Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Туркия дар бозии дӯстона


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии аввали дӯстона аз тими миллии Туркия бо ҳисоби 1:6 шикаст хӯрд. Дар ин бозӣ, ки 9-уми январ дар шаҳри Эрзинҷони Туркия баргузор шуд, ду голи мизбононро Бурак Угурлу ба самар расонд. Комилҷон Оқпарлар, Мустафо Акар, Фурқон Ожан ва Бурак Оздемир якголӣ заданд.

Як голи мунтахаби Тоҷикистонро Парвиз Раҳматов, ки дар дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бозӣ мекунад, ба ҳадаф расонд. Зимнан, ӯ барои аввалин бор дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон бозӣ кард.

Бозии дӯстона

Туркия – Тоҷикистон – 6:1

Голҳо: Бурак Угурлу, 2 (1:0). Парвиз Раҳматов, 7 (1:1). Комилҷон Оқпарлар, 10 (2:1). Мустафо Акар, 29 (3:1). Фурқон Ожан, 34 (4:1). Бурак Угурлу, 38 (5:1). Бурак Оздемир, 39 (6:1).

Тоҷикистон (панҷгонаи ибтидоӣ): Муродулло Алиқулов – Дилшод Саломов (капитан), Раҳмоналӣ Шарипов, Собирҷон Гулаков, Умедҷон Қузиев.

9-уми январ. Эрзинҷон. Маҷмааи варзишии «Эрзинҷон». 1200 тамошобин.

Ҳусейн Шодиев, сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон, ба ҳайати даста 14 бозигарро дохил кардааст, ки ду нафарашон дарвозабон мебошанд. Вале ба иллати латхӯрӣ дар ин бозиҳои дӯстона Некрӯз Алимаҳмадов, бозигари тими «Соро компания»-и Душанбе, инчунин легионерҳо – Фирӯз Бекмуродов ва Файзалӣ Сардоров, ки дар тими «Олға»-и Қирғизистон бозӣ мекунанд, ширкат намеварзанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона муқобили тими миллии Туркия:

Дарвозабонҳо: Муродулло Алиқулов («Соро компания»), Муродҷон Муродов («Карон»);

Бозигарони майдонӣ: Раҳмоналӣ Шарипов, Муҳаммадҷон Шарипов (ҳарду – «Соро компания»), Дилшод Саломов, Умедҷон Қузиев, Собирҷон Гулаков, Парвиз Раҳматов, Иқбол Воситзода (ҳама – «Сипар»), Қадам Абилов («Равшан»), Рустам Ҳамидов, Шавкат Ҳалимов (ҳарду – «Сан Сити», Қирғизистон), Баҳодур Хоҷаев («Садовая»), Идрис Ёров (бозигари озод).

«Бозиҳои дӯстона бо тими миллии Туркия яке аз марҳилаҳои омодагии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футзали Осиё-2020 мебошад, ки аз 16-ум то 26-уми октябри имсол доир мегардад»,-гуфт ба Радиои Озодӣ Ҳусейн Шодиев.

Имрӯз, 10-уми январ, дастаҳои мунтахаби Туркия ва Тоҷикистон бозии ҷавобии дӯстонаро дар Эрзинҷон баргузор мекунанд. Бозӣ соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ (19:00 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Дарвоқеъ, аз ин пеш дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Туркия чор бозии дӯстона анҷом дода буданд. Моҳи феврали соли 2017 ҳарду бозии дӯстона дар шаҳри Яловаи Туркия бо пирӯзии мизбонон бо натиҷаҳои 5:4 ва 3:2 хотима ёфт.

Баъдан моҳи декабри соли 2017 тимҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Туркия дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», боз ду бозии дӯстона доир карданд. Бозии аввал бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт. Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дувуми дӯстона аз тими миллии Туркия бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

XS
SM
MD
LG