Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 бо тими миллии футзали Туркия ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозиҳои дӯстона миёни тимҳои миллии футзали Тоҷикистон ва Туркия рӯзҳои 9-ум ва 10-уми январ дар шаҳри Эрзинҷон баргузор мешаванд.
Дар ҳамин ҳол мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев барои омодагӣ ба бозиҳои дӯстона бо тими миллии Туркия дар шаҳри Душанбе ҷамъомади таълимиву тамринӣ баргузор кардааст. Ба ҳайати даста 14 бозигар шомил аст.
Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон:
Дарвозабонҳо: Муродулло Алиқулов («Соро компания»), Муродҷон Муродов («Карон»);
Бозигарони майдонӣ: Раҳмоналӣ Шарипов, Муҳаммадҷон Шарипов (ҳарду – «Соро компания»), Дилшод Саломов, Умедҷон Қузиев, Собирҷон Гулаков, Парвиз Раҳматов, Иқбол Воситзода (ҳама – «Сипар»), Қадам Абилов («Равшан»), Рустам Ҳамидов, Шавкат Ҳалимов (ҳарду – «Сан Сити», Қирғизистон), Баҳодур Хоҷаев («Садовая»), Идрис Ёров (бозигари озод).
Ба иттилои сармураббӣ Ҳусейн Шодиев, мунтахаби Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 6-уми январ ба Истамбул ва аз онҷо ба Эрзинҷон сафар мекунад.
«Бозиҳои дӯстона бо тими миллии Туркия яке аз марҳилаҳои омодагии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футзали Осиё-2020 мебошад, ки аз 16-ум то 26-уми октябри имсол доир мегардад», - гуфт ба Радиои Озодӣ Ҳусейн Шодиев.
Зимнан, соли гузашта дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Туркия чор бозии дӯстона анҷом дода буданд. Моҳи феврали соли 2017 ҳарду бозии дӯстона дар шаҳри Яловаи Туркия бо пирӯзии мизбонон бо натиҷаҳои 5:4 ва 3:2 хотима ёфт.
Баъдан моҳи декабри соли гузашта тимҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Туркия дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», боз ду бозии дӯстона доир карданд. Бозии аввал бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт. Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дувуми дӯстона аз тими миллии Туркия бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамони футзали Осиё дар Тайбэйи Чин дар гурӯҳи “В” бо се имтиёз ҷойи севумро гирифт, аз ҳаққи ширкат дар даври чорякниҳоӣ маҳрум шуд.
Мунтахаби Тоҷикистон дар ду бозиаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё аз тимҳои миллии Ҷопон ва Узбекистон бо ҳисоби якхелаи 2:4 шикаст хӯрда, дастаи Кореяи Ҷанубиро бо ҳисоби бузурги 7:0 шикаст дод.
Бояд тазаккур дод, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё ҳамагӣ даҳ бор иштирок кардааст (солҳои 2001, 2005, 2006, 2007, 2008, 2010, 2012, 2014, 2016 ва 2018). Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон ин роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2007 мебошад, ки дар Ҷопон барпо гардида буд.
Мо Точикони дунë бояд муттахид шавим вагарна моро дар танхои охиста охиста нобуд мекунанд. Ахамад Шох Масуд. Душманат чор тараф хонагию ачнабианд, Тани танхо ба чи неру сафи агëр шиканам.
Махалпарасти бадб.ахти оварад Махалпарасти ба нести оварад Махалпараст машав,миллатдуст шав. Миллатдусти хушбахти оварад
Биёед ҷони гапро занем. Маҳалгароӣ ба дараҷаи олӣ ҳастем. Лекин як миллат нестем. Ҳеҷгоҳ сарҷамъ нестем. Ғайри имкон аст,ки Бадахшониҳо,Суғдиҳо, Кӯлобиҳо, Қаротегиниҳо ва ғайра як миллат бошанд. Чаро? Бо якдигар дӯсту бародар нестем. Ба якдигар раҳм надорем. Кадомеро пурси мегӯяд ман зӯрам айби ман нест. Дур назар накунед афғону эрониву ӯзбеку қирғизу қазоқро бинед. Оё мо ягон давру замон сарҷамъ ва як миллат мешавад? Ё на мусалмони ҳақиқи ва на кофири мутлақ мемонем???
Кор то дарачае расидааст ки рохбарони дарачаи поёни низ аз нигохи махал тайин мегарданд. Масалан директори бозори марказии ш. Истаравшан аз кадом як минтакаи чануб таин гардид . Дар рузи якуми кори тамоми кормандони пештараро аз кор ронда , гирди худ хешовандонашро чамъ намуд. То хатто назоратчиёну посбонони бозор хама хешовандони раисанд.
Чи чавоб метем? Вакте ки карздорем, Вакте ки коррупция экономикара фалач кардааст, вакте ки махалгарои ва хешу туборбози дар сатхи баланд аст, вакте ки хукумат бо халк дар як радиф нест, вакте ки бекори авч кадааст, Вакте ки халк барои нони даханша ёфтан якта якта не, гуфти у гап кабила кабила ба мухочират рафтесан, аз кадом чихат ба хитой истодагари мекуне????? Хитой уже аз паи рох кушои дар коинот аст акам. Мо холо чои кори муносиб офарида наметонем, халкро дар айни сармо бо барк таьмин када наметонем.