Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштии камарбандӣ «Алиш», ки 19-уми декабр дар Қасри варзиши ба номи Кожомқули шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд, як медали тилло ва як медали нуқра ба даст оварданд.
Медали тиллоро Ҷонибек Худойбердиев дар рақобатҳо миёни мардон дар вазни 70 килограмм соҳиб шуд. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Дониёр Боронбоеви қирғиз ғолиб омад. Паҳлавони дигари тоҷик Беҳрӯз Гулмаҳмадзода, ки дар вазни мутлақ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Қодир Келсинбекови қирғиз мағлуб шуд, бо медали нуқра сарфароз гашт.
Чунонки Оҷонсии иттилоотии Sport.kg хабар додааст, ин мусобиқаи байналмилалӣ барои гиромидошти хотираи ходими ҷамъиятӣ ва сиёсӣ, Қаҳрамони Ҷумҳурии Қирғизистон Абсамат Масалиев доир гардид, ки дар он варзишгарони Булғористон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат доштанд.
Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки як рӯз идома кард, гуштигирони Қирғизистон аз ҳама бештар - 16 медал – ба даст оварданд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа:
Занон
55 кг
1. Рисқулова Анора (Қирғизистон)
2. Абдуқодирова Элза (Қирғизистон)
3. Момунҷонова Элзода (Қирғизистон)
65 кг
1. Бахтиёр қизи Нурзод (Қирғизистон)
2. Аттокур қизи Кумушой (Қирғизистон)
3. Мээрим Момунова (Қирғизистон)
Беш аз 65 кг
1. Нагира Сарбашева (Қирғизистон)
2. Қундузой Жайчибекова (Қирғизистон)
3. Саҳобат Шералиева (Узбекистон)
Мардон
70 кг
1. Ҷонибек Худойбердиев (Тоҷикистон)
2. Дониёр Боронбоев (Қирғизистон)
3. Бекмамат Бейшенов (Қирғизистон)
80 кг
1. Шаршеналӣ уулу Мадамин (Қирғизистон)
2. Нурбек Нурматов (Қирғизистон)
3. Санҷарбек Амонов (Қирғизистон)
Беш аз 80 кг
1. Қодир Келсинбеков (Қирғизистон)
2. Бобур Тухтасинов (Узбекистон)
3. Бекмамат Бейшенов (Қирғизистон)
Вазни мутлақ
1. Қодир Келсинбеков (Қирғизистон)
2. Беҳрӯз Гулмаҳмадзода (Тоҷикистон)
3. Бобур Тухтасинов (Узбекистон)
Ин тараф Ворух вай тараф Хоруг кадом тарафи гранитца но тинч аст масалаи марз ин тараф бо Киргизия вай тараф бо Хитой давно хал шудаги гучора мо химоя намоем бо ин генералхои часур ба чанг рафтан хафнок аст яке бо махкам накунанд
Короче говоря, наши успехи как всегда нулевые
Қарзгирандаҳои Муҳтарам ҳо илтимос тон мекунем аму пулҳои хдмона баргардонед. АЛЛО гуфти Ака ё Додар гуфти пул додемтон., то мушкили шумо ҳал шавад ва мо Дустонатон кори савоб гирем. Кам - камак ҳам биёред -минусш кардан мегирем. Худо ҳидоятон кунад ИЛТИМОС пуломона баргардонед. Бе СУД бозию Бе ПРОКРАТУРА.
Худо раҳмату махфираташ кунад.
хизматгори содиқ, кахрамони мардуми. Устоди дурнамову содиқи ватан - руҳатон шод бод. Ба аҳли оила - сабри ҷамил.