Маоши вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон аз 5 ҳазор ба наздики 6 ҳазор сомонӣ (ҳудудан 650 доллар) боло бурда шуд.
Вакилон яке аз баландтарин маошҳоро дар Тоҷикистон дарёфт мекунанд, аммо фаъолияташон ҳамеша мавриди интиқод қарор дорад. Бо ин, ки маоши расмии депутатҳои маҷлиси Тоҷикистон назар ба моҳонаи депутатҳои порлумонҳои кишварҳои дигар камтар аст, боз ҳам дар қиёс бо маоши дигар кормандони бахши буҷавӣ хеле баландтар аст. Мизони миёнаи маош дар Тоҷикистон беш аз 1200 сомонӣ (муодили 120 доллар)-ро ташкил медиҳад.
Бархе доираҳои наздик ба мақомот мегӯянд, Тоҷикистон таҷрибаи талхи доштани порлумони ошкоргӯро аз сар гузаронд ва он барои кишвар бо фоҷиа анҷомид.
Ин хабар, аз ҷониби онҳое, ки кори вакилони маҷлисро назорат мекунанд, якранг қабул нашуд. Мунаққидон ба ин боваранд, ки парлумони Тоҷикистон, бахусус баъди интихоботи соли 2015, яке аз сохторҳои камнақш дар ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ буда, тасмимҳои ҳукуматро бечунучаро қабул мекунад, вазиронро ба чолиш намекашад ва гоҳҳо бо додани мақоми бартарият ба ширкатҳое розӣ мешавад, ки дар асл мақоми монополистро доранд. Вале худи аъзои маҷлис бо чунин арзёбиҳо розӣ нестанд.
"Берун аз об заҳмати даруни об бударо намедонад"
Аз ҷумла, Абдуҳалим Ғаффоров, роҳбари Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон бовар дорад, ки мунаққидони кори парлумон "аз ноогоҳӣ ба кори вакилон" баҳои интиқодӣ медиҳанд. Ба иборати дигар, ҷаноби Ғаффоров афзуд, "ҳар касе, ки берун аз об аст заҳмати дар даруни об будани одами бегонаро эҳсос карда наметавонад."
Ҷаноби Ғаффоров дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки чаро қонунҳо дар порлумони Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои дигар бе баҳс қабул мешаванд гуфт, "баҳс ҳамон вақт мешавад, ки дар қонунҳо ягон нофаҳмӣ мавҷуд бошанд".
Ин вакили порлумон бовар дорад, ки ҳама камбудиҳои санадҳои аз сӯи онҳо тасвибшаванда то расидан ба ҷаласаи парлумонӣ дар марҳилаҳои поёнӣ ислоҳ мешаванд ва сабаби аслии бебаҳс гузаштани маҷлисҳои вакилон ҳам ин аст.
Порлумони феълӣ, ки матбуот бинобар бидуни баҳс қабул шудани қонунҳо онро гоҳе "порлумони хомӯш" ҳам ном мебарад, дар муқоиса ба ҳайатҳои қаблии порлумонӣ оромтарин ба шумор меояд. Агар гаҳ-гоҳе танқидҳои худи раиси порлумон Шукурҷон Зуҳуров аз фаъолияти баъзе ниҳодҳои давлатӣ ва масъалаи нафақаи мардум набошад, аз порлумон ба берун зиёд садое намеояд.
Интиқодҳои аслӣ аз кори вакилони тоҷик дар моҳҳои ахир ин аст, ки онҳо дар баробари мушкилиҳои ҷиддӣ дар ҷомеа хомӯширо ихтиёр мекунанд ва ҳатто масъулинро барои шарҳи масоили мавриди назари ҷомеа, даъват намекунанд. Дар миёни чунин масоил, ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ, тасмими якбора гарон кардани нархи симкортҳои телефонҳои мобил ва норӯшаниҳо дар ошӯби зиндони Хуҷанд намуна оварданд.
Дар як пурсиши сарироҳии Радиои Озодӣ чанд сокини Душанбе исми се-чор вакили маҷлиси амалкунандаро ном бурда тавонистанду бас.
Аммо Абдуҳалим Ғаффоров, вакили Маҷлиси намояндагон ба ин интиқод низ розӣ нест ва мегӯяд онҳо дар бархе ҳолат мақомоти масъулро барои шарҳи масъалаҳои муҳим даъват мекунанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи ин вакили порлумон, ахиран раиси ширкати "Барқи тоҷик" ба Маҷлиси намояндагон даъват шуд ва вакилон аз ӯ дар бораи сабабҳои гарон шудани нархи барқ ва маҳдудияти интиқоли барқ ба аҳолӣ шарҳ хостанд.
"Дар муҳокимаҳои порлумонӣ ҳар касе, ки қонун ба онҳо вобаста аст даъват мешаванд. Вакилон дар кори худ мустақиланд ва аз нуқтаи назари мо агар камбудиҳо ҷой дошта бошанд мавриди танқиди сахт қарор мегиранд. Мо фикри худро бе ягон андеша мегӯем ва роҳҳои рафъи онро пешниҳод мекунем",-хулоса кард Абдуҳалим Ғаффоров.
"Агар баҳс кунанд метарсанд, ки аз вакилӣ маҳрум мегарданд"
Порлумони Тоҷикистон аз ду палата иборат буда, палатаи поёнии он Маҷлиси намояндагон доимамалкунанда мебошад. Дар ҳарду палатаи порлумон аъзоёни Ҳизби халқии демократӣ ҳузури густурда доранд. Аз ҷумла, аз 63 вакили Маҷлиси намояндагон 76 дарсади онҳоро вакилони ҲХДТ ташкил медиҳанд.
Намояндагони 5 ҳизби дигар, ки ба порлумон роҳ ёфтанд, ба сурати умум аз муттаҳидони ҳизби ҳоким шумурда мешаванд. Ҳарчанд ба фаъолияти порлумони кунунӣ каме бештар аз як сол мондааст, аммо аз оғоз коршиносон парлумони феълиро дар муқоиса бо парлумонҳои қаблӣ "орому хомӯш" арзёбӣ кардаанд. Ба гуфтаи коршиносон, вакилони феълии порлумон тақрибан ҳама гуна тарҳҳои ворида аз сӯйи раиси ҷумҳуру ҳукуматро бо аксари кулли оро тасвиб мекунанд.
Дар миёни нишонаҳои камранг будани парлумон надонистани исми депутатҳои интихобшуда дар маҳалҳо, бетаваҷҷӯҳии мардум ба қарору тасмимҳо дар маҷлис, набуди рақобати воқеии сиёсӣ дар марҳилаи интихоботӣ ва набуди баҳсу таҳлилҳо, иброи андешаву назарҳо дар миёни аъзои маҷлис дар ҷараёни овоздиҳиҳо мисол оварда мешавад.
Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, ки охирин мавриди баҳсҳои нисбатан сахт дар парлумон марбут ба бӯҳрони бонкӣ ва тақозои масъулини Бонки миллӣ барои ҳалли ин вазъият буд. Дар соли ҷорӣ ду изҳороти Сайидҷаъфар Усмонзода, узви маҷлис ва раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон оид ба бӯҳрони бонкӣ дар порлумон баҳсе дар пай дошт.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик, ки мавзӯи парламентаризмро таҳқиқ кардааст мегӯяд, рисолати асосии порлумон дар низоми ҳокимияти давлатӣ таҳти назорат қарор додани ҳукумат ва дигар ниҳодҳои давлатӣ аст. Рисолате, ки ба гуфтаи Шокирҷон Ҳакимов дар Тоҷикистон иҷро намешавад ва сабабаш ҳам набуди интихоботҳои воқеӣ дар кишвар аст.
Ӯ гуфт: "Агар вакил ё гурӯҳи вакилон фаъол шуда, масъалаҳои мубрамро баррасӣ кунанд, аз он меҳаросанд, ки ин кор шояд боиси нигаронии ҳукумат шавад ва минбаъд онҳо дигар вакил интихоб намешаванд ва ё эҳтимолияти ба мансаби дигар таъин шуданашон камтар мешавад. Бинобар ин манфиатҳои худро аз манфиатҳои ҷомеа боло мемонанд", - гуфт Шокирҷон Ҳакимов.
Ҳакимов ҳамчунин гуфт, давлат бояд манфиатдор бошад, ки порлумон ҷойи мунозираи аҳзоб ва шахсиятҳои алоҳида бошад, "то ки ингуна эътирозҳо ба майдонҳо набарояд."
"Халқ чигуна, порлумон намуна"
Дар ҳамин ҳол, бархе таҳлилгарон ба он ишора мекунанд, ки интиқоди зиёд аз вакилон роҳи ҳалл барои доштани як порлумони касбӣ нест. Дилшод Муллоев, пажӯҳишгари тоҷик гуфт, порлумон моли кишвар аст ва вакилон инъикоскунандаи рӯҳияи кишвар мебошанд. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, вакилон ҳам аз миёни ҳамин мардум мебароянд.
Ба қавли ҷаноби Муллоев, корпуси депутатӣ бо назардошти мустақилияти худ бояд дар матраҳ кардани тасмимҳои муҳим фаъол бошанд ва барои худ маҳдудае муқаррар накунанд.
"Қонунҳое, ки қабул мекунанд бояд ба механизми амалишавии он аҳамият диҳанд. Масалан, бар асоси қонун дар соли 2009 бояд аз соли 2011 ҷамоатҳо соҳиби буҷети худ мешуданд. Аммо мутаассифона ин меъёр дар ҳама минтақаҳои кишвар татбиқ нашуд. Яъне, ба асосҳои иқтисодии қонуни қабулмешуда аҳамият диҳем, ки заминаи амалишавӣ дорад ё не,”-таъкид кард Дилшод Муллоев.
"Ҳазар аз доштани порлумони пурбаҳс?"
Зимнан бархе доираҳои наздик ба мақомот мегӯянд, Тоҷикистон таҷрибаи талхи доштани порлумони ошкоргӯро аз сар гузаронд ва он барои кишвар бо фоҷиа анҷомид. Ин ишора ба порлумони аввали солҳои 1990-ум мебошад, ки ҷаласаҳои он пурбаҳс сурат мегирифт, вале на ҳамаи ин вакилон то анҷоми мӯҳлат тавонистанд дар он иштирок кунанд. Дар доираи наздик ба мақомот мегӯянд, таъмини амният дар кишвар феълан масъалаи аз ҳама муҳим аст.
Муҳлати ваколати вакилони феълии порлумони Тоҷикистон моҳи феврали соли 2020 ба анҷом мерасад. Дар назар аст, ки дар моҳи феврал ва ё марти ҳамон сол дар кишвар интихоби вакилони нав сурат бигирад.