Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба рапид ё шоҳмоти фаврӣ ва блитс ё шоҳмоти барқвор, ки аз 25-ум то 31-уми декабр дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд, бо пирӯзии шатранҷбозон аз Русия, Чин ва Норвегия ба поён расид.
Ба иттилои сомонаи расмии ин мусобиқот, дар қаҳрамонии ҷаҳон зӯртарин шатранҷбозони ҷаҳон, ки дар феҳристи ФИДЕ (Федератсиони байналмилалии шоҳмот) на камтар аз 2500 имтиёз доранд, иштирок карданд.
Дар мусобиқа оид ба рапид миёни мардон, ки 150 шатранҷбоз аз 40 кишвар ширкат варзид, Даниил Дубови русиягӣ ғолиб омад. Ӯ аз 15 имтиёзи имконпазир 11 имтиёз гирифт. Шатранҷбози озарбойҷонӣ Шаҳриёр Мамедёров (10,5 имтиёз) дувум ва амрикоӣ Ҳикару Накамура (10,5 имтиёз) севум шуданд.
Дар сабқати занон оид ба рапид Тзюй Вэнтзюни чиноӣ, қаҳрамони ҷаҳон оид ба шоҳмот, бо 10 имтиёз аз 12 имтиёзи имконпазир ғолиб шуд. Соросаодат Ходималшарёҳ аз Эрон дар ҷойгоҳи дувум ва Александра Горячкинаи русиягӣ дар ҷойгоҳи севум қарор гирифтанд.
Магнус Карлсени норвегиягӣ, қаҳрамони 16-уми ҷаҳон оид ба шоҳмот, ғолиби қаҳрамонии ҷаҳон оид ба блитс гардид. Ӯ аз рӯи натиҷагирии 21 давр 17 имтиёз ба даст овард ва танҳо аз устоди байналмилалӣ Шамсиддин Воҳидови узбекистонӣ шикаст хӯрд.
Ян-Кшиштоф Дуда аз Лаҳистон ҷойи дувум ва Ҳикару Накамура аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷойи севумро касб намуданд.
Екатерина Лагнои русиягӣ дар сабқати занон оид ба блитс ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт. Ӯ дар 17 бозӣ 13,5 имтиёз гирифт ва аз Соросаодат Ходималшарёҳи эронӣ (13 имтиёз) ва Лэй Тинтсзеи чиноӣ (12,5 имтиёз) пеш гузашт.
Фаррух Амонатов, шатранҷбози маъруфи тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба рапид ё шоҳмоти фаврӣ ширкат варзид. Ӯ ягона шатранҷбозе буд, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ намояндагӣ кард. Ӯ бо 8 имтиёз дар байни 150 нафар мақоми 72-юмро касб намуд.
Маблағи бунёди ҷавоизи мусобиқот 1 миллион доллари ИМА-ро ташкил медод. Аз он ҷумлв, ба ғолибони қаҳрамонии ҷаҳон оид ба рапид ва блитс миёни мардон 60 ҳазор доллар ва миёни занон 40 ҳазор доллар супурда шуд.
Аз ба истило ,,хукумати худкомаи,, Точикистон гуе ки фирор карданд ва озими Европа мешаванд. Вале аз нияту, маром ва максадхои нопокашон хеч вакт даст намекашанд. Инхоро агар ба Мох ва е Миррих хам одам равон кунад аз мафкураи танги Дини даст нахоханд кашид. Чунки ба шайтон байхат кардаанд ва фикрашон на Инсондусти ва Зиндаги балки факат намоз хондану чиходу катлу куштори инсон он хам бошад ба номи Аллох ва Исломи худашон. Чояшон факат зиндон аст ва е гуристон.
Аҷиб, бемории COVID-19 дар Тоҷикистон набошад пас 2 миллион ваксина барои чи лозим? Агар ин қадар истеҳсолот зиёд шуда бошад пас чаро буҷаи давлатӣ кам баромад? Агар ин қадар ҷойҳои кории нав ташкил шуд, чаро сафи бекорон ва камбизоатӣ зиёд шуд? Истеҳсоли барқ зиёд шуда бошад чаро лимити шадид дар тамоми Тоҷикистон? Умуман ин қадр пешрафту комёбиҳои зиёд шуда бошад чи лозим боз қарз мегиранд аз ташкилотҳои молиявии хориҷӣ? Чаро ягон сухани гуфта шуда дар ҳает ҳақиқат надорад ё баракс аст? .
Дар бораи нарх : !!!!!! Чихел намефахмед ??? Иктисоди бозаргони, давлат ба нарх дахолат намекунад, Умуман минталитети мардуми мо то хол ба СССР монандаст, бояд хаммакорро давлат кунал, чои кор дихад, заводу фабрика созад, нархи арзон дихад, як савол , аз кучо??? 9000000 мардум факат аз гиребони давлат. Барои мисол: Амрикоро давлат бой накардааст, мардумаш талош карданд, хонданд, босавод шуданд, Apple, Microsoft, Boeing, долар, интернет, GM, Tesla, Ford, Cadillac, Биржа, ООН, ЮНИСЕФ, Macdonalds, KFC, NIKE, SpaceX, NATO боз чандин бренхои дигар. ! Ягонтаи инро давлат насохтаас! Аз пушти инхо давлат бой шуд. Дар Точикистон ягон падару модар ба таълими фарзандаш ахамият намедихад, барои он ки худащ бесавод аст, бесавод калон мешавад, гиребони давлатро мегирад, Давлат вазифааш таъмини сулху бехатари ва отношении хуб бо давлахои хорича мебошад. Барои хамин мо бояд идеае ё коре кунем ки давлат аз пушти мо бой шавад. Пушида нес Точикистон уммуман бойгари надорад, ба монанди нефт, газ, тилло... Барои хамин мардум!: худ бояд аз паи фикру допишу навигари шавед. Як бор фикр кунед! Мо хаммамон бесавод хастед. Ин хуб нес, ки худ аз дастат чизе намеояду гиребони як каси дигарро мегири ки хаммаи чизро бароят мухаё кунад, ин нодуруст аст. Бесаводистон
Охир то кая мардумро фиреб мекунед шарм кунед камтарак не чойи кору не пулу не мол ба хама аз муаллиму донишчу ректор зулм кардан бас аст ин Халк 1 мох баьд бинед чи ходиса мешавад ба ин бекори
Демократияву адолати аврупои ана инро мегуянд! Дар мо барои як лайк ё коммент аз 10 то 15 соли умри чавонои нозанина паси панчара бурданд. Гур дар сари шуравиву чахони рус! Хама вахшигариву, хашму нодурустихо аз хамонхо ба мо меърос мондааст. Мо точикон бештар бояд бо Аврупо равобити хуб баркарор кунем, на барои кор, балки барои тахсилот. Насихат барои чавонои хунгарм. Мухочирон дар Хабаша беодоби намекарданд! Лутфан одобу ахлоки накуро пеша кунед!