстона аз тими миллии Туркия бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG