Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" мунтахаби олимпии Тоҷикистонро шикаст дод


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии санҷишӣ мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистонро, ки аз бозигарони то 23-сола таркиб ёфтааст, бо ҳисоби бузурги 4:1 мағлуб кард. Ин бозӣ дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби олимпии Тоҷикистон 8-уми январ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд.

Ҳисобро дар дақиқаи 18-ум бозигари мунтахаби олимпии Тоҷикистон Саидмухтор Азимов боз кард. Вале баъди нӯҳ дақиқа ҳамлагари “Истиқлол” Комрон Турсунов ҳисобро баробар намуд. Дар нимаи дувуми дидор Урош Томович (дақиқаи 58-ум, аз пеналтӣ), Комрон Турсунов (дақиқаи 66-ум) ва Нозим Бобоҷонов (дақиқаи 68-ум) ба дарвозаи футболбозони ҷавони тоҷик се гол зада, бозиро бо ҳисоби 4:1 ба нафъи қаҳрамони Тоҷикистон анҷом доданд.

Бозии санҷишӣ

«Истиқлол» – Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) – 4:1

Голҳо: Саидмухтор Азимов, 18 (0:1). Комрон Турсунов, 27 (1:1). Урош Томович, 58 аз пеналтӣ (2:1). Комрон Турсунов, 66 (3:1). Нозим Бобоҷонов, 68 (4:1).

Тӯбро аз пеналтӣ ба ҳадаф нарасонд: Кароматулло Саидов, 73 (тири дарвоза).

«Истиқлол» (Душанбе): Беҳрӯз Хайриев, Амирбек Ҷӯрабоев (Фирӯз Қараев, 56), Искандар Ҷалилов (Шаҳром Раҷабов, 81), Бахтиёр Қаландаров, Аҳтам Назаров, Суҳроб Ҷалилов (Сорбон Ғиёсов, 74), Ҳикматулло Расулов (Шаҳром Сулаймонов, 56), Нозим Бобоҷонов, Фатҳулло Фатҳуллоев (Фарҳод Қосимов, 68), Урош Томович (Шаҳром Самиев, 69), Комрон Турсунов (Муҳаммад Ҳакимзода, 79).

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23): Рустам Ятимов, Ҳусейн Нурматов (Дороб Эргашев, 79), Зоир Ҷӯрабоев (Табрези Давлатмир, 53), Ваҳдат Ҳанонов, Алишер Баротов, Шервонӣ Мабатшоев, Саидмухтор Азимов, Муҳаммадҷон Раҳимов (Абдулмуъмин Забиров, 65), Кароматулло Саидов, Шериддин Бобоев, Амирҷон Сафаров (Далер Ёдгоров, 65).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

8-уми январ. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Зимнан, барои «Истиқлол» ин аввалин бозии санҷишӣ буд, ки дар ҷараёни омодагии даста ба мавсими нав таҳти раҳбарии сармураббии ҷадиди бошгоҳ Ҳаким Фузайлов доир гардид. «Истиқлол» бозии навбатии санҷиширо рӯзи 17-уми январ муқобили мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) анҷом медиҳад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 12:00 оғоз меёбад.

Дар ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби олимпии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе имрӯз, 9-уми январ, ба поён мерасад, сармураббӣ Усмон Тошев, мутахассиси 53-солаи узбекистонӣ, 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагарро ба ҳайати даста дохил намудааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23):

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»), Фатҳулло Бобоев («Хатлон»);

Ҳимоятгарон: Алишер Холмуродов («Панҷшер»), Табрези Давлатмир («Истиқлол»), Ҳусейн Нурматов, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров (ҳарсе – «Барқчӣ»), Зоир Ҷӯрабоев («Металлург», Узбекистон), Доробҷон Эргашев (ССКА «Помир»), Алишер Баротов («Хатлон»);

Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарду – «Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов, Шервонӣ Мабатшоев, Далер Ёдгоров, Абдулмуъмин Забиров, Саидмухтор Азимов (ҳама – «Барқчӣ»), Муҳсинҷон Абдуғаффоров (ССКА «Помир»);

Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Амирҷон Сафаров («Регар-ТадАЗ»), Тоҳир Малодӯстов («Барқчӣ»).

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 10-уми январ, барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат”, ки аз 15-ум то 23-юми январ дар Қатар доир мегардад, ба пойтахти ин кишвар - Доҳа – сафар менамояд.

Футболбозони тоҷик 15-уми январ муқобили тими Эрон бозӣ мекунанд. Мунтахаби Тоҷикистон 18-уми январ бо тими Қатар рӯбарӯ мешавад. Бозии севуми мунтахаби Тоҷикистон 21-уми январ бо тими Кувайт доир мегардад. Ҳамаи бозиҳо дар майдонҳои футболи Академияи «Aspire» баргузор мешаванд.

Ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қатар барои мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) яке аз давраҳои омодагии даста ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 22-юм то 26-уми март дар Тошканд барпо мегардад. Футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (22-юми март), Покистон (24-уми март) ва Узбекистон (26-уми март) рақобат мекунанд.

XS
SM
MD
LG