Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари мунтахаби футболи Тоҷикистон ба Умон


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки ҷамъомади таълимиву тамриниро дар шаҳри Доҳаи Қатар 10-уми декабр ба анҷом расонд, субҳи имрӯз, 11-уми декабр барои анҷом додани ду бозии дӯстона бо тими миллии Умон ба шаҳри Масқат сафар кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозиҳои дӯстона миёни тимҳои миллии Умону Тоҷикистон рӯзҳои 13-ум ва 16-уми декабр дар шаҳри Масқат баргузор мешаванд.

Зимнан, мунтахаби Умон, ки ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 омодагӣ мебинад, соли оянда дар гурӯҳи худ бо тимҳои миллии Ҷопон, Узбекистон ва Туркманистон бозӣ мекунад.

Баъдан мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев аз Масқат ба шаҳри Манама сафар менамояд ва дар онҷо 20-уми декабр бо тими миллии Баҳрайн бозии дӯстона анҷом медиҳад..

Ҳайати дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона муқобили тимҳои миллии Умон ва Баҳрайн:

Дарвозабонҳо: Беҳрӯз Хайриев («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»), Фатҳулло Бобоев («Хатлон»);

Ҳимоятгарон: Зоир Ҷӯрабоев («Металлург», Узбекистон), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир (ҳарсе - «Истиқлол»), Хуршед Бекназаров («Хуҷанд»), Ваҳдат Ханонов, Ҳусейн Нурматов (ҳарду – «Барқчӣ»), Доробҷон Эргашев (ССКА «Помир»), Бахтиёр Қаландаров («Регар-ТадАЗ»);

Нимҳимоятгарон: Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарсе – «Истиқлол»), Шервонӣ Мабатшоев, Шарафҷон Солеҳов (ҳарду – «Барқчӣ»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Муҳсинҷон Абдуғаффоров (ССКА «Помир»);

Ҳамлагарон: Муҳаммадҷон Лоиқов («ЮАС-Житковичи», Беларус), Шериддин Бобоев, Комрон Турсунов (ҳарду – «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»);

Бозиҳои дӯстона

13-уми декабр (панҷшанбе)

Умон – Тоҷикистон

Масқат, Умон

16-уми декабр (якшанбе)

Умон – Тоҷикистон

Масқат, Умон

20-уми декабр (панҷшанбе)

Баҳрайн Тоҷикистон

Манама, Баҳрайн

XS
SM
MD
LG