Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бино ба ҳамлаи дронҳо фурудгоҳи Лондон як шабонарӯз баста шуд


Гатвик - дувумин фурудгоҳи серодами Лондон
Гатвик - дувумин фурудгоҳи серодами Лондон

Дуюмин фурудгоҳи серодами Лондон - Гатвик бино ба ҳамлаи дронҳо ё дастгоҳҳҳои бесарнишин ба хатти парвоз, 33 соат баста буд. 150 ҳазор мусофир натавонистанд ба Лондон парвоз кунанд ё аз Гатвик ба маконҳои дигар раванд. Ҳудуди 140 парвоз лағв шуд. Пулис оператори дронҳоро, ки акнун дар ростои ҳукми зиндон қарор гирифтааст, ҷустуҷӯ мекунад.

Ду дрон рӯзи 19-уми декабр, соати 21:00-и вақти маҳаллӣ, дар фурудгоҳи Гатвик мушоҳида шуд. Раҳбарияти Гатвик парвозҳоро лағв кард. Ҳаракати ҳавопаймоҳо соати 3-и шаби 20-уми декабр аз сар гирифта шуд.

Аммо баъди 45 дақиқа дронҳо дубора дар хатти парвоз зоҳир шуданд. Мақомот маҷбур шуданд, парвозҳоро дубора лағв кунанд. Бори охир яке аз бесарнишинҳо субҳи рӯзи панҷшанбе зоҳир шуд. Он рӯз фурудгоҳ бояд ба 760 парвоз ва 110 ҳазор одам хидмат мерасонд. Ҳавопаймоҳо ба пойгоҳҳои дигар сафарбар шуданд.

Пулис аз сарнагун кардани бесарнишинҳо ба хотири ҳифзи мардум аз тирҳои тасодуфӣ худдорӣ кард. Мақомоти фурудгоҳ аз ин нигарон буданд, ки бархӯрди дронҳо бо ҳавопаймоҳҳо метавонист паёмади ғайри қобили пешгӯиро ба бор биёрад.

Дастикам 20 бахши пулис дар Британия оператори дронҳоро ҷустуҷӯ дорад. Мутахассисони артиш низ ба онҳо ёрӣ мекунанд. Сарпарасти пулис Ҷастин Бартеншоу ба шабакаи телевизионии Би-би-сӣ гуфт, ҳар вақт, ки пулис хаёл мекард ба боздошти оператор наздик шудааст, дронҳо ғайб мезаданд. Пулис ҳамлаи дронҳоро ба террооиизм рабт намедиҳад, аммо вазири нақлиёти Британия Крис Грелинг инро "шеваи нави ҳамла" унвон кард.

Гатвик дуюмин фурудгоҳи пуродами Лондон буда парвозҳои British Airways, American Airlines, Emirates, China Airlines, Easy Jet, Norwegian Air ва Virgin Atlantic-ро қабулу гусел мекунад. Рӯзи ҷумъа фурудгоҳ бояд ба 126 ҳазор мусофир хидмат расонад.

XS
SM
MD
LG