Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус, Белгия ва Финляндия - рақибони Тоҷикистон дар "Ҷоми рушд-2019"


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-17) дар доираи омодагӣ ба қаҳрамонии ҷаҳон-2019 дар Перу дар мусобиқаи 15-уми байналмилалӣ «Ҷоми рушд-2019», ки аз 20-ум то 28-уми январ дар Мински Беларус баргузор мешавад, ширкат меварзад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин мусобиқа 12 дастаи мунтахаби наврасони зери 17-сола иштирок мекунад. Барои «Ҷоми рушд-2019» дастаҳои мунтахаби наврасони Беларус, Белгия, Булғористон, Гурҷистон, Исландия, Исроил, Литва, Молдова, Словакия, Тоҷикистон, Украина ва Финляндия мубориза мебаранд. Шаш дастаи ширкаткунада - Беларус, Белгия, Словакия, Исландия, Исроил ва Украина – тирамоҳи имсол ба марҳилаи гулчини қаҳрамонии Аврупо (U-17) дар мавсими 2018/2019 роҳ ёфтаанд.

Бар асоси қуръакашӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Беларус, Белгия ва Финляндия рақобат мекунад. Ба гурӯҳи «В» дастаҳои мунтахаби Исландия, Исроил, Молдова ва Гурҷистон, ба гурӯҳи «С» тимҳои Украина, Словакия, Булғористон ва Литва дохил шуданд.

Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футбол ва толори Созмони футболи Беларус дар Минск доир мегардад. Дар ин мусобиқа, ки аз соли 2005 баргузор мешавад, мунтахаби Русия аз ҳама бештар – панҷ бор (2008, 2010, 2014, 2015, 2017) – ғолиб шудааст. Чор бор (2009, 2012, 2016 и 2018) мунтахаби Украина, дуборӣ мунтахаби Беларус (2006, 2007) ва Белгия (2011, 2013), инчунин соли 2005 тими Сербия ва Черногория муваффақ гаштаанд.

Ширкат дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2019» дар Минск барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов яке аз марҳилаҳои омодагии даста ба қаҳрамонии ҷаҳон-2019 маҳсуб мешавад, ки аз 5-ум то 27-уми октябри соли оянда дар Перу доир мегардад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон тирамоҳи соли равон дар қаҳрамонии Осиё-2018 дар Малайзия барандаи медалҳои нуқра гардид. Наврасони тоҷик, ки ба финали мусобиқаи қитъавӣ баромаданд, дар бозии пуршиддат аз мунтахаби Ҷопон бо ҳисоби 0:1 мағлуб гаштанд.

Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 рӯзи 14-уми май тавассути қуръакашӣ, ки дар Театри миллии Перу доир мегардад, маълум мешаванд.

Дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 ҳамагӣ 24 даста, ки аз рӯи натиҷагирии мусобиқоти қитъавӣ интихоб мешаванд, ширкат меварзанд. Дар ҳамин ҳол ҳафт дастае, ки дар қаҳрамонии ҷаҳон иштирок мекунад, маълум аст. Ба ҷуз мунтахаби Перу, инҳо тимҳои Ҷопон, Тоҷикистон, Австралия ва Кореяи Ҷанубӣ (Осиё), инчунин Зеландияи Нав ва ҷазираҳои Соломон (Уқёнус) мебошанд.

Мусобиқаи байналмилалии наврасон (U-17) «Ҷоми рушд-2019» дар Минск

Гурӯҳи «А»: Беларус, Финляндия, Тоҷикистон, Белгия.

Гурӯҳи «В»: Исландия, Исроил, Молдова, Гурҷистон.

Гурӯҳи «С»: Украина, Словакия, Булғористон, Литва.

Тақвими бозиҳои мусобиқа

Даври 1-ум

20-уми январ (якшанбе)

9:40 – Словакия – Литва

11:45 – Булғористон – Украина

13:50 – Исроил – Молдова

15:55 – Белгия – Финляндия

17:40 – Маросими ифтитоҳи мусобиқа

18:20 – Беларус – ТОҶИКИСТОН

20:25 – Исландия – Гурҷистон

Даври 2-юм

22-юми январ (сешанбе)

10:00 – Булғористон – Литва

12:05 – Украина – Словакия

14:10 – Исландия – Молдова

16:15 – Белгия – ТОҶИКИСТОН

18:20 – Финляндия – Беларус

20:25 – Гурҷистон – Исроил

Даври 3-юм

24-уми январ (панҷшанбе)

10:00 – Литва – Украина

12:05 – Словакия – Булғористон

14:10 – Молдова – Гурҷистон

16:15 – ТОҶИКИСТОН – Финляндия

18:20 – Беларус – Белгия

20:25 – Исроил – Исландия

Бозиҳои плей-офф

26-уми январ (шанбе)

10:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум

12:05 – Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум

14:10 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум

16:15 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум

18:20 – Нимфинал

20:25 – Нимфинал

Бозиҳои ҳалкунанда

28-уми январ (душанбе)

10:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 11-12-ум

12:10 – Бозӣ барои ҷойҳои 9-10-ум

10:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум

12:10 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум

14:20 – Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум

16:40 – Финал

18:30 – Маросими пӯшидашавии мусобиқа

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Минск.

XS
SM
MD
LG