Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ ҷиҳати омодагӣ ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 бо тими “Истиқлол”-и Душанбе бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин бозӣ имрӯз, 8-уми январ, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 12:00 шуруъ мешавад.
Дар ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби олимпии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, сармураббӣ Усмон Тошев аз 23 бозигари даъватшуда 9 футболбозро интихоб кард. Инҳо дарвозабон Рустам Ятимов, ҳимоятгарон Манучеҳр Сафаров, Алишер Холмуродов ва Алишер Баротов, нимҳимоятгарон Далер Ёдгоров, Абдулмуъмин Забиров ва Саидмухтор Азимов, инчунин ҳамлагарон Амирҷон Сафаров ва Тоҳир Малодӯстов мебошанд.
Дар рӯзи охирини ҷамъомад ба дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон 14 бозигаре, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии кишвар моҳи декабри соли гузашта дар бозиҳои дӯстона муқобили тимҳои миллии Умон ва Баҳрайн ширкат доштанд, пайвастанд. Ба ин тартиб, дар ҳамин ҳол дар ихтиёри ситоди мураббиёни мунтахаби олимпии Тоҷикистон 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар - қарор доранд.
Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23):
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»), Фатҳулло Бобоев («Хатлон»);
Ҳимоятгарон: Алишер Холмуродов («Панҷшер»), Табрези Давлатмир («Истиқлол»), Ҳусейн Нурматов, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров (ҳарсе – «Барқчӣ»), Зоир Ҷӯрабоев («Металлург», Узбекистон), Доробҷон Эргашев (ССКА «Помир»), Алишер Баротов («Хатлон»);
Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарду – «Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов, Шервонӣ Мабатшоев, Далер Ёдгоров, Абдулмуъмин Забиров, Саидмухтор Азимов (ҳама – «Барқчӣ»), Муҳсинҷон Абдуғаффоров (ССКА «Помир»);
Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Амирҷон Сафаров («Регар-ТадАЗ»), Тоҳир Малодӯстов («Барқчӣ»).
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 10-уми январ, барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат”, ки аз 15-ум то 23-юми январ дар Қатар доир мегардад, ба пойтахти ин кишвар - Доҳа – сафар менамояд.
Футболбозони тоҷик 15-уми январ муқобили тими Эрон бозӣ мекунанд. Мунтахаби Тоҷикистон 18-уми январ бо тими Қатар рӯбарӯ мешавад. Бозии севуми мунтахаби Тоҷикистон 21-уми январ бо тими Кувайт доир мегардад. Ҳамаи бозиҳо дар майдонҳои футболи Академияи «Aspire» баргузор мешаванд.
Ширкат дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дар Қатар барои мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) яке аз давраҳои омодагии даста ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 22-юм то 26-уми март дар Тошканд барпо мегардад. Футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (22-юми март), Покистон (24-уми март) ва Узбекистон (26-уми март) рақобат мекунанд.
Оставьте в покое этот народ! Дайте им жить спокойно и мирно.
Пешво иктисоди оиларо дар назар дорад, вагарна зиёда 9% рушди иктисоди дар ягон мамлакати тараккикардаи дунё дар соли 2021 мушохида нашудаст. Бо ин хисоботхои дуруг ва рушди бемисли иктисод мо кайхо бояд Сигапурро мегузаштем, вале аз чи бошад ки точики бечора холо хам дар фикри орду равган ...
Дар Ватан одамон мурдаистодан , дар хукумат мачлис .... Как буд то дар Бадахшон 4 то пашша мурда бошад (((( Инкадар куштор , инкадар хуни мардуми бегунохро ки чавоб мегуфта бошад ?!
Ҳаққи ҳалоли халқи тоҷикро сӣ сол шуд, ки мехӯрам, аҳ сер намешавам, ба ман фарқе надорад, кӣ дар куҷо чӣ кор мекунад, муҳим ҳаққи худро талаб накунад, талаб ҳам кунад, артиши сархӯр дар ихтиёрам, фармон медиҳам якдигарро мехӯранд, аммо ман бо тӯдаи пайвандонам ҳаққи ҳамаро якҷо мехӯрем. Ҳар фарди ин миллат кушта шавад, ба нафси ман ҳаққи нав илова мешавад, аз сулҳу ваҳдат фақат худам истифода мебарам, аз сарқонун фақат худам истифода мебарам, аз ҳама шароите маъишӣ фақат худам истифода мебарам, дар беҳтарин шароит, дар беҳтарин хона, дар беҳтарин “кругозор” зиндагӣ мекунам. Халқро садқаи ҳаққу ҳуқуқ кунад, як подаи гов, шуморо чиву серию пурӣ чӣ?! Ба умри ман баракат диҳед!
Чаро ин хабархо дар телевизион пахш нашуд? Чои русти дорад магар? Хайрон мешавам баъзе яку якбора чунин ходисахоро хонда