Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Осиё-2019: Бурди Ироқ ва Саудӣ дар даври аввал


Рӯзи 8-уми январ дар Имороти Муттаҳидаи Араб ду бозии даври аввали Ҷоми Осиё-2019 оид ба футбол дар гурӯҳҳои «D» ва «E» баргузор шуд.

Нахуст бозии дувуми даври аввал дар гурӯҳи “D” доир гардид. Мунтахаби Ироқ тими Ветнамро бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард. Сипас дар бозии даври аввал дар гурӯҳи “Е” тими Арабистони Саудӣ мунтахаби Кореяи Шимолиро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод.

Ба ин тартиб, дар чор рӯзи Ҷоми Осиё-2019 дар Иморот нӯҳ бозӣ доир гардид, ки ҳафтоаш бо пирӯзии яке аз дастаҳои мунтахаб хотима ёфт ва ду бозӣ мусовӣ шуд. То ҳоло натиҷаи ғайричашмдошт шикасти қаҳрамонии феълии Осиё - мунтахаби Австралия – дар бозии даври аввал аз тими Урдун (0:1) мебошад. Инчунин ҳисоби бузургтарин дар бозии даври аввал миёни тимҳои миллии Эрон ва Яман (5:0) қайд шудааст.

Дар ҳамин ҳол дар гурӯҳи “А” Ҳиндустон, дар гурӯҳи «В» Урдун, дар гурӯҳи “С” Чин ва Кореяи Ҷанубӣ, дар гурӯҳи “D” Эрон ва Ироқ, дар гурӯҳи “Е” Арабистони Саудӣ бо сеимтиёзӣ пешсафанд.

Имрӯз, 9-уми январ, ду бозии даври аввали мусобиқот дар гурӯҳи “F” миёни дастаҳои мунтахаби Ҷопон – Туркманистон ва Узбекистон – Умон, инчунин бозии дувуми даври аввал дар гурӯҳи “Е” байни тимҳои миллии Қатар ва Лубнон баргузор мешаванд. Бо ин се бозӣ даври аввали мусобиқот дар ҳамаи шаш гурӯҳ ба поён мерасад.

Дар Ҷоми Осиё-2019, ки дар чаҳор шаҳри Имороти Муттаҳидаи Араб – Абу-Даби, Ал-Айн, Дубай ва Шарҷа - то рӯзи 1-уми феврал идома меёбад, 24 дастаи ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоии мусобиқот ба шаш гурӯҳи чордастаӣ тақсим шудааст:

Гурӯҳи А: Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА), Тайланд, Ҳиндустон, Баҳрайн;

Гурӯҳи В: Австралия, Сурия, Фаластин, Урдун;

Гурӯҳи С: Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Қирғизистон, Филиппин;

Гурӯҳи D: Эрон, Ироқ, Ветнам, Яман;

Гурӯҳи E: Арабистони Саудӣ, Қатар, Лубнон, Кореяи Шимолӣ;

Гурӯҳи F: Ҷопон, Узбекистон, Умон, Туркманистон.

Бар асоси дастури мусобиқот дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои 1-2-юмро мегиранд, инчунин чор тими нишондодҳояш беҳтари ҷойҳои сеюм ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ пайдо мекунанд.

Тақвими бозиҳои Ҷоми Осиё-2019

5-уми январ (шанбе)

ИМА – Баҳрайн – 1:1

6-уми январ (якшанбе)

Австралия – Урдун – 0:1

Тайланд – Ҳиндустон – 1:4

Сурия – Фаластин – 0:0

7-уми январ (душанбе)

Чин – Қирғизистон – 2:1

Кореяи Ҷанубӣ – Филиппин – 1:0

Эрон – Яман – 5:0

8-уми январ (сешанбе)

Ироқ – Ветнам – 3:2

Арабистони Саудӣ – Кореяи Шимолӣ – 4:0

9-уми январ (чоршанбе)

16:00 Ҷопон - Туркманистон

18:30 Узбекистон - Умон

21:00 Қатар - Лубнон

10-уми январ (панҷшанбе)

16:00 Баҳрайн - Тайланд

18:30 Урдун - Сурия

21:00 Ҳиндустон - ИМА

11-уми январ (ҷумъа)

16:00 Фаластин - Австралия

18:30 Филиппин - Чин

21:00 Қирғизистон – Кореяи Ҷанубӣ

12-уми январ (шанбе)

16:00 Ветнам - Эрон

18:30 Яман - Ироқ

21:00 Лубнон – Арабистони Саудӣ

13-уми январ (якшанбе)

16:00 Кореяи Шимолӣ - Қатар

18:30 Умон - Ҷопон

21:00 Туркманистон - Узбекистон

14-уми январ (душанбе)

21:00 ИМА - Тайланд

21:00 Ҳиндустон - Баҳрайн

15-уми январ (сешанбе)

18:30 Австралия - Сурия

18:30 Фаластин - Урдун

16-уми январ (чоршанбе)

18:30 Кореяи Ҷанубӣ - Чин

18:30 Қирғизистон - Филиппин

21:00 Эрон - Ироқ

21:00 Ветнам - Яман

17-уми январ (панҷшанбе)

18:30 Умон - Туркманистон

18:30 Ҷопон - Узбекистон

21:00 Лубнон – Кореяи Шимолӣ

21:00 Арабистони Саудӣ - Қатар

1/8 финал. 20-уми январ (якшанбе)

16:00 1B - 3ACD

19:00 2A - 2C

22:00 1D - 3BEF

1/8 финал. 21-уми январ (душанбе)

16:00 1F - 2E

19:00 2B - 2F

22:00 1A - 3CDE

1/8 финал. 22-юми январ (сешанбе)

18:00 1C - 3ABF

21:00 1E - 2D

1/4 финал. 24-уми январ (панҷшанбе)

18:00 Ғолиби 1B/3ACD - Ғолиби 1F/2E

21:00 Ғолиби 2A/2C - Ғолиби 1D/3BEF

1/4 финал. 25-уми январ (ҷумъа)

18:00 Ғолиби 1C/3ABF - Ғолиби 1E/2D

21:00 Ғолиби 1A/3CDE - Ғолиби 2B/2F

Нимфинал. 28-уми январ (душанбе)

19:00 Ғолиби чорякфинали 2 – Ғолиби чорякфинали 1

Нимфинал. 29-уми январ (сешанбе)

19:00 Ғолиби чорякфинали 3 – Ғолиби чорякфинали 4

Финал. 1-уми феврал (ҷумъа)

19:00 Ғолиби нимфинали 1 - Ғолиби нимфинали 2

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG