Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳтаринҳои футболи Тоҷикистон муайян шуданд


Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) барандагони ҷоизаҳои инфиродиро аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2018 эълон кард.

Ғолибон аз рӯи номинатсияҳои мухталиф дар як маросиме, ки имрӯз, 28-уми декабр, дар Душанбе, дар маҷмааи "Кохи Cуруш", доир гардид, бо ҷоизаҳо мукофотонида шуданд.

Эҳсони Панҷшанбе, нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19), бо ҷоизаи "Беҳтарин бозигари сол" сарфароз гардид.

Никола Стошич (“Истиқлол”) бо ҷоизаиБеҳтарин дарвозабони сол”, Хуршед Бекназаров (“Хуҷанд”-и Хуҷанд) бо ҷоизаи “Беҳтарин ҳимоятгари сол”, Кароматулло Саидов (“Хатлон”-и Бохтар) бо ҷоизаи “Беҳтарин нимҳимоятгари сол”, Ҷаҳонгир Эргашев (“Хуҷанд”) бо ҷоизаи “Беҳтарин ҳамлагари сол” мукофотонида шуданд.

Ба Шериддин Бобоев (“Истиқлол”), ки дар мавсими имсола 12 гол задааст, ҷоизаи “Беҳтарин нишонзани лигаи олӣ” супурда шуд. Алиҷон Турдиназаров, ки бо раҳбарии ӯ тими “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ соҳиби медалҳои биринҷӣ гардид, бо ҷоизаи “Беҳтарин мураббии сол” сарфароз гашт. Сайёдҷон Зайниддинов аз Душанбе соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин довари сол” гардид.

Ҳамаи лауреатҳои мавсими футболи тоҷик дар соли 2018

Лигаи наврасон (U-15)

Беҳтарин бозигар – Кароматулло Боронов («Хатлон», Бохтар);

Беҳтарин нишонзанМуҳаммадворис Сайдалиев («Соро компания»);

Беҳтарин мураббӣИсмоил Саидов («Соро компания»);

Лигаи наврасон (U-17)

Беҳтарин бозигарНушервон Ҳомидов («Истиқлол»);

Беҳтарин нишонзанСуннатулло Азизов («Хатлон», Бохтар);

Беҳтарин мураббӣЮсуф Рабиев («Истиқлол»);

Лигаи наврасон (U-18)

Беҳтарин бозигар – Алинур Ниёзбеков («Орзу-2026»-и Академияи футболи ФФТ);

Беҳтарин нишонзан – Абдуллоҷони Қурбоналӣ («Истиқлол»);

Беҳтарин мураббӣ – Ҳикмат Фузайлов («Орзу-2026»-и Академияи футболи ФФТ);

Лигаи футболи занона

Беҳтарин дарвозабон – Сайёра Саидова («Зебонисо»);

Беҳтарин нишонзан – Лайло Ҳалимова («Хатлон», Бохтар);

Беҳтарин мураббӣ – Нодира Мирзоева («Регар-ТадАЗ»);

Мусобиқоти собиқадорон

Беҳтарин нишонзан – Сайҳомид Амиршоев («Кӯлоб», Душанбе);

Беҳтарин мураббӣ – Сайдалӣ Абдуллоев («Ромис-Испечак»);

Беҳтарин бозигар Мансур Ҳакимов («Хуҷанд»);

Лигаи касбии футзал

Беҳтарин нишонзанБаҳодур Хоҷаев («Садовая»), 72 тӯб;

Беҳтарин мураббӣ – Пайрав Воҳидов («Соро компания»);

Беҳтарин бозигар – Раҳмоналӣ Шарипов («Соро компания»);

Лигаи якум

Беҳтарин нишонзан – Бахтовар Наҷмиддинов («Сомон»), 26 тӯб;

Беҳтарин мураббӣ – Шуҳрат Шамсиев («Истаравшан»);

Беҳтарин бозигар – Илҳом Баротов («Истаравшан»);

Мусобиқоти дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ

Беҳтарин нишонзан – Тоҳир Малодӯстов («Барқчӣ»), 17 тӯб;

Беҳтарин мураббӣ – Уктам Сатторов («Регар-ТадАЗ»);

Беҳтарин бозигар – Суннатулло Исмоилов («Хатлон», Бохтар);

Лигаи олӣ

Беҳтарин дарвозабон – Никола Стошич («Истиқлол»);

Беҳтарин ҳимоятгар – Хуршед Бекназаров («Хуҷанд»);

Беҳтарин нимҳимоятгар – Кароматулло Саидов («Хатлон»);

Беҳтарин ҳамлагар – Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»);

Беҳтарин нишонзан – Шериддин Бобоев («Истиқлол»), 12 тӯб;

Беҳтарин довар – Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе);

Беҳтарин мураббӣ – Алиҷон Турдиназаров («Кӯктош»);

Беҳтарин бозигари солЭҳсони Панҷшанбе («Истиқлол).

XS
SM
MD
LG