Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев: парвандаҳои зидди Бабанов бояд қатъ мешуданд


Муддаии курсии президент дар интихоботи соли 2017 Омурбек Бабанов
Муддаии курсии президент дар интихоботи соли 2017 Омурбек Бабанов

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев 10 декабр дар суҳбат бо телевизиони "Апрел" гуфт, парвандаҳои зидди вакили пешини порлумони кишвараш Омурбек Бабанов бояд қатъ мешуданд.

Ба гуфтаи вай, суханҳое, ки Бабанов ҳангоми маъракаи пешазинтихоботӣ дар "Амир Темур"-и шаҳри Ӯш гуфт, нигаронии бисёре аз сокинонро ба бор овард. "Вале ташхиси баъдии коршиносон нишон дод, ки ин суханҳо дар натиҷаи эҳсосот гуфта шудаанд", - афзуд ӯ.

Отамбоев гуфт, Бабанов нишон дод, ки барои ӯ ягонагӣ ва ваҳдати мардуми Қирғизистон муқаддас аст. "Ӯ ба хотири ягонагӣ аз мандати худ даст кашида, кишварро тарк кард. Бинобар ин, зидди ӯ як парвандаи ҷиноии дигар боз шуд. Вале ӯ дар парвандаи Канат Исоев, вакили пешини порлумон ҳеч ҳамдастие надошт", - изҳор дошт Отамбоев.

Бар зидди Омурбек Бабанов - яке аз номзадҳои асосӣ дар интихоботи президентии соли 2017 дар Қирғизистон, ду парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Парвандаи аввал бар пояи як суханронии ӯ дар доираи маъракаи пешазинтихоботӣ дар шаҳри Ӯш, бо иттиҳоми "Ангехтани адовати миллӣ ва нажодӣ" ва парвандаи дувум бар пояи банди "Даъвати оммавӣ барои сарнагун сохтани сохти конститутсионӣ". Худи Бабанов пас аз интихоботи президентӣ Қирғизистонро тарк кард ва гуфт, ки аз сиёсат канор меравад.

XS
SM
MD
LG