Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тобути Раҷабмоҳ Исоева ва се кӯдакашро 6 январ ба Душанбе меоранд


Раҷабмоҳ Исоева бо Аҳмаду Фотима ва Муҳаммад
Раҷабмоҳ Исоева бо Аҳмаду Фотима ва Муҳаммад

Тобути Раҷабмоҳ Исоева, Аҳмаду Фотима ва Муҳаммад Улфатовҳо, ки дар зери бинои фурӯрафтаи шаҳри Магнитогорск ҷон бохтанд, шоми 6-уми январ ба ватан оварда хоҳад шуд.

Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи шанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасадҳоро тавассути ҳавопаймои "Сомон Эйр" ва аз Екатеринбург ба Душанбе мефиристанд.

Наздиконашон мегӯянд, модару се кӯдак дар деҳаи Ориёни ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон дафн карда хоҳанд шуд.

Падари хонавода Шӯҳрат Улфатов дар ҳодисаи Магнитогорск шадидан маҷруҳ шуда, феълан дар бемористони вилоятии Челябинск дар ҳолати кома ё беҳушии сунъӣ будааст.

Як қисми бинои даҳошёна дар шаҳри Магнитогорск субҳи 31-уми декабри соли 2018 фурӯ рафт. Мақомоти Русия гуфтанд, ки ба эҳтимоли зиёд ҳодиса бар асари таркиши гази табиӣ рух дода, дар натиҷаи он 39 хона пурра ва даҳ манзил қисман хароб шудаву даҳҳо нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ҷасади Раҷабмоҳ Исоеваи 24-сола ва се кӯдакаш, ки дар зери харобаҳои бинои фурӯрафтаи шаҳри Магнитогорск монда буданд, баъди се рӯзи ҳодиса пайдо ва берун оварда шуданд.

Хадамоти наҷот рӯзи чаҳоруми январ хабар дод, ки корҳои ҷустуҷӯиро қатъ кардааст. Ва ҳамон рӯз нахустин маросими дафни қурбониёни фурӯравии як бахши манзили бисёрошёна дар Магнитогорск баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG