Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти мунтахаби Тоҷикистон ба Умон дар Масқат


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии аввали дӯстона аз тими миллии Умон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ин бозӣ шаби панҷшанбеи 13-уми декабр дар шаҳри Масқат, дар маҷмааи варзишии Султон Кобус, ки варзишгоҳаш барои тамошогарон 34 ҳазор ҷойгоҳ дорад, бо ҳузури 1500 тамошогар баргузор шуд.

Ҳарсе гол дар охири бозӣ зада шуд. Муҳаммад Ал-Ҳасанӣ, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 74-ум ҳисобро боз кард. Баъди ду дақиқа голи дувуми мунтахаби Умонро Матаз Солеҳ ба ҳадаф расонд. Шарафҷон Солеҳов, нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон, дар дақиқаи 89-ум ҳисобро тағйир дод.

Аз минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо мунтахаби Тоҷикистон ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019, ки аз 5-уми январ то 1-уми феврали соли оянда дар Имороти Муттаҳидаи Араб доир мегардад, роҳ наёфт.

Дарвоқеъ, дар ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозӣ муқобили Умон ба ҷуз Шарафҷон Солеҳови 19-сола, боз чор бозигари тими мунтахаби ҷавонони кишвар - дарвозабон Шоҳрух Қирғизбоеви 16-сола, ҳимоятгар Ҳусейн Нурматови 18-сола, нимҳимоятгар Шервонӣ Мабатшоеви 18-сола ва нимҳимоятгари марказӣ Кароматулло Саидови 19-сола - бозӣ карданд.

Ин аввалин бозӣ ва бохти мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии мутахассиси 53-солаи узбекистонӣ Усмон Тошев мебошад. Бозии такрории дӯстона миёни тимҳои миллии Умон ва Тоҷикистон дар маҷмааи варзишии Султон Кобус рӯзи якшанбеи 16-уми декабр соати 18:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:30 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Зимнан, ин бозии чоруми дастаҳои мунтахаби миллии Умону Тоҷикистон ба шумор мерафт. Дар ду бозии пешин умониҳо пирӯз шудаанд ва як бозӣ бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёфтааст. Аввалин бозии ин дастаҳо 20 сол муқаддам – 12-уми декабри соли 1998 - дар доираи Бозиҳои осиёӣ дар Бангкоки Тайланд бо ҳисоби мусовии 3:3 ба поён расида буд. Дар ин дидор дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Тоҳирҷон Муъминов ду гол ва Шуҳрат Ҷабборов як гол заданд.

Бозии дувуми тимҳои миллии Тоҷикистон ва Умон 7-уми августи соли 1999 дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2000 доир гардида буд. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт. Дар ин бозӣ голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Вячеслав Князев ва Денис Қулбоев ба ҳадаф расонданд.

Бозии севуми дастаҳои Умону Тоҷикистон 16-уми декабри соли 2007 доир шуд. Бозӣ бо пирӯзии мизбонон - футболбозони Умон - бо ҳисоби 4:2 ба анҷом расид. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Комил Саидов ва Иброҳим Рабимов ба самар расонданд.

Дарвоқеъ, мунтахаби Умон, ки ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 омодагӣ мебинад, соли оянда дар гурӯҳи “F” бо тимҳои миллии Ҷопон, Узбекистон ва Туркманистон бозӣ мекунад.

Вале тими миллии Тоҷикистон, ки бо раҳбарии Ҳаким Фузайлов 27-уми марти имсол дар бозии даври охирини марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи "F" дар шаҳри Манила аз тими миллии Филиппин бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии мусобиқот маҳрум гашт. Баъди ин нокомӣ Фузайлов аз вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон истеъфо дод.

Бояд тазаккур дод, аз минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо мунтахаби Тоҷикистон ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019, ки аз 5-уми январ то 1-уми феврали соли оянда дар Имороти Муттаҳидаи Араб доир мегардад, роҳ наёфт. Дастаҳои мунтахаби Узбекистону Туркманистон ҳамроҳи тимҳои миллии Умону Ҷопон ба гурӯҳи “F” шомиланд. Мунтахаби Қирғизистон дар гурӯҳи “С” бо тимҳои миллии Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Филиппин рақобат мекунад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии Федератсияи байналмилалии футбол, ки 29-уми ноябр дар сомонаи расмии FIFA нашр шудааст, дар байни 211 кишвар бо 1161 имтиёз дар ҷойгоҳи 118-ум қарор дорад. Мунтахаби Умон бо 1291 имтиёз ҷойгоҳи 83-юмро касб намудааст. Умон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё, ки ба AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) шомиланд, мақоми 10-ум ва Тоҷикистон мақоми 22-юмро соҳиб шудаанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона муқобили тими миллии Умон:

Дарвозабонҳо: Беҳрӯз Хайриев («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»), Фатҳулло Бобоев («Хатлон»);

Ҳимоятгарон: Зоир Ҷӯрабоев («Металлург», Узбекистон), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир (ҳарсе - «Истиқлол»), Хуршед Бекназаров («Хуҷанд»), Ваҳдат Ханонов, Ҳусейн Нурматов (ҳарду – «Барқчӣ»), Доробҷон Эргашев (ССКА «Помир»), Бахтиёр Қаландаров («Регар-ТадАЗ»);

Нимҳимоятгарон: Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарсе – «Истиқлол»), Шервонӣ Мабатшоев, Шарафҷон Солеҳов (ҳарду – «Барқчӣ»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Муҳсинҷон Абдуғаффоров (ССКА «Помир»);

Ҳамлагарон: Муҳаммадҷон Лоиқов («ЮАС-Житковичи», Беларус), Шериддин Бобоев, Комрон Турсунов (ҳарду – «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»);

Бозии дӯстона

13-уми декабр (панҷшанбе)

Умон – Тоҷикистон – 2:1

Голҳо: Муҳаммад Ал-Ҳасанӣ, 74 (1:0). Матаз Солеҳ, 76 (2:0). Шарафҷон Солеҳов, 89 (2:1).

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Сиёвуш Асроров, Хуршед Бекназаров, Зоир Ҷӯрабоев, Бахтиёр Қаландаров (Ҳусейн Нурматов, 80), Амирбек Ҷӯрабоев (Кароматулло Саидов, 84), Аҳтам Назаров, Муҳаммадҷон Раҳимов (Шервонӣ Мабатшоев, 77), Комрон Турсунов, Эҳсони Панҷшанбе (Шарафҷон Солеҳов, 87), Ҷаҳонгир Эргашев (Шериддин Бобоев, 69).

Огоҳӣ: Хуршед Бекназаров (Тоҷикистон).

Сардовар: Муҳаммад Ҳасан Маҳмуд Арафа (Урдун).

Комиссари бозӣ: Салим Абдулло Ал-Салхӣ (Умон).

Масқат, маҷмааи варзишии Султон Кобус. 1500 тамошогар.

Бозии ҷавобии дӯстона

16-уми декабр (якшанбе)

Оғози бозӣ соати 19:30 ба вақти Душанбе

Умон – Тоҷикистон

Масқат, маҷмааи варзишии Султон Кобус

XS
SM
MD
LG