Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Осиё-2019: Пирӯзии Урдун ва Ҳиндустон дар даври аввал


Бозиҳои даври аввали Ҷоми Осиё-2019 оид ба футбол дар гурӯҳҳои «А» ва В» рӯзҳои 5-6-уми январ дар Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА) баргузор шуданд.

Бозии даври аввали гурӯҳи “А” 5-уми январ миёни дастаҳои мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб ва Баҳрайн бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид. Дар бозии дигари ин гурӯҳ, ки 6-уми январ доир гардид, мунтахаби Ҳиндустон тими Тайландро бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст дод. Дар ин гурӯҳ Ҳиндустон бо се имтиёз дар ҷойи аввал аст. Баҳрайн ва ИМА бо якимтиёзӣ дар зинаҳои дувуму севум ҷойгир шудаанд. Тайланд бидуни имтиёз дар ҷойгоҳи чорум қарор дорад.

Ду бозии даври аввал дар гурӯҳи «В», ки 6-уми январ баргузор шуд, бо чунин натиҷаҳо хотима ёфт: Австралия – Урдун – 0:1, Сурия – Фаластин – 0:0. Дар ин гурӯҳ Урдун бо се имтиёз пешсаф аст. Сурия ва Фаластин бо якимтиёзӣ ҷойҳои дувуму севумро касб намудаанд. Австралия бидуни имтиёз дар ҷойгоҳи чорум қарор дорад.

Имрӯз, 7-уми январ, ду бозӣ дар гурӯҳи “С” миёни дастаҳои Чин – Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ – Филиппин ва як бозӣ дар гурӯҳи “D” байни тимҳои Эрон – Яман барпо мегардад.

Дар Ҷоми Осиё-2019, ки дар чаҳор шаҳри Имороти Муттаҳидаи Араб – Абу-Даби, Ал-Айн, Дубай ва Шарҷа - то рӯзи 1-уми феврал идома меёбад, 24 дастаи ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоии мусобиқот ба шаш гурӯҳи чордастаӣ тақсим шудааст:

Гурӯҳи А: Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА), Тайланд, Ҳиндустон, Баҳрайн;

Гурӯҳи В: Австралия, Сурия, Фаластин, Урдун;

Гурӯҳи С: Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Қирғизистон, Филиппин;

Гурӯҳи D: Эрон, Ироқ, Ветнам, Яман;

Гурӯҳи E: Арабистони Саудӣ, Қатар, Лубнон, Кореяи Шимолӣ;

Гурӯҳи F: Ҷопон, Узбекистон, Умон, Туркманистон.

Бар асоси дастури Ҷоми Осиё-2019 дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои 1-2-юмро мегиранд, инчунин чор дастаи нишондодҳояш беҳтар дар байни шаш дастаи дар гурӯҳҳо ҷойҳои сеюмро ишғолнамуда ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ пайдо мекунанд.

Маблағи умумии ҷавоизи Ҷоми Осиё-2019 14,8 миллион долларро ташкил медиҳад, ки ба таври зайл тақсим мешавад:

5 миллион доллар - барои ғолиби мусобиқот;

3 миллион доллар - барои финалист;

1 миллион долларӣ - барои дастаҳое, ки дар нимфинал мағлуб мешаванд.

Ба ҳамаи 24 дастаи мунтахаб, ки дар Ҷоми Осиё-2019 ширкат меварзад, 240 000 долларӣ тақдим мегардад.

Тимҳои миллии Кореяи Ҷанубӣ ва Эрон аз ҳама бештар - 14-борӣ – дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё, ки барои бори 17-ум доир шудааст, иштирок мекунанд. Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон, Филиппин ва Яман барои аввалин бор ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё мушарраф гаштаанд.

Бояд тазаккур дод, аз минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо мунтахаби Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 роҳ пайдо накард. Зимнан, мунтахаби Тоҷикистон дар таърихи худ ягон бор дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё ширкат наварзидааст.

Дастаҳои мунтахаби Узбекистону Туркманистон ҳамроҳи тимҳои миллии Умону Ҷопон ба гурӯҳи “F” шомиланд. Мунтахаби Узбекистон бори ҳафтум ва мунтахаби Туркманистон бори дувум дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё ширкат меварзанд. Дар даври аввал 9-уми январ мунтахаби Туркманистон бо Ҷопон ва дастаи Узбекистон бо тими Умон рӯбарӯ мешаванд.

Мунтахаби Қирғизистон, ки бори аввал ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат гирифтааст, дар гурӯҳи “С” бо тимҳои миллии Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Филиппин рақобат мекунад. Бозии аввали мунтахаби Қирғизистон имрӯз, 7-уми январ, бо тими Чин доир мегардад.

Тақвими бозиҳои Ҷоми Осиё-2019

5-уми январ (шанбе)

ИМА – Баҳрайн – 1:1

6-уми январ (якшанбе)

Австралия – Урдун – 0:1

Тайланд – Ҳиндустон – 1:4

Сурия – Фаластин – 0:0

7-уми январ (душанбе)

16:00 Чин - Қирғизистон

18:30 Кореяи Ҷанубӣ - Филиппин

21:00 Эрон - Яман

8-уми январ (сешанбе)

18:30 Ироқ - Ветнам

21:00 Арабистони Саудӣ – Кореяи Шимолӣ

9-уми январ (чоршанбе)

16:00 Ҷопон - Туркманистон

18:30 Узбекистон - Умон

21:00 Қатар - Лубнон

10-уми январ (панҷшанбе)

16:00 Баҳрайн - Тайланд

18:30 Урдун - Сурия

21:00 Ҳиндустон - ИМА

11-уми январ (ҷумъа)

16:00 Фаластин - Австралия

18:30 Филиппин - Чин

21:00 Қирғизистон – Кореяи Ҷанубӣ

12-уми январ (шанбе)

16:00 Ветнам - Эрон

18:30 Яман - Ироқ

21:00 Лубнон – Арабистони Саудӣ

13-уми январ (якшанбе)

16:00 Кореяи Шимолӣ - Қатар

18:30 Умон - Ҷопон

21:00 Туркманистон - Узбекистон

14-уми январ (душанбе)

21:00 ИМА - Тайланд

21:00 Ҳиндустон - Баҳрайн

15-уми январ (сешанбе)

18:30 Австралия - Сурия

18:30 Фаластин - Урдун

16-уми январ (чоршанбе)

18:30 Кореяи Ҷанубӣ - Чин

18:30 Қирғизистон - Филиппин

21:00 Эрон - Ироқ

21:00 Ветнам - Яман

17-уми январ (панҷшанбе)

18:30 Умон - Туркманистон

18:30 Ҷопон - Узбекистон

21:00 Лубнон – Кореяи Шимолӣ

21:00 Арабистони Саудӣ - Қатар

1/8 финал. 20-уми январ (якшанбе)

16:00 1B - 3ACD

19:00 2A - 2C

22:00 1D - 3BEF

1/8 финал. 21-уми январ (душанбе)

16:00 1F - 2E

19:00 2B - 2F

22:00 1A - 3CDE

1/8 финал. 22-юми январ (сешанбе)

18:00 1C - 3ABF

21:00 1E - 2D

1/4 финал. 24-уми январ (панҷшанбе)

18:00 Ғолиби 1B/3ACD - Ғолиби 1F/2E

21:00 Ғолиби 2A/2C - Ғолиби 1D/3BEF

1/4 финал. 25-уми январ (ҷумъа)

18:00 Ғолиби 1C/3ABF - Ғолиби 1E/2D

21:00 Ғолиби 1A/3CDE - Ғолиби 2B/2F

Нимфинал. 28-уми январ (душанбе)

19:00 Ғолиби чорякфинали 2 – Ғолиби чорякфинали 1

Нимфинал. 29-уми январ (сешанбе)

19:00 Ғолиби чорякфинали 3 – Ғолиби чорякфинали 4

Финал. 1-уми феврал (ҷумъа)

19:00 Ғолиби нимфинали 1 - Ғолиби нимфинали 2

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG