Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Узбекистон ва бохти Туркманистон дар даври аввали Ҷоми Осиё-2019


Рӯзи 9-уми январ дар Имороти Муттаҳидаи Араб се бозии охирини даври аввали сабқати гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 оид ба футбол баргузор шуд.

Нахуст ду бозии даври аввали мусобиқот дар гурӯҳи “F” доир гардид. Мунтахаби Узбекистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Эктор Купери аргентинӣ тими Умонро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Ҳисобро нимҳимоятгари мунтахаби Узбекистон Одил Аҳмадов дар дақиқаи 34-ум боз намуд. Дар нимаи дувуми дидор ҳамлагари умониҳо Муҳсин ал-Ҳасанӣ (72') ҳисобро баробар кард.

Голи ҳалкунандаро ҳамлагари тими Узбекистон Элдор Шомуродов, ки дар охири бозӣ Марат Бикмаевро иваз намуд, баъди ду дақиқаи ба майдон омаданаш (85') ба самар расонд. Бояд гуфт, ки дар ин бозӣ ҳимоятгари мунтахаби Узбекистон Егор Криметс, ки корти сурх гирифт (90+2'), аз майдон хориҷ шуд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “F” мунтахаби Ҷопон тими Туркманистонро бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард. Сипас дар бозии дувуми даври аввал дар гурӯҳи “Е” тими Қатар мунтахаби Лубнонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Ба ин тартиб, дар панҷ рӯзи Ҷоми Осиё-2019 дар Иморот 12 бозӣ доир гардид, ки даҳтоаш бо пирӯзии яке аз дастаҳои мунтахаб хотима ёфт ва ду бозӣ мусовӣ шуд. То ҳоло натиҷаи ғайричашмдошт шикасти қаҳрамони феълии Осиё - мунтахаби Австралия – дар бозии даври аввал аз тими Урдун (0:1) мебошад. Инчунин ҳисоби бузургтарин дар бозии даври аввал миёни тимҳои миллии Эрон ва Яман (5:0) ба қайд гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол дар гурӯҳи “А” Ҳиндустон, дар гурӯҳи «В» Урдун, дар гурӯҳи “С” Чин ва Кореяи Ҷанубӣ, дар гурӯҳи “D” Эрон ва Ироқ, дар гурӯҳи “Е” Арабистони Саудӣ ва Қатар, дар гурӯҳи “F” Ҷопон ва Узбекистон бо сеимтиёзӣ пешсафанд.

Имрӯз, 10-уми январ, ду бозии даври дувуми мусобиқот дар гурӯҳи “А” миёни дастаҳои мунтахаби Баҳрайн – Тайланд ва Ҳиндустон - ИМА, инчунин бозии аввали даври дувум дар гурӯҳи “В” байни тимҳои миллии Урдун - Сурия баргузор мешаванд. Бо ин се бозӣ даври дувуми сабқати гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 шуруъ мешавад.

Дар Ҷоми Осиё-2019, ки дар чаҳор шаҳри Имороти Муттаҳидаи Араб – Абу-Даби, Ал-Айн, Дубай ва Шарҷа - то рӯзи 1-уми феврал идома меёбад, 24 дастаи ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоии мусобиқот ба шаш гурӯҳи чордастаӣ тақсим шудааст:

Гурӯҳи А: Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА), Тайланд, Ҳиндустон, Баҳрайн;

Гурӯҳи В: Австралия, Сурия, Фаластин, Урдун;

Гурӯҳи С: Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Қирғизистон, Филиппин;

Гурӯҳи D: Эрон, Ироқ, Ветнам, Яман;

Гурӯҳи E: Арабистони Саудӣ, Қатар, Лубнон, Кореяи Шимолӣ;

Гурӯҳи F: Ҷопон, Узбекистон, Умон, Туркманистон.

Бар асоси дастури мусобиқот дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои 1-2-юмро мегиранд, инчунин чор тими нишондодҳояш беҳтари ҷойҳои сеюм ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ пайдо мекунанд.

Тақвими бозиҳои Ҷоми Осиё-2019

5-уми январ (шанбе)

ИМА – Баҳрайн – 1:1

6-уми январ (якшанбе)

Австралия – Урдун – 0:1

Тайланд – Ҳиндустон – 1:4

Сурия – Фаластин – 0:0

7-уми январ (душанбе)

Чин – Қирғизистон – 2:1

Кореяи Ҷанубӣ – Филиппин – 1:0

Эрон – Яман – 5:0

8-уми январ (сешанбе)

Ироқ – Ветнам – 3:2

Арабистони Саудӣ – Кореяи Шимолӣ – 4:0

9-уми январ (чоршанбе)

Ҷопон – Туркманистон – 3:2

Узбекистон – Умон – 2:1

Қатар – Лубнон - 2:0

10-уми январ (панҷшанбе)

16:00 Баҳрайн - Тайланд

18:30 Урдун - Сурия

21:00 Ҳиндустон - ИМА

11-уми январ (ҷумъа)

16:00 Фаластин - Австралия

18:30 Филиппин - Чин

21:00 Қирғизистон – Кореяи Ҷанубӣ

12-уми январ (шанбе)

16:00 Ветнам - Эрон

18:30 Яман - Ироқ

21:00 Лубнон – Арабистони Саудӣ

13-уми январ (якшанбе)

16:00 Кореяи Шимолӣ - Қатар

18:30 Умон - Ҷопон

21:00 Туркманистон - Узбекистон

14-уми январ (душанбе)

21:00 ИМА - Тайланд

21:00 Ҳиндустон - Баҳрайн

15-уми январ (сешанбе)

18:30 Австралия - Сурия

18:30 Фаластин - Урдун

16-уми январ (чоршанбе)

18:30 Кореяи Ҷанубӣ - Чин

18:30 Қирғизистон - Филиппин

21:00 Эрон - Ироқ

21:00 Ветнам - Яман

17-уми январ (панҷшанбе)

18:30 Умон - Туркманистон

18:30 Ҷопон - Узбекистон

21:00 Лубнон – Кореяи Шимолӣ

21:00 Арабистони Саудӣ - Қатар

1/8 финал. 20-уми январ (якшанбе)

16:00 1B - 3ACD

19:00 2A - 2C

22:00 1D - 3BEF

1/8 финал. 21-уми январ (душанбе)

16:00 1F - 2E

19:00 2B - 2F

22:00 1A - 3CDE

1/8 финал. 22-юми январ (сешанбе)

18:00 1C - 3ABF

21:00 1E - 2D

1/4 финал. 24-уми январ (панҷшанбе)

18:00 Ғолиби 1B/3ACD - Ғолиби 1F/2E

21:00 Ғолиби 2A/2C - Ғолиби 1D/3BEF

1/4 финал. 25-уми январ (ҷумъа)

18:00 Ғолиби 1C/3ABF - Ғолиби 1E/2D

21:00 Ғолиби 1A/3CDE - Ғолиби 2B/2F

Нимфинал. 28-уми январ (душанбе)

19:00 Ғолиби чорякфинали 2 – Ғолиби чорякфинали 1

Нимфинал. 29-уми январ (сешанбе)

19:00 Ғолиби чорякфинали 3 – Ғолиби чорякфинали 4

Финал. 1-уми феврал (ҷумъа)

19:00 Ғолиби нимфинали 1 - Ғолиби нимфинали 2

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG