Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати Фаррух Амонатов дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Санкт-Петербург


Фаррух Амонатов.
Фаррух Амонатов.

Фаррух Амонатов, шатранҷбози маъруфи тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба блитс ё шоҳмоти барқвор ва рапид ё шоҳмоти фаврӣ, ки аз 25-ум то 31-уми декабр дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, ширкат меварзад. Ӯ ягона шатранҷбозест, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ намояндагӣ мекунад.

Ба иттилои сомонаи расмии ин мусобиқот, дар қаҳрамонии ҷаҳон зӯртарин шатранҷбозони ҷаҳон, ки дар феҳристи ФИДЕ (Федератсиони байналмилалии шоҳмот) на камтар аз 2500 имтиёз доранд, иштирок менамоянд.

Фаррух Анонатов феълан дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба сар мебарад ва дар ҳамаи мусобиқоти байнулмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.

Фаррух Амонатов дар феҳристи ҷаҳонӣ оид ба рапид 2688 имтиёз ва оид ба блитс 2656 имтиёз дорад. Дар мусобиқа оид ба рапид миёни мардон 204 шатранҷбоз ва миёни занон 123 нафар, оид ба блитс байни мардон 206 кас ва миёни занон 125 нафар ширкат меварзанд.

Магнус Карлсени норвегиягӣ, қаҳрамони ҷаҳон оид ба шоҳмоти классикӣ, ки дар феҳристи ҷаҳонӣ оид ба рапид ва блитс дар мақоми аввал аст, яке аз муддаиёни аслии ҷоизаҳо маҳсуб мешавад. Аркадий Дворкович, президенти ФИДЕ, гуфтааст, ки маблағи бунёди ҷавоизи мусобиқот 1 миллион доллари ИМА – ро ташкил медиҳад.

Соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба рапид ва блитс ки дар Арабистони Саудӣ доир гардида буд, гроссмейстер ё бузургустоди ҳинд Вишванатан Ананд оид ба рапид ва Магнус Карлсен оид ба блитс ғолиб шуда буданд. Дар сабқати занон қаҳрамони феълии ҷаҳон оид ба шоҳмоти классикӣ Тзюй Вэнтзюн аз Чин оид ба рапид ва Нана Дзагнидзе аз Гурҷистон оид ба блитс ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Зимнан, Фаррух Амонатов чанд рӯз пеш дар як мусобиқаи байналмилалӣ дар Чили мақоми севумро касб намуд. Дар ин мусобиқаи бонуфуз 127 шатранҷбоз аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ширкат дошт.

Фаррух Амонатов, ки ягона гроссмейстер дар Тоҷикистон аст, дар 10 бозӣ бо 6 пирӯзию 3 мусовӣ – 7,5 имтиёз ба даст овард. Ӯ танҳо аз ғолиби мусобиқа – Алексей Широв, ки Испанияро намояндагӣ мекунад, мағлуб гашт. Ҷойи дувумро Ренато Терро аз Перу соҳиб гашт.

Фаррух Амонатов 13-уми апрели соли 1978 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ аз синни шашсолагӣ ба шоҳмот шуғл меварзад. Мураббии аввалинаш Вячеслав Ким буд. Соли 1995 мактаби миёнаи рақами 20-и пойтахти Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъдан Донишгоҳи техникии мухобирот ва иттилооти шаҳри Маскави Русияро ба итмом расонидааст.

Фаррух Амонатов соли 2002 дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот меъёри гроссмейстери байнулмилалиро ба ҷо овардааст. Вай феълан дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба сар мебарад ва дар ҳамаи мусобиқоти байнулмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG