Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА мехоҳад ҳузури низомияш дар Афғонистонро ду баробар кам кунад


Низомиёни ИМА ва артиши Афғонистон
Низомиёни ИМА ва артиши Афғонистон

Президенти Амрико Доналд Трамп тасмим дорад, ки бахши қобили мулоҳизаи нерӯҳои амрикоиро аз Афғонистон берун кунад. Хабаргузории "Франс Пресс" рӯзи 21-уми декабр навишт, ки "ин қарор қабул шудааст. Хуруҷи нерӯҳо қобили мулоҳиза хоҳад буд".

Associated Press ва The Wall Street Journal бо такя ба мақомдорони амрикоӣ хабар додаанд, ки то нисфи нерӯи 14 ҳазор нафарии ИМА аз Афғонистон хориҷ хоҳад шуд.

Рӯзи гузашта вазири дифои Амрико Ҷеймс Матис, ки гуфта мешуд бо президент Трамп дар баъзе масъалаҳо мухолифат дорад, аз мақомаш истеъфо дод.

Рӯзи чаҳоршанбе Трамп эълон кард, ки то ду моҳи дигар нерӯҳои Амрико аз Сурия хориҷ хоҳанд шуд. Ин тасмим ҳам аз тарафи шарикони ИМА ва ҳам аз тарафи Конгресс танқид шуд. Гуфта мешавад, ки Матис мухолифи берун кардани нерӯҳо дар марҳалаи феълӣ буд.

Трамп харҷҳои амалиёти низомӣ дар Афғонистонро ҳанӯз пеш аз интихоб шуданаш ба мақоми президент танқид карда буд. Аммо соли 2017 пешниҳод кард, ки теъдоди нерӯҳои ИМА дар он кишвар афзоиш ёбад ва давлатҳои шарик низ ба Афғонистон нерӯи бештар фиристанд.

Баъди ин, теъдоди сарбозони Амрико дар Афғонистон аз 11 ба 14 ҳазор афзун шуд.

Аввали соли 2018 Трамп ҷанг дар Афғонистонро бохташуда номид ва бар сари берун кардани нерӯҳо пофишорӣ кард. Вале он замон ба Пентагон ва низомиёни баландрутба даст дод, ки ӯро ба зарурати ҳузури нерӯҳо мутақоид кунанд.

Нерӯҳои Амрико соли 2001 пас аз ҳамлаҳои террористии 11 сентябр ба Афғонистон ворид шуданд. Аз он замон ИМА дар хоки ин кишвар дуюним ҳазор сарбозашро аз даст дод ва дар ҷанги 17-сола 900 миллиард доллар харҷ кард.

XS
SM
MD
LG