Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Осиё-2019: Яман аз Эрон 5 гол хӯрд


Рӯзи 7-уми январ дар Имороти Муттаҳидаи Араб се бозии даври аввали Ҷоми Осиё-2019 оид ба футбол дар гурӯҳҳои «С» ва «D» баргузор шуд.

Нахуст ду бозӣ дар гурӯҳи “С” доир гардид. Мунтахаби Чин дастаи Қирғизистонро бо ҳисоби 2:1 ва мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ тими Филиппинро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карданд. Як бозӣ дар гурӯҳи “D” доир гардид. Тими Эрон мунтахаби Яманро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод.

Ба ин тартиб, дар се рӯзи Ҷоми Осиё-2019 дар Иморот ҳафт бозӣ доир гардид, ки панҷтоаш бо пирӯзии яке аз дастаҳои мунтахаб хотима ёфт ва ду бозӣ мусовӣ шуд. Дар ҳамин ҳол панҷ дастаи ғолиб - дар гурӯҳи “А” Ҳиндустон, дар гурӯҳи «В» Урдун, дар гурӯҳи “С” Чин ва Кореяи Ҷанубӣ, дар гурӯҳи “D” Эрон - бо сеимтиёзӣ пешсафанд.

Имрӯз, 8-уми январ, бозии дувуми даври аввал дар гурӯҳи “D” миёни дастаҳои Ироқ - Ветнам ва як бозии даври аввал дар гурӯҳи “Е” байни тимҳои Арабистони Саудӣ – Кореяи Шимолӣ барпо мегарданд.

Дар Ҷоми Осиё-2019, ки дар чаҳор шаҳри Имороти Муттаҳидаи Араб – Абу-Даби, Ал-Айн, Дубай ва Шарҷа - то рӯзи 1-уми феврал идома меёбад, 24 дастаи ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоии мусобиқот ба шаш гурӯҳи чордастаӣ тақсим шудааст:

Гурӯҳи А: Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА), Тайланд, Ҳиндустон, Баҳрайн;

Гурӯҳи В: Австралия, Сурия, Фаластин, Урдун;

Гурӯҳи С: Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Қирғизистон, Филиппин;

Гурӯҳи D: Эрон, Ироқ, Ветнам, Яман;

Гурӯҳи E: Арабистони Саудӣ, Қатар, Лубнон, Кореяи Шимолӣ;

Гурӯҳи F: Ҷопон, Узбекистон, Умон, Туркманистон.

Бар асоси дастури мусобиқот дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои 1-2-юмро мегиранд, инчунин чор тими нишондодҳояш беҳтари ҷойҳои сеюм ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ пайдо мекунанд.

Тақвими бозиҳои Ҷоми Осиё-2019

5-уми январ (шанбе)

ИМА – Баҳрайн – 1:1

6-уми январ (якшанбе)

Австралия – Урдун – 0:1

Тайланд – Ҳиндустон – 1:4

Сурия – Фаластин – 0:0

7-уми январ (душанбе)

Чин – Қирғизистон – 2:1

Кореяи Ҷанубӣ – Филиппин – 1:0

Эрон – Яман – 5:0

8-уми январ (сешанбе)

18:30 Ироқ - Ветнам

21:00 Арабистони Саудӣ – Кореяи Шимолӣ

9-уми январ (чоршанбе)

16:00 Ҷопон - Туркманистон

18:30 Узбекистон - Умон

21:00 Қатар - Лубнон

10-уми январ (панҷшанбе)

16:00 Баҳрайн - Тайланд

18:30 Урдун - Сурия

21:00 Ҳиндустон - ИМА

11-уми январ (ҷумъа)

16:00 Фаластин - Австралия

18:30 Филиппин - Чин

21:00 Қирғизистон – Кореяи Ҷанубӣ

12-уми январ (шанбе)

16:00 Ветнам - Эрон

18:30 Яман - Ироқ

21:00 Лубнон – Арабистони Саудӣ

13-уми январ (якшанбе)

16:00 Кореяи Шимолӣ - Қатар

18:30 Умон - Ҷопон

21:00 Туркманистон - Узбекистон

14-уми январ (душанбе)

21:00 ИМА - Тайланд

21:00 Ҳиндустон - Баҳрайн

15-уми январ (сешанбе)

18:30 Австралия - Сурия

18:30 Фаластин - Урдун

16-уми январ (чоршанбе)

18:30 Кореяи Ҷанубӣ - Чин

18:30 Қирғизистон - Филиппин

21:00 Эрон - Ироқ

21:00 Ветнам - Яман

17-уми январ (панҷшанбе)

18:30 Умон - Туркманистон

18:30 Ҷопон - Узбекистон

21:00 Лубнон – Кореяи Шимолӣ

21:00 Арабистони Саудӣ - Қатар

1/8 финал. 20-уми январ (якшанбе)

16:00 1B - 3ACD

19:00 2A - 2C

22:00 1D - 3BEF

1/8 финал. 21-уми январ (душанбе)

16:00 1F - 2E

19:00 2B - 2F

22:00 1A - 3CDE

1/8 финал. 22-юми январ (сешанбе)

18:00 1C - 3ABF

21:00 1E - 2D

1/4 финал. 24-уми январ (панҷшанбе)

18:00 Ғолиби 1B/3ACD - Ғолиби 1F/2E

21:00 Ғолиби 2A/2C - Ғолиби 1D/3BEF

1/4 финал. 25-уми январ (ҷумъа)

18:00 Ғолиби 1C/3ABF - Ғолиби 1E/2D

21:00 Ғолиби 1A/3CDE - Ғолиби 2B/2F

Нимфинал. 28-уми январ (душанбе)

19:00 Ғолиби чорякфинали 2 – Ғолиби чорякфинали 1

Нимфинал. 29-уми январ (сешанбе)

19:00 Ғолиби чорякфинали 3 – Ғолиби чорякфинали 4

Финал. 1-уми феврал (ҷумъа)

19:00 Ғолиби нимфинали 1 - Ғолиби нимфинали 2

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG