Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо Туркия


Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон, ки 7-уми январ ба шаҳри Эрзинҷон расид, дар доираи омодагӣ ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 бо тими миллии футзали Туркия ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозиҳои дӯстона миёни тимҳои миллии футзали Тоҷикистон ва Туркия рӯзҳои 9-ум ва 10-уми январ дар шаҳри Эрзинҷон баргузор мешаванд. Ҳарду бозӣ соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:00 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Ҳусейн Шодиев, сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон, ба ҳайати даста 14 бозигарро дохил кардааст, ки ду нафарашон дарвозабон мебошанд. Вале ба иллати латхӯрӣ дар ин бозиҳои дӯстона Некрӯз Алимаҳмадов, бозигари тими «Соро компания»-и Душанбе, инчунин легионерҳо – Фирӯз Бекмуродов ва Файзалӣ Сардоров, ки дар тими «Олға»-и Қирғизистон бозӣ мекунанд, ширкат намеварзанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона муқобили тими миллии Туркия:

Дарвозабонҳо: Муродулло Алиқулов («Соро компания»), Муродҷон Муродов («Карон»);

Бозигарони майдонӣ: Раҳмоналӣ Шарипов, Муҳаммадҷон Шарипов (ҳарду – «Соро компания»), Дилшод Саломов, Умедҷон Қузиев, Собирҷон Гулаков, Парвиз Раҳматов, Иқбол Воситзода (ҳама – «Сипар»), Қадам Абилов («Равшан»), Рустам Ҳамидов, Шавкат Ҳалимов (ҳарду – «Сан Сити», Қирғизистон), Баҳодур Хоҷаев («Садовая»), Идрис Ёров (бозигари озод).

«Бозиҳои дӯстона бо тими миллии Туркия яке аз марҳилаҳои омодагии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футзали Осиё-2020 мебошад, ки аз 16-ум то 26-уми октябри имсол доир мегардад», - гуфт ба Радиои Озодӣ Ҳусейн Шодиев.

Зимнан, соли гузашта дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Туркия чор бозии дӯстона анҷом дода буданд. Моҳи феврали соли 2017 ҳарду бозии дӯстона дар шаҳри Яловаи Туркия бо пирӯзии мизбонон бо натиҷаҳои 5:4 ва 3:2 хотима ёфт.

Баъдан моҳи декабри соли гузашта тимҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Туркия дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», боз ду бозии дӯстона доир карданд. Бозии аввал бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт. Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дувуми дӯстона аз тими миллии Туркия бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии футзали Осиё дар Тайбэйи Чин дар гурӯҳи “В” бо се имтиёз ҷойи севумро гирифт, аз ҳаққи ширкат дар даври чорякниҳоӣ маҳрум шуд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар ду бозиаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё аз тимҳои миллии Ҷопон ва Узбекистон бо ҳисоби якхелаи 2:4 шикаст хӯрда, дастаи Кореяи Ҷанубиро бо ҳисоби бузурги 7:0 шикаст дод.

Бояд тазаккур дод, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё ҳамагӣ даҳ бор иштирок кардааст (солҳои 2001, 2005, 2006, 2007, 2008, 2010, 2012, 2014, 2016 ва 2018). Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон ин роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2007 мебошад, ки дар Ҷопон барпо гардида буд.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG