Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯёни тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо ду медал гирифтанд


Разавӣ Навбаҳоров, якум аз тарафи чап

Дар Ҷоми ҷаҳонии самбо миёни донишҷӯён, ки рӯзҳои 7-8-уми декабр дар шаҳри Нови - Сади Сербия баргузор шуд, варзишгарони тоҷик ду медал ба даст оварданд.

Дар ин бора довари Ҷоми ҷаҳонии самбо миёни донишҷӯён Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 9-уми декабр, ба Радиои Озодӣ аз шаҳри Нови - Сади Сербия хабар дод.

Ӯ гуфт, “дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ду варзишгар - Разавӣ Навбаҳоров ва Шаҳром Шералов – намояндагӣ карданд, ки донишҷӯёни соли аввали Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд. Разавӣ дар оянда файласуф ва Шаҳром иқтисоддон шудан мехоҳанд. Ҳарду рӯзи шанбеи 8-уми декабр дар сабқати ҷавонмардон барои медал мубориза бурданд.”

Ба гуфтаи Абдуллоев, паҳлавони ҷавони тоҷик Разавӣ Навбаҳоров дар рақобатҳо дар вазни зери 57 килограмм бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба финал баромад. Вале ӯ қувваозмоии ниҳоиро ба Александр Феничнихи русиягӣ бохт ва барои ҷойи дувум бо медали нуқра сарфароз гашт. Шаҳром Шералов бошад, дар вазни зери 82 килограмм ҷойи севумро соҳиб гардид ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

“Инчунин паҳлавони навраси тоҷик Шамшоди Шамсимаҳмад, ки хонандаи мактаби миёна аст, хоҳиши дар ин мусобиқа дар вазни зери 57 килограмм ширкат карданро дошт. Вале барои як сол хурд буданаш ба ӯ иҷозат дода нашуд, ки дар Ҷоми ҷаҳонии самбо миёни донишҷӯён иштирок намояд”, - гуфт Маҳмуд Абдуллоев.

Чунонки сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии самбо (FIAS) хабар додааст, дар Ҷоми ҷаҳонии самбо миёни донишҷӯён дар шаҳри Нови - Сади Сербия духтарон дар панҷ вазн ва ҷавонмардон дар нӯҳ вазн рақобат карданд..

Дар сабқати духтарон дар ҳамаи панҷ вазн донишҷӯёни русиягӣ пирӯз гардиданд. Дар сабқати ҷавонмардон дар ҳашт вазн варзишгарони русиягӣ ва дар як вазн гуштигири юнонӣ ғолиб шуданд.

Ғолибони Ҷоми ҷаҳонии самбо миёни донишҷӯён, 7-8-уми декабр, шаҳри Нови - Сади Сербия

Духтарон

48 кг
Ксения БЛИНОВА (Русия)

52 кг
Наталия СТЕПАНОВА (Русия)

60 кг
Оксана ЛУКЯНЧУК (Русия)

64 кг
Айико РИ (Русия)

72 кг
Анастасия ХОМЯЧКОВА (Русия)

Ҷавонмардон

52 кг
Елбек КУТУКОВ (Русия)

57 кг
Александр ФЕНИЧНИХ (Русия)

62 кг
Саввас КАРАКАЗИДИС (Юнон)

68 кг
Рамазон ЕЛАЕВ (Русия)

74 кг
Сипан СЕДРАКЯН (Русия)

82 кг
Иван ПАХОМОВ (Русия)

90 кг
Антон СУРОВТСЕВ (Русия)

100 кг
Артём ГАИБАЕВ (Русия)

+100 кг
ИЛЯ ПЕТУХОВ (Русия)


Ҳисоби дастаӣ

Духтарон

  1. Русия
  2. Булғористон
  3. Руминия

Ҷавонмардон

  1. Русия
  2. Юнон
  3. Сербия

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG