Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон барои барпо кардани бозии дӯстона бо тими миллии Баҳрайн ба шаҳри Манама расид. Футболбзони тоҷик ба ин бозӣ дар пойтахти Баҳрайн таҳти раҳбарии мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев омодагӣ мебинанд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Баҳрайн ва Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 20-уми декабр дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Манама соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 21:00 - ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад.
Зимнан, мунтахаби Баҳрайн ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 омодагӣ мебинад. Рақибони Баҳрайн дар гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб, Тайланд ва Ҳиндустон мебошанд.
Футболбозони тоҷик баъди анҷом додани ду бозии дӯстона бо мунтахаби Умон аз Масқат ба Манама омаданд. Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳарду бозии дӯстона аз тими миллии Умон бо натиҷаҳои 1:2 ва 0:1 шикаст хӯрда буд.
Мунтахаби Тоҷикистон алъон дар рейтинг ё раддабандии Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) дар байни 211 кишвар бо 1161 имтиёз дар ҷойгоҳи 118-ум қарор дорад. Мунтахаби Баҳрайн бошад, дар ин феҳрист бо 1178 имтиёз ҷойгоҳи 113-умро касб намудааст. Баҳрайн дар байни дастаҳои мунтахаби миллӣ, ки ба Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомиланд, ҷойгоҳи 20-ум ва Тоҷикистон ҷойгоҳи 22-юмро ишғол кардаанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона муқобили тими миллии Баҳрайн:
Дарвозабонҳо: Беҳрӯз Хайриев («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»), Фатҳулло Бобоев («Хатлон»);
Ҳимоятгарон: Зоир Ҷӯрабоев («Металлург», Узбекистон), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир (ҳарсе - «Истиқлол»), Хуршед Бекназаров («Хуҷанд»), Ваҳдат Ҳанонов, Ҳусейн Нурматов (ҳарду – «Барқчӣ»), Доробҷон Эргашев (ССКА «Помир»), Бахтиёр Қаландаров («Регар-ТадАЗ»);
Нимҳимоятгарон: Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарсе – «Истиқлол»), Шервонӣ Мабатшоев, Шарафҷон Солеҳов (ҳарду – «Барқчӣ»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Муҳсинҷон Абдуғаффоров (ССКА «Помир»);
Ҳамлагарон: Муҳаммадҷон Лоиқов («ЮАС-Житковичи», Беларус), Шериддин Бобоев, Комрон Турсунов (ҳарду – «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»);
Бозии дӯстона
20-уми декабр (панҷшанбе)
Оғози бозӣ – соати 21:00 ба вақти Душанбе
Баҳрайн – Тоҷикистон
Манама, Варзишгоҳи миллӣ
Радиои Озоди, хамин мавзухои кухна чи лозим? Мардум Сталин кист намедонанд, шумо репрессияхои сталиниро мекобед. Шахсан барои ман хокимияти совети на бад аст на хуб. Ягон бадбини надорам ман. Ба гузашта салавот. Гузаштагои нохак катл шуда чояшон чаннату рузашон шод бод. Мо танхо дуо мекунем халос. Дигар хеч чиз аз дастамон намеояд. Падари бобоям ва падари бибиям хардуяшонро шабона аз хона бурда, беному нишон гум шудаанд. Лекин худоразматии бобоям як чевон дошт, даруни чевон як ситора ва сурати сталин буд. Хурд будам, пурсида будам: бобо ин портрет барои чи дар чевон аст, магар сталин падаратонро катл накардааст??? Русхо душмани мо не??? Бобоям гуфта буданд: падарамро русхо не, точикони бахилу бесаводу бехунар, бо тухмату дуруг зери панчара кардаанд. Агар рус душман мебуд, ин хамаи фарзандони манро як кадам ба донишгохои совети рох намедод. Ба гузашта салавод, чони бобо. Аз паи оянда шаву, аз буззу бехунару бесаводони кутохакл дуртар гард гуфта бадаанд.
Хукумат эьтимоди худро дар байни мардум тамоман аз даст додааст ва мехоханд барои нигох доштанти хукумати оилави аз тарсу шиканча истифода кунад. Офтобро костюми президент пушонидан гайриимкон хам
Ахсан ба Икболи Лохури! Бисёр мехохам дар мавзухои дигар хам шарххо бо истифода эчодиёти Мухаммадикболи Лохури бинависи ва дигарон аз он бахра баранд. Аз ОЗОДИ хам хохиш дорам дар бораи Мухаммадикболи Лохури барномаеро пешкаш намояд.
Коммунистони Кремл халқи тоҷикро 70-сол мағзшӯӣ карданд, ки дин бад аст, дин афюни халқ аст, дин фалон асту фалон аст, нурӣ дар як шаб хост ин халқи 70-соларо ба низоми исломӣ мутобиқ кунад, он ҳам бо зӯри силоҳ хок бар. Сангаку ғайри сангак, ки ба гуфтаи худашон “нону намаки коммунизм”-ро хӯрда буданд, ба хашм омаданд, онҳо ҳам бо силоҳ муқобилият карданд. Елтсину Каримов ба оташ равған рехтанд, КГБ-и коммунистӣ ҷангро мудирият кард, 300-ҳазор нафар, аз ҷумла занону кӯдакон кушта шуданд, садҳо ҳазор гуреза, шаҳру деҳот хунолӯд, 100-миллиард сомонӣ зарари моддӣ, иқтисод касоду мақомот фалаҷ, мотам андар мотам. Имрӯз ҳам кабирӣ мехоҳад низоми “исломӣ”-ро, ки решааш аз теҳрон об мехӯрад, ба сари халқи тоҷик таҳмил диҳад. Ин шабу рӯз бубинед, ки халқи эрон (низоми “исломӣ”) чӣ ҳолу аҳвол доранд?!
Барои чи махз зодагони Бадахшон ин кадар давлати Точикистонро ноадолат мегуянд,барои он ки мустакил шудан мехоханд!Хар як лидерчаву журналистча кушиш мекунад,ки вакте мустакиллият шуд,ягон вазифаи калонро сохиб шавад,ана барои хамин садо баланд мекунад!