Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сталин"и тоҷик. Ҳунарпешаи шинохта Исо Абдурашидов даргузашт


Исо Абдурашидов
Исо Абдурашидов

Исо Абдурашидов, ҳунарпешаи шинохта ва дар гузашта мудири Театри давлатии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ки ба хотири шабоҳати чеҳра ва ҳамчунин иҷрои нақши Сталин, гоҳе "Сталин"-и тоҷик ном бурда мешуд, даргузашт.

Ҳалими Сангин, коргардони тоҷик, гуфт, ки Абдурашидов шоми 15-уми декабр дар 71-солагӣ ва бар асари беморӣ ҷон додааст. Наздиконаш мегӯянд, ӯ рӯзи якшанбе дар оромгоҳи Сари Осиёи пойтахт ба хок супурда шуд.

Исо Абдурашидов, ҳунарпешаи театру синамо соли 1947 дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон зода шуда, баъди хатми донишгоҳ дар даҳҳо намоишнома ва филмҳои тоҷикӣ нақш бозидааст.

Аз ҷумла, ӯ дар намоишномаҳои “Дохунда” нақши Ёдгор, дар “Шоҳ Лир” нақши Эдмунд, дар “Нахҳои печида” нақши майор Собиров ва дар “Драммаи миллат” нақши Сталинро иҷро кардааст. Дар филми “Воқеа дар фурудгоҳ”, “Дом барои шағолҳо”, “Дарди ишқ” ва дигарон низ иҷрои ба ёдмонданӣ дошт.

Исо Абдурашидов солҳо ба ҳайси раҳбари Театри давлатии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар пойтахт кор карда, соли 2008 аз ин мақом канор рафт. Баъдан ба ҷои ӯ Ибодулло Машрабов ва сипас Лутфулло Давлатов омаданд.

Исо Абдурашидов дар замони беморӣ. Ин аксро Ҳалими Сангин, коргардони шинохтаи тоҷик дар саҳифаи худ дар Фейсбук нашр кардааст
Исо Абдурашидов дар замони беморӣ. Ин аксро Ҳалими Сангин, коргардони шинохтаи тоҷик дар саҳифаи худ дар Фейсбук нашр кардааст

Ӯ қаблан дар як суҳбат бо Радиои Озодӣ аз вуҷуди чанд мушкил дар кори аҳли ҳунар ва камтаваҷҷуҳии мардум ба намоишномаҳо изҳори ташвиш карда буд.

Абдурашидов гуфта буд, “ҳамин ки саҳна торик шуд, бачаҳо доду вой мебардоранд. Гӯиё дар кадом тӯй нишастаанд. Мутаассифона, мо - актёрҳо ҳам айб дорем. Қаблан бо хонандагон, донишҷӯён, бо ҳамаи намояндаҳои ҷомеа вохӯрӣ доштем ва фарҳанги театрро мефаҳмонидем. Дар мактабҳо дар бораи театр дарс дода мешуд, чунки фарҳанги театр фарҳанги хос аст, вале ҳоло чӣ?"

Ин ҳунарпешаи тоҷик солҳои охир дар театри Лоҳутӣ кор мекард ва ҳамзамон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ба шогирдон дарс медод. Дар тарҷумаи филмҳои туркӣ ба тоҷикӣ низ саҳм дошт.

XS
SM
MD
LG