Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ голи Баҳрайн ба дарвозаи Тоҷикистон


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон аз тими миллии Баҳрайн бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд. Ин бозии дӯстона шаби панҷшанбеи 20-уми декабр дар варзишгоҳи «Халифа Спортс Сити»-и Исо Таун баргузор шуд. Ҷамол Рашид ду гол, Ҷасим Ал-Шик, Алӣ Ҷаъфар Мадан ва Самӣ Ал-Ҳусайнӣ якголӣ заданд.

Зимнан, ин бозии севуми мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии мутахассиси 53-солаи узбекистонӣ Усмон Тошев ба шумор мерафт. Футболбозони тоҷик баъди анҷом додани ду бозии дӯстона бо мунтахаби Умон аз шаҳри Масқат ба Манама, пойтахти Баҳрайн, омаданд. Мунтахаби Тоҷикистон дар ҳарду бозии дӯстона аз тими миллии Умон бо натиҷаҳои 1:2 ва 0:1 шикаст хӯрда буд.

Ба гуфтаи сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон Усмон Тошев, дар бозиҳои дӯстона муқобили тимҳои миллии Умон ва Баҳрайн футболбозони ҷавони тоҷик таҷрибаи хуб касб намуданд.

Аз ин пеш дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Баҳрайн се бор рақобат кардаанд. Ду бор соли 2004 дар доираи мусобиқоти интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2006 рӯбарӯ шуданд. Бозии аввал 31-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бидуни гол хотима ёфт. Бозии ҷавобӣ 17-уми ноябр бо пирӯзии мизбонон – футболбозони Баҳрайн - бо ҳисоби 4:0 ба поён расид. Дар ҳарду бозӣ сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Зоир Бобоев буд.

Бозии севуми ин дастаҳо, ки дӯстона буд, 23-юми марти соли 2017 дар Варзишгоҳи миллии Манама бо ҳисоби мусовии 1:1 ба охир расид. Ба голи Манучеҳр Ҷалилов (дақиқаи 4-ум) мизбонон дар охири бозӣ (дақиқаи 90+3) бо гол посух доданд. Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов буд.

Бояд гуфт, ки мунтахаби Баҳрайн ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 омодагӣ мебинад. Рақибони Баҳрайн дар гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб, Тайланд ва Ҳиндустон мебошанд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии Федератсиони байналмилалии футбол, ки 20-уми декабр дар сомонаи расмии FIFA нашр шудааст, дар байни 211 кишвар бо 1158 имтиёз дар ҷойгоҳи 120-ум қарор дорад. Мунтахаби Баҳрайн бошад, дар ин феҳрист бо 1178 имтиёз ҷойгоҳи 113-умро касб намудааст. Баҳрайн дар байни дастаҳои мунтахаби миллӣ, ки ба Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомиланд, ҷойгоҳи 20-ум ва Тоҷикистон ҷойгоҳи 23-юмро ишғол кардаанд.

Бозии дӯстона

БаҳрайнТоҷикистон– 5:0

Голҳо: Ҷасим Ал-Шик, 29 (1:0). Ҷамол Рашид, 43 – аз пеналтӣ (2:0). Алӣ Ҷаъфар Мадан, 61 (3:0). Ҷамол Рашид, 75 (4:0). Самӣ Ал-Ҳусайнӣ, 85 (5:0).

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Ваҳдат Ҳанонов, Хуршед Бекназаров (Зоир Ҷӯрабоев, 46), Ҳусейн Нурматов, Табрези Давлатмир, Амирбек Ҷӯрабоев (Кароматулло Саидов, 78), Муҳаммадҷон Раҳимов (Муҳсинҷон Парпиев, 69), Комрон Турсунов (Шарафҷон Солеҳов, 76), Аҳтам Назаров, Эҳсони Панҷшанбе, Ҷаҳонгир Эргашев (Муҳаммадҷон Лоиқов, 82).

Сардовар: Умар Ашканонӣ (Кувайт).

20-уми декабр. Исо Таун. Варзишгоҳи «Халифа Спортс Сити». 20 тамошобин.

Аз 23 бозигаре, ки дар бозиҳои дӯстонаи моҳи декабр дар ихтиёри мунтахаби миллии Тоҷикистон буд, 16 нафар футболбозони дастаи мунтахаби олимпии кишвар (U-23) мебошанд, ки моҳи марти соли оянда дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар Тошканд ширкат меварзанд.

Ба гуфтаи сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон Усмон Тошев, дар бозиҳои дӯстона муқобили тимҳои миллии Умон ва Баҳрайн футболбозони ҷавони тоҷик таҷрибаи хуб касб намуданд. Вале ба тими миллӣ легионерҳо даъват нашуданд, зероки бозиҳо дар рӯзҳои муқарраркардаи ФИФА баргузор нашуданд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона муқобили тимҳои миллии Умон ва Баҳрайн чунин буд:

Дарвозабонҳо: Беҳрӯз Хайриев («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»), Фатҳулло Бобоев («Хатлон»);

Ҳимоятгарон: Зоир Ҷӯрабоев («Металлург», Узбекистон), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир (ҳарсе - «Истиқлол»), Хуршед Бекназаров («Хуҷанд»), Ваҳдат Ҳанонов, Ҳусейн Нурматов (ҳарду – «Барқчӣ»), Доробҷон Эргашев (ССКА «Помир»), Бахтиёр Қаландаров («Регар-ТадАЗ»);

Нимҳимоятгарон: Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарсе – «Истиқлол»), Шервонӣ Мабатшоев, Шарафҷон Солеҳов (ҳарду – «Барқчӣ»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Муҳсинҷон Абдуғаффоров (ССКА «Помир»);

Ҳамлагарон: Муҳаммадҷон Лоиқов («ЮАС-Житковичи», Беларус), Шериддин Бобоев, Комрон Турсунов (ҳарду – «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»).

XS
SM
MD
LG