Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси як зан барои заҳролуд кардани ҳамсар ва ду фарзанд


Ноҳияи Ҳамадонӣ.

Мавлуда Одилова – сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон – бо иттиҳоми заҳролуд кардан ва ба марг расондани ҳамсару ду фарзанди хурдсолаш ба ҳабс гирифта шудааст. Як манбаъ дар Додситонии вилояти Хатлон рӯзи 12-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нисбат ба ӯ бар асоси моддаи “одамкушӣ” парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ба Одилова аз 15 то 25 соли зиндон таҳдид мекунад.​

  • Басгули сесола ва Моҳинави шашсола, духтарони Мавлуда Одилова, моҳи июл ва шавҳараш Қурбоналӣ Нуралиев дар аввали моҳи сентябри имсол бар асари заҳролудшавӣ даргузаштанд.
Одилова гуфт, худро гунаҳкор намеҳисобад, чун наметавонист қасди ҷони фарзандонаш кунад.

Ҳамсуҳбати мо дар Додситонии вилояти Хатлон гуфт, ҳабси Мавлуда Одилова пас аз ташхиси дубораи ҷасадҳо сурат гирифтааст. "Одилова дар оғоз ба гуноҳи худ иқрор шуда буд. Баъдан онро инкор кард. Бинобар ин, Додситонии вилоят ҳодисаро дубора тафтиш кард ва пас аз исботи даст доштани зан дар ин ҷиноят ӯро ба ҳабс гирифт", - шарҳ дод ӯ.

Шавҳари ин зан Қурбоналӣ Нуралиев, ки тобистони имсол ду фарзандашро ба хок супурд, рӯзи 9-уми сентябр аз дунё даргузашт. Пизишкон дар хулосаҳои ибтидоии худ сабаби фавти марди хонаводаро заҳролудшавӣ гуфта буданд.

Мақомот баъди таҳқиқи ҳодиса ва ташхис муайян кардаанд, Қурбоналӣ Нуралиеви 38-сола аз истеъмоли як навъ заҳре, ки бештар дар пахтазор истифода мешавад, даргузаштааст.

Шарифа Нуралиева, хоҳари Қурбоналӣ Нуралиев, гуфт, ки онҳо аз аввал Мавлуда Одиловаро дар марги ду духтару ҳамсараш айбдор медонистанд ва ҳоло низ ба муҷозоти ӯ пойфишорӣ доранд. “Ҳарчанд ӯро дастгир карданд, дили мо ором нагирифтааст. Мехоҳем, барои ин кораш ҷазои сахт бидиҳанд”, - афзуд ӯ.

Қурбоналӣ Нуралиев ҳам қабл аз вафот дар як мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар марги духтаронаш Мавлуда Одиловаро гумонбар медонанд. Нуралиев он вақт иддао кард, ки дар маҷмӯъ чанд узви оилаи онҳо, бо шумули хоҳару хоҳарзодаҳояш, пас аз тановули ғизо ва ҳасиб заҳролуд шуда, муолиҷа гирифтаанд.

Худи Мавлуда Одилова, ки аз ҷониби хешовандони шавҳараш дар заҳролудкунии онҳо гумонбар мешавад, қаблан гуфта буд, хабари даргузашти ҳамсарашро баъди ду рӯзи ин ҳодиса шунидааст. Одилова гуфт, худро гунаҳкор намеҳисобад, чун наметавонист қасди ҷони фарзандонаш кунад.

Ноҳияи Ҳамадонӣ
Ноҳияи Ҳамадонӣ

Пайвандони Мавлуда Одилова низ дар ин қазия ӯро бегуноҳ медонанд. Онҳо иддао доранд, ки худи Мавлуда Одилова низ заҳролуд шуда ва тайи панҷ моҳи охир дар хонаи модараш табобат мегирифт.

Қадамшоҳ, яке аз наздикони Мавлуда Одилова, гуфт, “агар ба пойи кӯдакат хоре халад, чӣ қадар худро нороҳат ҳис мекунӣ. Чӣ гуна дили ӯ мешавад, ки фарзандашро заҳролуд карда бикушад? Суол инҷост, ки Мавлударо кӣ заҳролуд карда буд?”Ҳодисае, ки ҳақиқати онро бояд тафтишот ва додгоҳ муайян кунад, то ҳанӯз суолҳои зиёди беҷавоб дорад.

Яке аз ин норӯшаниҳо марбут ба иттиҳоми заҳролудкунии аъзои оила мебошад. Ба як суоли Радиои Озодӣ Мавлуда Одилова қаблан гуфта буд, ки бо ҳамсараш зиндагии осуда надошт ва аз ҷониби ҳамсараш пайваста азият мешуд. Иттиҳоме, ки санҷидани он баъди марги ҳамсар душвор мешавад.

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG