Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаҳои ширкаткунанда дар Ҷоми Осиё-2019 $240 ҳазор мегиранд


Дастаҳои мунтахаб барои ширкат дар Ҷоми Осиё-2019 240 ҳазор доллар мегиранд.

Маблағи умумии бунёди ҷавоизи Ҷоми Осиё-2019 оид ба футбол, ки аз 5-уми январ то 1-уми феврали соли оянда дар Имороти Муттаҳидаи Араб доир мегардад, 14,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Чунон ки сомонаи Sports.uz хабар додааст, маблағи бунёди ҷавоизи Ҷоми Осиё-2019 ба таври зайл тақсим мешавад:

5 миллион доллар - барои ғолиби мусобиқа;

3 миллион доллар - барои финалист;

1 миллион долларӣ - барои дастаҳое, ки дар нимфинал мағлуб мешаванд.

Ба ҳамаи 24 дастаи мунтахаб, ки дар Ҷоми Осиё-2019 ширкат мекунад, 240 000 долларӣ тақдим мегардад.

Бояд тазаккур дод, аз минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 роҳ наёфт. Дастаҳои мунтахаби Узбекистону Туркманистон ҳамроҳи тимҳои миллии Умону Ҷопон ба гурӯҳи “F” шомиланд. Мунтахаби Қирғизистон дар гурӯҳи “С” бо тимҳои миллии Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Филиппин рақобат мекунад.

Ёдовар мешавем, тими миллии футболи Тоҷикистон, ки бо раҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов 27-уми марти имсол дар бозии даври охирини марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи "F" дар шаҳри Манила аз тими миллии Филиппин бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии мусобиқа маҳрум гашт. Баъди ин нокомӣ Фузайлов аз вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон истеъфо дод.

24 дастаи ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 ба 6 гурӯҳи 4-дастаӣ тақсим шудааст:

Гурӯҳи А: Имороти Муттаҳидаи Араб, Тайланд, Ҳиндустон, Баҳрайн;

Гурӯҳи В: Австралия, Сурия, Фаластин, Урдун;

Гурӯҳи С: Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Қирғизистон, Филиппин;

Гурӯҳи D: Эрон, Ироқ, Ветнам, Яман;

Гурӯҳи E: Арабистони Саудӣ, Қатар, Лубнон, Кореяи Шимолӣ;

Гурӯҳи F: Ҷопон, Узбекистон, Умон, Туркманистон.

Аз рӯи натиҷагирии мусобиқаи гурӯҳӣ дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои 1-2-юмро мегиранд, инчунин 4 дастаи нишондодҳояш беҳтар аз 6 дастае, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои сеюмро ишғол мекунанд, ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ меёбанд.

XS
SM
MD
LG