Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик дар Бишкек 9 медал гирифтанд


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиёи Марказӣ оид ба каратэ-до WKF миёни наврасону ҷавонон ва бузургсолон 9 медал (4 тилло, 3 нуқра, 2 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ин мусобиқа бо ширкати варзишгарони Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон рӯзҳои 17-18-уми декабр дар пойтахти Қирғизистон - шаҳри Бишкек - баргузор шуд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 16 нафар, аз он ҷумла 10 варзишгар дохил буданд. Муҳаммадхӯҷа Азаматов дар вазни зери 52 кг, Парвиз Азизиён дар вазни зери 70 кг миёни наврасони 14-15-сола, Умед Сафаров дар вазни зери 76 кг миёни навҷавонони 16-17-сола бо медалҳои тилло сарфароз гардиданд.

Медали чоруми тиллоро мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати Фаррух Раҳимов, Маҳмадёри Ҳикматулло, Исмоил Раҷабов, Ҳоҷиқурбон Маҳмадов, Муҳаммад Тешаев, Абдуваҳҳоб Шарапов ва Умед Сафаров дар ҳисоби дастаӣ оид ба кумитэ миёни ҷавонони то 18-сола ба даст овард.

Муҳаммад Тешаев (-55 кг), Бекзод Маҳмудов (+76 кг) миёни навҷавонони 16-17-сола, Абдуваҳҳоб Шарапов (-67 кг) миёни ҷавонони то 18-сола бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд. Инчунин Ҳоҷиқурбон Маҳмадов (-60 кг) ва Фаррух Раҳимов (+87 кг) миёни ҷавонони то 18-сола соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.

XS
SM
MD
LG