Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар раддабандии FIFA ду зина поин шуд


Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии Федератсиони байналмилалии футбол, ки имрӯз, 20-уми декабр, дар сомонаи расмии FIFA нашр шудааст, ду зина поин шуд ва дар байни 211 кишвар бо 1158 имтиёз дар ҷойгоҳи 120-ум қарор гирифтааст.

Белгия дар феҳрасти нави FIFA бо 1727 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Фаронса бо 1726 имтиёз дар зинаи дувум ва Бразилия бо 1676 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд. Ба даҳгонаи аввал, инчунин Хорватия – 1634 имтиёз, Англия – 1631 имтиёз, Португалия – 1614 имтиёз, Уругвай – 1609 имтиёз, Швейтсария – 1599 имтиёз, Испания – 1591 имтиёз ва Дания – 1589 имтиёз дохиланд.

Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё, ки ба AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) шомиланд, мақоми 23-юмро соҳиб шудааст. Дар Осиё Эрон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон бо 1481имтиёз дар зинаи 29-ум) қарор дорад. Австралия дувум (дар ҷаҳон 41-ум, 1436 имтиёз) ва Ҷопон севум (дар ҷаҳон 50-ум, 1414 имтиёз) мебошанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии FIFA Украина (28-ум, 1482 имтиёз), Русия (48-ум, 1424 имтиёз) ва Беларус (76-ум, 1317 имтиёз) ба даст овардаанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Туркманистон (127-ум), Латвия (132-юм), Литва (133-юм) ва Молдова (170-ум) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Қирғизистон (91-ум), Узбекистон (95-ум) ва Қазоқистон (119-ум) ҷойгир шудааст.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон моҳи декабр ду бозии дӯстона анҷом дод. Футболбозони тоҷик 13-ум ва 16-уми декабр дар шаҳри Масқат аз тими миллии Умон бо натиҷаҳои 1:2 ва 0:1 мағлуб шуданд. Бозии сеюми дӯстонаи футболбозони тоҷик шаби панҷшанбе, 20-уми декабр, дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Манама муқобили тими Баҳрайн соати 21:00 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Феҳрасти FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода шуда, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар раддабандии FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003-юм мебошад.

XS
SM
MD
LG