Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамрини мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон дар Душанбе


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) таҳти раҳбарии Усмон Тошев дар доираи омодагӣ ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шуруъ кард.

Ба ин ҷамъомад, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, бозигароне даъват шудаанд, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон моҳи декабри соли гузашта дар бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Умон ва Баҳрайн ширкат надоштанд. Ва аммо футболбозоне, ки дар он бозиҳо иштирок доштанд, баъдтар ба машғулиятҳо ҷалб мешаванд.

Ҳайати васеи дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23): Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Фатҳулло Бобоев («Хатлон»);
Ҳимоятгарон: Шаҳром Сулаймонов («Истиқлол»), Алишер Холмуродов («Панҷшер»), Султоншо Мирзоев, Оятулло Сафаров, Маҳмадзарифи Абдураҳим, Ҳувайдои Гулмурод, Манучеҳр Сафаров (ҳама аз «Барқчӣ»), Алишер Баротов, Наимҷон Иброҳимзода (ҳарду аз «Хатлон»);
Нимҳимоятгарон: Мунир Давлатбеков, Сорбон Авғонов (ҳарду аз «Панҷшер»), Ҳоҷибой Зиёев («Хуҷанд»), Зиёвуддин Фузайлов, Абдулмуъмин Забиров, Саидмухтор Азимов, Далер Ёдгоров (ҳарчор аз «Барқчӣ»), Отабек Каримов («Истаравшан»), Худойдод Узоқов («Хатлон»);
Ҳамлагарон: Амирҷон Сафаров («Регар-ТадАЗ»), Шаҳром Самиев («Сомон»), Тоҳир Малодӯстов («Барқчӣ»).

Баъди анҷоми ҷамъомад дар Душанбе ҳайати дастаи мунтахаб барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат”, ки аз 15-ум то 23-юми январ дар Доҳаи Қатар доир мегардад, таркиб дода мешавад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи «Чор миллат» дар Доҳа дастаҳои мунтахаби олимпии Кувайт, Қатар, Тоҷикистон ва Эрон иштирок менамоянд.

Футболбозони тоҷик дар даври аввал 15-уми январ муқобили тими Эрон бозӣ мекунанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувум 18-уми январ бо тими Қатар рӯбарӯ мешавад. Бозии севуми мунтахаби Тоҷикистон 21-уми январ бо тими Кувайт доир мегардад. Ҳамаи бозиҳо дар майдонҳои Академияи «Aspire» баргузор мешаванд.

Мусобиқаи байналмилалии «Чор миллат» дар Доҳа миёни дастаҳои мунтахаби олимпии зери 23-сола

Даври 1-ум

15-уми январ (сешанбе)

19:30 – Эрон – Тоҷикистон

21:30 – Қатар – Кувайт

Даври 2-юм

18-уми январ (ҷумъа)

19:30 – Эрон – Кувайт

21:30 – Қатар – Тоҷикистон

Даври 3-юм

21-уми январ (душанбе)

19:30 – Тоҷикистон – Кувайт

21:30 – Қатар – Эрон

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

Ширкат дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дар Қатар барои мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) яке аз давраҳои омодагии даста ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 22-юм то 26-уми март дар Тошканд барпо мегардад. Футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (22-юми март), Покистон (24-уми март) ва Узбекистон (26-уми март) рақобат мекунанд.

Дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2020 ҳамагӣ 44 дастаи мунтахаби ҷавонони зери 23-сола, ки бар асоси қуръакашӣ ба 11 гурӯҳ тақсим шудааст, иштирок мекунад. Дар минтақаи Ғарб шаш гурӯҳ ва дар минтақаи Шарқ панҷ гурӯҳ ташкил шудааст.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин 4 дастаи ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо бо натиҷаҳои хубтар ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 8-ум то 26-уми январи соли 2020 дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Агар мизбони мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2020 - мунтахаби Тайланд – дар сабқати интихобӣ дар гурӯҳи худ мақоми аввалро касб намояд (ё дар байни чор дастаи дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дуюмро ишғолнамуда аз рӯи натиҷаҳои хубтар ҷойгир шавад), онгоҳ дастаи панҷуми ҷойҳои дуюм ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳхат мегирад.

Бояд гуфт, ки се дастаи беҳтарини мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонони зери 23-сола соҳибони роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио мешаванд.

XS
SM
MD
LG