Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Урдун аввалин шуда дар Ҷоми Осиё ба плей-офф баромад


Дастаи мунтахаби футболи Урдун, ки дар даври дувуми сабқати гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб тими миллии Сурияро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, аз байни 24 дастаи ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоии мусобиқот аввалин шуда ба даври ҳаштякниҳоӣ ё плей-офф роҳ ёфт. Ду голи Мусо Ал-Тамарӣ ва Тариқ Хаттоб дар нимаи аввали дидор ба урдуниҳо пирӯзӣ овард.

Ба ин тартиб, мунтахаби Урдун, ки дар ду бозӣ 6 имтиёз гирифтааст, сарфи назар аз натиҷаҳои бозиҳои боқимонда дар гурӯҳи “В” ба ҳаштякфинал баромад.

Рӯзи 10-уми январ дар Имороти Муттаҳидаи Араб даври дувуми сабқати гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 шуруъ гардида, се бозӣ баргузор шуд.

Ба ҷуз бозии Урдуну Сурия, ду бозии даври дувуми мусобиқот дар гурӯҳи “А” сурат гирифт. Мунтахаби Тайланд бар тими Баҳрайн бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Дастаи мизбони мусобиқоти қаҳрамонии Осиё - Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА) - тими Ҳиндустонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Ҳамин тариқ, дар шаш рӯзи Ҷоми Осиё-2019 дар Иморот 15 бозӣ доир гардид, ки сездаҳтоаш бо пирӯзии яке аз дастаҳои мунтахаб хотима ёфт ва ду бозӣ мусовӣ шуд. То ҳоло натиҷаи ғайричашмдошт шикасти қаҳрамони феълии Осиё - мунтахаби Австралия – дар бозии даври аввал аз тими Урдун (0:1) мебошад. Инчунин ҳисоби бузургтарин дар бозии даври аввал миёни тимҳои миллии Эрон ва Яман (5:0) ба қайд гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол дар гурӯҳи “А” Иморот бо 4 имтиёз, дар гурӯҳи «В» Урдун бо 6 имтиёз, дар гурӯҳи “С” Чин ва Кореяи Ҷанубӣ, дар гурӯҳи “D” Эрон ва Ироқ, дар гурӯҳи “Е” Арабистони Саудӣ ва Қатар, дар гурӯҳи “F” Ҷопон ва Узбекистон бо сеимтиёзӣ пешсафанд.

Дарвоқеъ, бар асоси дастури мусобиқот дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои 1-2-юмро мегиранд, инчунин чор тими нишондодҳояш беҳтари ҷойҳои сеюм ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ пайдо мекунанд.

Имрӯз, 11-уми январ, бозии дувуми даври дувуми мусобиқот дар гурӯҳи “В” миёни дастаҳои мунтахаби Фаластин – Австралия, инчунин ду бозии даври дувум дар гурӯҳи “С” байни тимҳои миллии Филиппин - Чин ва Қирғизистон – Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешаванд.

Дар Ҷоми Осиё-2019, ки дар чаҳор шаҳри Имороти Муттаҳидаи Араб – Абу-Даби, Ал-Айн, Дубай ва Шарҷа - то рӯзи 1-уми феврал идома меёбад, 24 дастаи ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоии мусобиқот ба шаш гурӯҳи чордастаӣ тақсим шудааст:

Гурӯҳи А: Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА), Тайланд, Ҳиндустон, Баҳрайн;

Гурӯҳи В: Австралия, Сурия, Фаластин, Урдун;

Гурӯҳи С: Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Қирғизистон, Филиппин;

Гурӯҳи D: Эрон, Ироқ, Ветнам, Яман;

Гурӯҳи E: Арабистони Саудӣ, Қатар, Лубнон, Кореяи Шимолӣ;

Гурӯҳи F: Ҷопон, Узбекистон, Умон, Туркманистон.

Тақвими бозиҳои Ҷоми Осиё-2019

5-уми январ (шанбе)

ИМА – Баҳрайн – 1:1

6-уми январ (якшанбе)

Австралия – Урдун – 0:1

Тайланд – Ҳиндустон – 1:4

Сурия – Фаластин – 0:0

7-уми январ (душанбе)

Чин – Қирғизистон – 2:1

Кореяи Ҷанубӣ – Филиппин – 1:0

Эрон – Яман – 5:0

8-уми январ (сешанбе)

Ироқ – Ветнам – 3:2

Арабистони Саудӣ – Кореяи Шимолӣ – 4:0

9-уми январ (чоршанбе)

Ҷопон – Туркманистон – 3:2

Узбекистон – Умон – 2:1

Қатар – Лубнон - 2:0

10-уми январ (панҷшанбе)

Баҳрайн – Тайланд – 0:1

Урдун – Сурия – 2:0

Ҳиндустон – ИМА – 0:2

11-уми январ умъа)

16:00 Фаластин - Австралия

18:30 Филиппин - Чин

21:00 Қирғизистон – Кореяи Ҷанубӣ

12-уми январ (шанбе)

16:00 Ветнам - Эрон

18:30 Яман - Ироқ

21:00 Лубнон – Арабистони Саудӣ

13-уми январ (якшанбе)

16:00 Кореяи Шимолӣ - Қатар

18:30 Умон - Ҷопон

21:00 Туркманистон - Узбекистон

14-уми январ (душанбе)

21:00 ИМА - Тайланд

21:00 Ҳиндустон - Баҳрайн

15-уми январ (сешанбе)

18:30 Австралия - Сурия

18:30 Фаластин - Урдун

16-уми январ (чоршанбе)

18:30 Кореяи Ҷанубӣ - Чин

18:30 Қирғизистон - Филиппин

21:00 Эрон - Ироқ

21:00 Ветнам - Яман

17-уми январ (панҷшанбе)

18:30 Умон - Туркманистон

18:30 Ҷопон - Узбекистон

21:00 Лубнон – Кореяи Шимолӣ

21:00 Арабистони Саудӣ - Қатар

1/8 финал. 20-уми январ (якшанбе)

16:00 1B - 3ACD

19:00 2A - 2C

22:00 1D - 3BEF

1/8 финал. 21-уми январ (душанбе)

16:00 1F - 2E

19:00 2B - 2F

22:00 1A - 3CDE

1/8 финал. 22-юми январ (сешанбе)

18:00 1C - 3ABF

21:00 1E - 2D

1/4 финал. 24-уми январ (панҷшанбе)

18:00 Ғолиби 1B/3ACD - Ғолиби 1F/2E

21:00 Ғолиби 2A/2C - Ғолиби 1D/3BEF

1/4 финал. 25-уми январ (ҷумъа)

18:00 Ғолиби 1C/3ABF - Ғолиби 1E/2D

21:00 Ғолиби 1A/3CDE - Ғолиби 2B/2F

Нимфинал. 28-уми январ (душанбе)

19:00 Ғолиби чорякфинали 2 – Ғолиби чорякфинали 1

Нимфинал. 29-уми январ (сешанбе)

19:00 Ғолиби чорякфинали 3 – Ғолиби чорякфинали 4

Финал. 1-уми феврал умъа)

19:00 Ғолиби нимфинали 1 - Ғолиби нимфинали 2

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG